Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Фаронса
6-уми майи соли 2026 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо раиси Кумитаи корҳои хориҷии Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Фаронса Бруно Фукс мулоқот кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарламентии Тоҷикистону Фаронсаро баррасӣ намуда, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла амният, рушди устувор, рӯзномаи обу иқлим ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва парламентӣ, табодули афкор намуданд.
Нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ, густариши робитаҳои сиёсӣ ва дастгирии шарикии дарозмуддат байни Тоҷикистону Фаронса таъкид гардид.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
