БАРРАСИИ ҲАМКОРИҲОИ ПАРЛУМОНӢ БО ОЛМОН
16-уми сентябри соли 2026 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳаммадулло Шерализода бо вакили Бундестаги Ҷумҳурии Федеративии Олмон Штефан Майер мулоқот намуд.
Зимни суҳбат зикр гардид, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Олмон 28 феврали соли 1992 барқарор гардида, тайи солҳои сипаришуда дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, илму маориф ва фарҳанг тадриҷан рушд ёфтаанд.
- Робитаҳои байнипарламентӣ қисми муҳими муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон мебошанд. Боиси хушнудист, ки байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бундестаги Олмон гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ фаъолият менамоянд. Дар густариши ҳамкориҳо парламентҳо низ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд. Маҷлиси намояндагон ҳамчун мақоми қонунгузор тавассути такмили заминаи ҳуқуқӣ, тасдиқи шартномаҳои байналмилалӣ ва назорати иҷрои қонунҳо метавонад барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди муносибатҳои иқтисодӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мусоидат намояд, - зикр кард Муҳаммадулло Шерализода.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
