https://sadoimardum.tj

Пешвои Наврӯз

№:27 (5079), 06 мар 2026, 17:25
0

Агарчӣ дар гузашта Наврӯзро арҷ мегузоштанд, вале аз ҷониби ҳукуматҳои замон ба он камтаваҷҷуҳӣ ё бештар бетаваҷҷуҳӣ сурат мегирифт. Хушбахтона, дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он Наврӯзе, ки таҷлилаш дар ҳолати ногувор ва қариб аз байн рафтан буд, тадриҷан эҳё ва ҷашни давлатию мардумӣ гардид. 

Ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯзгоҳҳо сохта шудаанд. Акнун Наврӯзро дар ҳама ҷо бо омодагии ҳамаҷониба ва шукӯҳи хоса ҷашн мегиранд. Дар арафаи Наврӯз ва рӯзҳои ҷашни он шодмонии мардумро ҳадду каноре нест. Аз хона берун меоянд, ба наврӯзгоҳҳо мераванду ба хушҳолии якдигар шарик мешаванд. Минбаъд Наврӯз ҷойгоҳи худро дар сатҳи байналмилалӣ пайдо кард.

Инак, марҳала ба марҳала аз баъзе лаҳзаҳои он, хоса аз хизматҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи Ҷашни Наврӯз ёд хоҳем кард.

Бо вуҷуди он ки дар аввали солҳои 90-и садаи XX кишварро буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ фаро гирифта буд, мардуми баъзе минтақаҳои Тоҷикистон Наврӯзро ёд мекарданд. Минбаъд бо талоши баъзе равшанфикрон дар матбуоти даврӣ мақола, шеър ва гуфтугӯю гузоришҳо дар бораи Наврӯз зиёд шуд. Аз хоҳишу навиштаҳои он солҳо бармеояд, ки орзуҳои деринаи мардум ба таври густурда бояд амалӣ шавад, чунки касе мамоният ба Наврӯз надорад, вале, ботаассуф, дар ҳамин солҳо баъзе шахсони мазҳабие, ки дар кишварҳои исломӣ маълумоти динӣ гирифта буданд ва зиёда аз ин, шахсоне, ки аз кишварҳои исломӣ ба кишвари мо ворид шуданд, бар зидди Наврӯз таблиғҳо намуда, мегуфтанд, ки «Наврӯз исломӣ нест, ид кардани он раво нест». Ин гуфтаи онҳоро баъзеҳо пазируфта, ба ҷашн гирифтани Наврӯз мамоният нишон медоданд, вале зиёиёни кишвар ба ақидаҳои эшон муқовимат карда, тавассути воситаҳои ахбор таваҷҷуҳ ва муҳаббати хешро дар бораи Наврӯз баён медоштанд. 

Пас аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ умед ба ояндаи орому сулҳовар ва пешрафти тоҷикон ва Тоҷикистон пайдо шуд. Ҳамин умед буд, ки соли 1993 зиндагӣ ранги дигар гирифт, Раиси Шурои Олии вақт, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори аввал бо меҳр мардуми ҷабрдидаро тариқи воситаҳои ахбор бо Наврӯз табрик гуфтанд: «Имрӯз ба сарзамини зиндагисоз баҳори нозанин – Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад! Ба диёри куҳансоли мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст. Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодат ба мулкамон бошад!».

Аз ин гуфтаҳо маълум буд, ки Тоҷикистон роҳи дурустро интихоб намудааст. Умед ба ояндаи дурахшон ва эҳёи шукӯҳу шаҳомати Наврӯз зиёд шуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи ҳамон суханҳояшон пешомади ояндаи кишварро вобаста ба Наврӯз гуфта буданд: «Агар гӯям, ки зимистони сиёсие, ки аз Наврӯзи соли гузашта (манзур 1992) дар Тоҷикистони мо оғоз шуда буд, тирамоҳи соли гузашта аз Сессияи шонздаҳуми Шурои Олӣ рӯ ба баҳор овард ва имрӯз дар баҳори ҳақиқии зиндагӣ аввалин гулҳои он мешукуфад, ғалат намешавад».

Ҳамин тавр, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол ҷойгоҳи Наврӯз чун ҷашни беназири пайванди табиат ва инсон, пайванддиҳандаи мардумони гуногуни олам, инсондӯстию башардӯстӣ дар Тоҷикистон болотару устувор гардид. Соли 1994 Пешвои миллат гуфта буданд: «Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфти зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳанро дур андохта, либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро ба дилҳо пайванд месозад».

Дар солҳои 1995 - 2000, ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯз ҳатман аҳли кишварамонро табрик гуфта, гаштаю баргашта таъкид менамуданд, ки Наврӯз иди ваҳдати табиат ва инсон аст ва ба ҳеҷ гуна дину мазҳаб вобастагӣ ва тааллуқ надорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи воситаҳои ахбор дар гуфторҳои хеш таҳти унвони «Паёми табрикотӣ ба муносибати Ҷашни Наврӯз» (1995-1997), «Суханронии табрикӣ ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз» (1998-1999), «Табрикоти телевизионӣ ба муносибати Иди Наврӯз» (2000) ба Ҷашни Наврӯз таваҷҷуҳи махсус медоданд.

Ҳамин тариқ, ҳар сол азамату шукӯҳу таровати Наврӯз бештару волотар мегардид. Яъне, бо ташаб­буси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар солҳои 90-и садаи XX ҷашнгирии Наврӯз ба ҳукми анъана даромада, дар тамоми кишвар густариш ёфт. Мардум акнун Наврӯзро берун аз хона ҷашн мегирифтанд, дар шаби Наврӯз дар ҷашнгоҳҳо оташафрӯзӣ намуда, аз болои он мепариданд ва дар гирди оташ сурудхонию рақсу бозӣ мекарданд.

Бо ҳидояти Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000 то 2010 дар бораи фалсафаю моҳияти Ҷашни Наврӯз асарҳои зиёди илмӣ ва оммавӣ дар шакли мақола, маҷмуа, китоб, оҳанг, наққошӣ, филмномаҳои мустанад ва ғайра офарида шуданд. Дар даҳ соли аввали садаи XXI аз тариқи воситаҳои ахбор, аз ҷумла радио ва телевизион, маводи зиёд пешкаши мардум гашт. Дар кӯчаву хиёбонҳо, муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳо ва ташкилоти гуногун шиорҳои зебо дар бораи Наврӯз овехта мешуданд. Дар ин марҳила адибон низ дар ситоиши баҳор ва Наврӯз шеърҳое суруданд, ки ҳар кадоме зебоиҳои ин ҷашнро пеши назар ҷилвагар менамуд. 

Он мардумоне, ки дар домани фарҳанги мардуми ориёитабор парвариш ёфтаанд ва Наврӯзро ҳамчун мероси фарҳангии худ пазируфтанд, низ дар кишварҳои худ Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар натиҷа, дар 10-солаи аввали садаи XXI ваҳдати фарҳангии Наврӯз байни кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ба вуҷуд омад, ки онҳо хостанд якҷо ба таври расмӣ ҷашн гирифтани онро ба СММ пешниҳод намоянд. Ҳамаи ин таблиғоту талошҳо чунин натиҷа дод, ки кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тавонистанд ин иди пайванди табиат ва инсонро вориди Рӯйхати фарҳанги ғайримоддии СММ намоянд. Дар ин кор ташаббускори асосӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон буданд.

Ин талошҳо боиси он шуд, ки дар таърихи 30 сентябри соли 2009 Наврӯз бо 76 унсури ғайримоддии худ ба Рӯйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО ворид гардид. Қарори ворид намудани 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз ҷониби 24 давлати иштирокчии Кумитаи байнидавлатӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддӣ пазируфта шуд. Баъдан, 26 феврали соли 2010 дар 64-умин иҷлосияи генералии Ассамблеяи СММ дар чаҳорчӯби моддаи 49-и рӯзномаи ҷаласа таҳти унвони «Фарҳанги ҷаҳон» дар бораи ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз дар 21 март ҷашн гирифтани Наврӯз қарор қабул гардид. Лоиҳаи қарори мазкур аз ҷониби ҳайат­ҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия ва Туркманистон муштаракан таҳия, баррасӣ ва пешниҳод шуд. Бино ба матни қатънома, Маҷмаи умумии СММ ба чунин қарор омад, ки 21 март Рӯзи байналмилалии Нав­рӯз дониста шавад.

Худи ҳамон соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзҳои 21 – 24 мартро Иди байналмилалии Наврӯз эълон намуда, ин рӯзҳо дар Тоҷикистон истироҳатӣ муқаррар шуд.

 Баъд аз он ки Ҷашни бостонии Наврӯз аз ҷониби СММ ба таври расмӣ ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, аз соли 2010 ба ин тараф дар тамоми кишвар таҳти унвони «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» маърака ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир мегардиданд. Ҳар сол дар наврӯзгоҳҳо, сайргоҳҳо ва дашту даман сайругашт, маҳфилҳо, дилхушиҳо, шодмониҳо ва, ҳамчунин, бозиҳои варзишӣ, мулоқот бо шахсиятҳои маъруф баргузор мешавад. Намояндагони давлат, созмонҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳи ҷавонон ба хонаҳои пиронсолон, маҷруҳон, беморон, бечорагон рафта, онҳоро бо Ҷашни Наврӯз табрик менамоянд ва ба онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорону аҳли ҷамоатчигӣ ҳадяҳо мебаранд.

Баробари наздик шудани Ҷашни Наврӯз тамоми корхона ва муассисаҳо бо қаноатмандӣ аз пайи баргузор намудани ин ҷашн мешаванд. Акнун ҳар сол дар шаҳру ноҳияҳои кишвар наврӯздӯстон амалҳои нав ба нав пешниҳод менамоянд. Соли 2010 Наврӯз он қадар зебо баргузор шуд, ки шодии мардумро ҳадду канор набуд.

Пас аз он ки Наврӯз ба таври расмӣ ҷаҳонӣ шуд, сарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз тасмим гирифтанд, ки ҳар сол ба навбат дар яке аз кишварҳо онро таҷлил намоянд. Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли 2010 нахустин таҷлили байналмилалии Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Дар ин тантанаҳо дар баробари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, сарони давлатҳои Афғонистон, Ироқ, Туркманистон ва намояндагони воломақоми Озарбойҷону Туркия иштирок доштанд.

Ҳини нахустин таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки сарони кишварҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ Наврӯзро «пайвандгари халқҳо ва фарҳангҳо дар гузашта ва имрӯз» маънидод карда, аз даргоҳи Худованди карим дархост намуданд, ки «Иди ҷаҳонии Наврӯз ҳамеша инсонҳоро ба ҳамдигар наздиктар ва аз сарвати дӯстию бародарӣ баҳравар намояд, барои истиқрори сулҳу ваҳдат ва аз байн бурдани низоъҳою бегонагиҳо дар ҷаҳон мусоидат кунад».

Бегоҳии рӯзи 27-уми марти соли 2010 дар толори бузурги Қасри ваҳдати шаҳри Теҳрон чорабиниҳои дилнишини фарҳангӣ ба ифтихори Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки он як маҳфили зебои илмию амалӣ ва намоиши ҳунарҳои волои мардумони ориёитаборро мемонд. Барномаи рангини ин маҳфили фарҳангӣ фарогири намоиши ҳунарҳои мардумӣ, мусиқӣ, шоҳномахонӣ, оини паҳлавонӣ ва ҳикоятҳои ҷолиб аз фархундагиҳои Ҷашни пурифтихори Наврӯз буд. Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2011 Наврӯз дар зодгоҳаш - Тахти Ҷамшеди Эрон баргузор гардад. Ин пешниҳод пазируфта шуда, соли 2011 бори дуюм сарони кишварҳо дар Эрон Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд (аммо на дар Тахти Ҷамшед, балки дар шаҳри Теҳрон).

Рӯзҳои 26 ва 27-уми марти соли 2011 Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар шаҳри Теҳрони Эрон баргузор гардид. Барои иштирок дар таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба Эрон сарони давлатҳо ва намояндагони воломақом аз Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Қатар, Ироқ, Туркманистон, Қирғизис­тон, Қазоқистон, Арманис­тон, Туркия, Уммон, Кувайт, Танзания ва ғайра ташриф оварданд.

Дар ин ҷашн бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳайати бонуфузи расмӣ ва аҳли илму фарҳанги кишвар ширкат доштанд. Намоиш­гоҳи ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон ва хони наврӯзии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи ширкатдорони ҷашн қарор гирифт. Бегоҳии 27-уми марти соли 2011 дар Кохи ваҳдати шаҳри Теҳрон барномаи фарҳангии Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сарони як қатор давлатҳои дигар суханронӣ намуданд. Дар суханронӣ Пешвои миллат аз ҷашни бостонии мардуми ориёитабор ва миллату халқиятҳои сершумори минтақаҳои ҷаҳон будани он ёдрас шуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Наврӯз чун ҷашни талқингари дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ, сулҳу оштӣ, бахшиши гуноҳҳо, поксозии дилҳо аз кинаю кудурат ва оғози фасли баҳору шукуфоӣ, киштукори зироатҳо ва, ҳамчунин, оғози соли нави офтобӣ ҳанӯз чанд ҳазор сол пеш қудрату тавони ҷаҳонӣ пайдо карда буд. Ҷашни ҷаҳонӣ эълон шудани Наврӯзи дилафрӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, маҳз, нишонаи эътибори ҳамин арзишҳои воло ва натиҷаи ҷаҳду талошҳои зиёди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои таҷлилкунандаи ин иди фаррухпай дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз тасмими роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир ба таҷлили сеюми Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар Тоҷикистон сарони давлатҳо ва аҳли илму фарҳанги ин кишварҳоро ба иштироки фаъол дар тантанаҳои наврӯзии соли 2012 ба сарзамини зархези мо даъват намуданд.

Соли 2011 низ дар таърихи наврӯзшиносии кишварамон хотирмон буд. Дар ин сол дар тамоми кишвар Наврӯз хеле бошукӯҳ баргузор гардид. Мардум чандин рӯз дар сайргоҳҳо ва дар майдонҳои назди муассисаҳои худ Наврӯзро бо шодмонӣ ҷашн гирифта, яке ба дигаре Наврӯзро табрику таҳният менамуданд. Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ ба муносибати Ҷашни Наврӯз чунин суханони нек гуфтанд: «Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои ­сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Ва имрӯз мову шумо фаро­расии ин рӯзи муборак, яъне, Наврӯзи 20-сола­гии Истиқлоли давлатиамонро дар ин майдони бо заҳмати дастони мардуми ободгарамон зебову ороста, дар пойтахти давлати соҳибихтиёри худ истиқбол мегирем… 

Мо аз рисолаю осори бахшида ба Наврӯз ва наврӯзномаҳои сершумори гузаштагонамон хуб медонем, ки ниёгони мо ҳанӯз аз замони Шоҳ Ҷамшеди бузургу хирадманд ин ҷашнро ҳамчун рамзи пайванди ногусастанӣ миёни табиат ва инсон, ­айёми покиву сафо, муҳаббату дӯстӣ, эҳсону сахо ва бахшоишу самимият бо шукӯҳу ҷалоли хоса таҷлил мекардаанд. Зеро он, тибқи илми ситорашиносӣ, ба нахустрӯзи офаринишу баҳор, рӯидани сабзаву ҷон гирифтани рӯдҳо, шукуфтани гулҳо ва зинда шудани умеду орзу дар қалби инсонҳо ва, муҳимтар аз ҳама, ба лаҳзаҳои баробар шудани шабу рӯз рост меояд... .

Мо дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз тантанаи воқеии шиори абадзиндаи ниёгони хирадмандамон - «гуфтори нек, пиндори нек, рафтори нек»-ро мушоҳида мекунем. Вобаста ба ин, мехоҳам ба тамоми мардуми фарҳангиву шарифи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ин шиори пурфазилату пурманфиати гузаштагонамонро, ки пояи ҷовидонии суботу оромии ҷомеа, дӯстиву ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллии мо ва, умуман, иттиҳоди байни инсонҳо мебошад, дастури амали ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд».

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи суханони худ ёдовар шуданд, ки дар давоми 20 соли Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ корҳои неке анҷом шудааст. Ҳар сол ҳазорҳо буттаҳои сояафкан шинонида, боғҳои нави дарахтони мевадиҳанда ва токзор бунёд мегарданд, биноҳои нави истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ, муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, корхонаю дигар иншооти истеҳсолӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки ҳисоби умумии онҳо то ба имрӯз ба ҳазорҳо мерасад.

Воқеан, соли 2011 ҷашнгоҳе, ки дар пойтахти кишварамон бузургтарин аст, пешкаши мардум шуд ва онро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзгоҳ номида, иброз дош­танд: «Ин майдон ва иншооти гирду атрофи он, ки масоҳати 28 гектарро дар бар мегирад, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бо сарфи қариб 32 миллион сомонӣ имрӯз дар хизмати мардуми пойтахт ва меҳмонони он омода шудааст ва дар он барои гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангиву фароғатӣ тамоми шароити зарурӣ, аз ҷумла тамошогоҳ бо 8000 ҷои нишаст, толори варзиш, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, қаҳвахона ва дигар утоқу биноҳои ёрирасон дар сатҳи баланд пешбинӣ шудаанд. Бо истифода аз фурсати муносиб ба ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди ин маҷмааи муҳташам саҳм гузоштаанд, изҳори сипос карда, ба хотири бузургдошти зеботарин ҷашни миллиамон – Наврӯз пешниҳод менамоям, ки он Наврӯзгоҳ номгузорӣ гардад».

Соли 2012 омодагӣ ва тантанаҳои наврӯзӣ як моҳ пеш оғоз гардид. Чунки он сол меҳмонони олиқадри кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд ба Тоҷикистон ташриф биоранд. Як ҳафта пеш таҷлили ҷашн тамоми кишварро фаро гирифт. Дар баробари шодиҳои наврӯзӣ 17-уми марти ҳамон сол ба муносибати Ҷашни Наврӯз дар шаҳри Душанбе «Дави наврӯзӣ» баргузор шуд.

Соли 2012 дар таърихи кишвар ҷашнгирии Наврӯзи байналимилалӣ ёдмон буд. Дар ин сол сарони давлатҳо ва меҳмонони беш аз 40 кишвар ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ ташриф оварданд. Дар раванди Ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ 25-уми марти соли 2012 бо ҳузури сарони давлатҳои Афғонистону Покистону Эрон ва дигар меҳмонони олимақом дар Кохи Сомони Бӯстонсарои Ҳукумати ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.

Дар Кохи Сомон намоиши наврӯзӣ тибқи ­анъанаҳои ниёгон бо рамзҳои покию озодагӣ, хонҳои густурдаи ҳафтсину ҳафтшин, падидаҳои баҳори нозанин, оғози бедоршавии табиат, мавсими кишт ва корҳои дигари саҳроӣ бо руҳи тозаи эҷодкории аҳли илму ҳунар баргузор шуд. Дар намоиш, ки бо зебоиҳои Наврӯз ҳамоҳанг буд, кишоварзон, ҳунармандон, зиёиёни тоҷик маҳсули заҳмати худро пешкаши меҳмонони олиқадри Кон­ф­ронси байналмилалии Наврӯз намуданд.

(Идома дорад)

Нуриддин САИД,

д.и.ф., профессор, узви вобастаи АМИТ, 

Равшан РАҲМОНӢ,

д.и.ф., профессори ДМТ, 

Саъдӣ ҚОСИМӢ,

д.и.ф., профессори ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: