https://sadoimardum.tj

Форуми нахустини «Кӯдакони иттиҳод» оғоз шуд

№:73 (5125), 17 июн 2026, 16:51
21

16-уми июни соли 2026 дар Қасри Арбоб маросими расмии оғози Фору-ми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» баргузор гардид, ки дар он шахсони расмии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва меҳмонону иштирокдорон ҳузур доштанд.
Дар ифтитоҳ паёмҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ, Раиси Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шурои федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко ва роҳбарони парламентҳои дигар давлатҳои иштирокчӣ ба самъи ҳозирин расонда шуд.
Сипас, бо иштироки роҳбарони ҳайатҳо ва пахши тугмаи рамзӣ Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» расман оғоз гардид.
Мавриди зикр аст, ки форуми мазкур дар мувофиқа бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва бо пешниҳоди котиботи Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Ин форум шурӯъ аз соли 2013 дар Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Беларус доир шуда, соли равон мизбонии онро Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дорад.
Форуми XI байналмилалии фарҳангию маърифатии «Кӯдакони Иттиҳод» аз 15 то 24 июни соли 2026 идома ёфта, дар он беш аз сад нафар намояндагони ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Федератсияи Россия ва Туркманистон иштирок доранд.
Форум дар истироҳатгоҳи кӯдаконаи «Шоҳин»-и шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардида, дар доираи он беш аз 30 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳадафи баргузории форум муколамаи фарҳангӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстона байни намояндагони насли ҷавони кишварҳои ИДМ арзёбӣ мегардад.
Дар ҷараёни форум кӯдакон бо таъриху фарҳанг ва анъанаҳои миллии кишварҳои иштирокчӣ шинос шуда, дар олимпиадаи зеҳнӣ, вохӯрӣ бо ҷоизадорони мусобиқаҳо, мастер-классҳо, гаштҳои сайёҳӣ, марафонҳо ва дигар мусобиқаҳои дӯстона ширкат меварзанд.
Форум 23 июн дар шаҳри Душанбе идома ёфта, кӯдакон аз як қатор муа-ссисаҳои фарҳангии пойтахт ва бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал меоранд.
Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,
ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: