https://sadoimardum.tj

МЕЪМОРИ КОХИ ВАҲДАТ

№:79 (5131), 25 июн 2026, 16:41
6

Сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагӣ рукнҳои муттаҳидӣ ва рушди устувори ҳар як давлату ҷомеа ба шумор мераванд. Зеро маҳз дар фазои сулҳу субот рушди ҳамаҷонибаи сиёсию иқтисодӣ, фарҳангӣ ва зиндагии осоиштаи мардумро таъмин кардан имконпазир аст. Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки ҳеҷ як давлат бе сулҳу субот ва иттиҳоди шаҳрвандон наметавонад ба пешрафти воқеӣ ноил гардад.

Баъди пош хӯрдани давлати шуравӣ, 9 ­сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатиро ба даст овард, аммо, мутаассифона, дар оғози даврони давлатдории навин ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуд.

Дар он рӯзҳои сахту сангин, ки ҳастии миллат зери хатари нестшавӣ қарор дошт, танҳо иродаи қавӣ ва хиради азалии шахсияти бузург тавонист кишварро аз ин вартаи ҳалокатбор наҷот бахшад.

Дар Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Сарвари ҷавону навинтихоби давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсад ва ҳадафи асосиашонро бо як ҷасорати бемисл баён дошта, ваъдаи таърихии худро ба забон оварда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба Ватан ман тайёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Маҳз дар ҳамон иҷлосия, 23 ноябри соли 1992, аввалин қонуни авф дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид, ки қадами нахустин ва ҷасурона ба хотири оштии миллӣ ва хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркушӣ буд. Эъломи шиори таърихии «Ман ба шумо сулҳ меорам!» шуълаи умедро дар дили миллионҳо нафар фурӯзон намуд.

Маҳз ба шарофати талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати тоҷикон бунёди кохи бегазанди ваҳдати миллӣ оғоз ёфт. Бо мақсади таҳкими пояҳои сулҳ ва муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа ташкилоти ҷамъиятии умумиҷумҳуриявӣ - Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Роҳбарӣ ва раёсати ин ҳаракати созандаи умумимиллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд, ки ин ниҳод дар тарғиби ғояҳои якдилию ватанпарварӣ нақши таърихӣ дорад.

Дар он лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ Сарвари давлат барои иҷрои мароми неки худ - барқарор кардани сулҳу субот ва баргардонидани ҳамватанони ғарибафтода ҷонашонро рӯйи каф гирифта, дар чандин даври музокирот ба Эрон, Афғонистон ва Россия сафарҳои таърихӣ анҷом доданд, аз ҳоли ҳазорон нафар гурезаҳои тоҷик дар хоки Афғонистон бохабар шуданд.

Иродаи қавӣ, ҳисси инсондӯстӣ ва миллат­дӯстии Сарвари давлат дар даврони вазнини давлатсозӣ қавитар гашт ва ин иродаи шикастнопазир замина ба вуҷуд овард, ки дарҳои бастаи қисмати талхи ҳамватанони мо кушода гардад.

Имрӯз, ки мо дар остонаи таҷлили бошукӯҳи Ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, бояд ин неъмати бебаҳоро бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ пос дорем. Зеро ваҳдат барои мардуми тоҷик омили сулҳу субот, ҳаёти осоишта гашт ва кафили фардои дурахшон аст. Тавре устод Ҳақназар Ғоиб фармудаанд:

Ваҳдати мо дил ба рӯйи якдигар во кардан аст,

Чеҳраҳои офтобиро ба дил ҷо кардан аст.

Аз нигоҳи садри олии Ватан бо ҳамдилӣ

Тоҷиконро тахтшини тахти дунё кардан аст.

Акнун, ваҳдати миллӣ на танҳо ҳамчун як воқеаи муҳими таърихӣ, балки ҳамчун арзиши олии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи тоҷикон арзёбӣ мегардад. Он заминаи мустаҳками ҳифзи истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳифзу таҳкими ваҳдати миллӣ на танҳо вазифаи давлат, балки масъулияти бевоситаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба ҳисоб меравад.

Маҳсули барҷастаи сиёсати башардӯстона, раҳму шафқат ва инсондӯстии Сарвари давлатро мо дар арафаи ин ҷашни муқаддас бори дигар шоҳид гаштем. Пешниҳоди ҳаждаҳумин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комилан ҷонибдорӣ гардид, иқдоми беназири ҷавонмардонаи сутуданист. Ин иқдоми бузургу хайр­хоҳона ба ҳазорон ҳамватани мо имкон медиҳад, ки дубора ба оғӯши гарми оила ва рӯзгори осоишта баргашта, ба кору фаъолияти созанда оғоз намоянд ва тантанаҳои Ҷашни 35-солагии Истиқлоли Ватанро дар канори пайвандони худ бо ифтихору шодӣ ҷашн гиранд.

Аҳамияти иҷтимоии қонуни авф бениҳоят бузург аст. Ин иқдоми олии Сарвари давлат муҳаббату бовариро дар ҷомеа устувор намуда, ба ҳазорон хонадон шодию нишот мебахшад.

Бино ба маълумот, ин қонуни раҳму шафқат ба 18 038 нафар маҳкумшудагон татбиқ мегардад. Аз ин шумора 11 305 нафар, аз ҷумла 4263 нафар аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, 3050 нафар аз муассисаҳои сукунатӣ, 3992 нафар аз ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда аз адои боқимондаи ҷазо озод шуда, шодон ба назди аҳли оилаи худ бармегарданд ва муҳлати ҷазои 6 733 нафар маҳкумшуда кам карда мешавад. Ин арқом танҳо омор нест, балки паси ҳар кадоми онҳо тақдири як инсон, девори устувори як оила ва ояндаи фарзандон қарор дорад.

Аҳамияти иҷтимоӣ ва инсондӯстонаи ин ташаббуси бузург дар ҳаёти занону наврасон ва оилаи онҳо беҳамто аст, зеро қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзи бештарро пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла, аз 507 зани маҳкумшуда 248 нафар озод гардида, аз 134 ноболиғ 99 нафари онҳо ба оғӯши гарми хонавода бармегарданд ва аз сари нав ба курсии мактаб менишинанд. Ин бори дигар собит месозад, ки тарбияи насли наврас дар канори модар ва оила аз авлавияти сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат аст. Хурсандии ин модарону кӯдакон умед аст, ки руҳияи ҷомеаро солим гардонида, нури умед ва бовариро ба ояндаи дурахшон дар қалби ҳар як шаҳрванд дубора эҳё мекунад.

Авф ба инсонҳое, ки бар асари як хато аз ҷомеа ҷудо афтода буданд, имкони дубора медиҳад, то ба зиндагии орому осуда баргарданд, бо дасту дили пок дар пешрафту созандагии Ватан саҳми худро гузоранд, бо меҳнати ҳалоли худ пойдевори ободии кишварро устувор созанд.

Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ аз маҳбас ба оғӯши оила баргаштани ҳазорон нафар бузургтарин хушбахтӣ барои падару модарони мунтазир ва фарзандони чашминтизор аст. Вақте бо азми Пешвои миллат хонаи ҳамватанони мо аз нав сарҷамъу обод мешавад, яқин аст, ки пойдевори давлати мо, ки аз адл бунёд шудааст, боз мустаҳкамтар мегардад ва ин раванд устувории оиларо ҳамчун рукни асосии давлат таҳким менамояд.

Авфу бахшиш руҳияи ҳамдилӣ, бародарӣ ва якдилиро дар ҷомеа густариш медиҳад ва мардум дарку эҳсос мекунанд, ки давлат барои ҳар як шаҳрванди худ ғамхор аст. Ин сиёсати инсондӯстонаро шоир ва вакили Маҷлиси намояндагон Комилҷон Шамшерзода аз самими қалб чунин васф кардааст:

Бо авфи бузурги Сарвари нексиришт

Ояд ба машоми мардумон бӯйи биҳишт.

Эъҷози адолати дили соҳибдил

Сарсабз кунад мазраи дилҳо чу биҳишт.

Аз баҳри саодату ризои миллат

Дар тинати халқ ниҳоди некӣ бисиришт.

Шукронаи сулҳу ваҳдату озодӣ

Адл аст ба мароми фарди покизасиришт.

Ҳамин тариқ, қабули ҳаждаҳумин қонуни авф ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ собит намуд, ки ваҳдати миллӣ танҳо як дастоварди сиёсӣ нест, балки он як мактаби бузург ва амали инсондӯстӣ мебошад. Маҳз дар заминаи ҳамин сиёсати башардӯстона имрӯз қонуни авф, ки бо истифода аз принсипи инсондӯстии қонунгузории ҷумҳурӣ, раҳму шафқат ва бахшиш нисбат ба шахсони даст ба хатозада, инчунин, бо мақсади фароҳам овардани имкони дубораи ислоҳшавии онҳо ва ба ҳаёти осоишта баргаштанашон пешниҳод гардидааст, ба иҷро даромада истодааст.

Дар остонаи ҷашни муқаддас - Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин туҳфаи инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳияи мардумро боз ҳам болидатар сохт. Сулҳу субот ва бахшишу ҳамдилӣ рукнҳои устувори давлатдории мо мебошанд ва ин иқдоми ҷавонмардонаи Сарвари давлат бори дигар исбот намуд, ки Тоҷикистон давлати инсондӯст ва ғамхори ҳар як шаҳрванди хеш аст.

Бо шарофати сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бигзор, кохи бегазанди ваҳдати мо ҳамеша устувор ва сулҳу субот дар сарзамини маҳбубамон - Тоҷикис­тони озоду соҳибистиқлол ҷовидон бошад!

Фирӯз ҲАҚНАЗАРЗОДА,

Ғиёсиддин АШУРЗОДА,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: