https://sadoimardum.tj

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Чу Донгюй

№:59 (5111), 15 май 2026, 13:24
2

12-уми майи соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донгюйро, ки ҷиҳати ширкат дар ­Конф­ронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, аз ҷумла бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ, баррасӣ гардид.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз дастгирии доимии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ аз талошҳои кишвар дар роҳи амалисозии афзалиятҳои миллии рушди устувор изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Баргузории Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе имконияти мусоид барои таҳкими муколамаи байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувор номида шуд.

Ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкориҳо дар самтҳои мутобиқшавӣ ба иқлим, идоракунии устувори захираҳои замин, ҳифзи ҷангал ва дастгирии иқтисоди «сабз» таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Густариши ҳамкорӣ дар самтҳои ҳифзи растаниҳо ва гуногунии биологӣ, амнияти фитосанитарӣ, рушди низомҳои устувори истеҳсолӣ, технологияҳои инноватсионӣ ва рақамикунонии соҳа муҳим арзёбӣ гардид. Ҳамчунин, оид ба тавсеаи ҳамкорӣ бо созмон доир ба таҳкими иқтидори бахшҳои кишоварзӣ, дастгирии хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, рушди содирот ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши агроозуқаворӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Мудири кулли созмон вобаста ба таъсиси «Гӯшаи Тоҷикис­тон» дар қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ ва ворид гардидани гӯсфанди ҳисорӣ ва ангури тоифии дараи Алмосӣ ба феҳристи Системаи мероси кишоварзии аҳамияти ҷаҳони­дошта изҳори сипос карданд.

Зимни суҳбат омодагии Тоҷикис­тон ба идомаи ҳамкории судманд бо созмон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид.

www.majmilli.tj

Ҳамчунин дигар маводҳо: