https://sadoimardum.tj

МАСЪАЛАИ ҚАБУЛИ КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ БАРРАСӢ ШУД

№:80 (5132), 26 июн 2026, 17:13
2

19-уми июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин дар мавзуи «Кодификатсияи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист» таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода суҳбати гирди миз доир шуд. Масъалаи мазкурро вакилони Маҷлиси намояндагон якҷо бо масъулин ва намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Суди конститутсионӣ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи миллии илмҳо ва Агентии хоҷагии ҷангал баррасӣ намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ба масъалаи зарурати кодификатсияи (муттаҳидсозии) санадҳои ҳуқуқии соҳаи ҳифзи муҳити зист, бознигарии санадҳои мавҷуда ва таҳияи лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир шуд.

Азиз Гиёзода гуфт, ки ҳоло қонунгузории соҳаи экологӣ ҳаҷман хеле калон буда, ­масъалаи татбиқи он мубрам шудааст. Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (Роҳбари давлат соли 2025 зимни вохурӣ бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зис­ти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба мақсади ҳифзи муҳити зист ва манфиат бурдан аз сарватҳои табиӣ бо истифода аз таҷрибаи пешқадам такмили қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур шумурда буданд) лоиҳаи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Зимни таҳлили оморӣ маълум гардид, ки то кунун зиёда аз 30 ҳуҷҷати махсус дар самти муҳити зист қабулу ҷонибдорӣ ва дар ҳар кадоми онҳо ба масоили такмили қонунгузории экологӣ таваҷҷуҳ шудааст. Зикр гардид, ки ин ҳуҷҷатҳо ба таври комплексӣ ба такмили қонунгузорӣ - Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Судяи Суди конститутсионӣ Муҳаммадҷон Маҳмадалӣ иброз намуд, ки аз се як ҳиссаи қонунгузории кишвар ба масълаҳои ҳифзи муҳити зист, экология ва тағйирёбии иқлим бахшида шудааст.

- Агар дар низоми қонунгузорӣ бештар аз 400 санад бошад, аз он 17 қонун махсус ба экология бахшида шудааст. Дар доираи кодекс дар назар аст 17 қонуни мазкур кодификатсия карда шаванд, - афзуд ӯ.

Рустам Латифзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, зимни суханронӣ қабули Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозои замон донист. Ӯ аз ҷумла, гуфт: «Он ба таъмини ягонагии сиёсати давлатии экологӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Тавозуни экологӣ дар ин санад тавассути механизмҳои назорат ва танзими давлатӣ, мониторинг, иҷозатномадиҳӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии нақзи қонун ва коҳиш додани таъсири манфӣ ба муҳити зист таъмин мегардад. Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, ба ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ ба меъёрҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, мавқеи кишварро дар сатҳи байналмилалӣ тақвият мебахшад».

Доир ба масъалаи мазкур, ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити ­зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёр Шукурзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода ибрози андеша намуда, қабули Кодекси экологиро зарур шумурданд.

Иштирокчиёни суҳбати гирди миз бо назардошти зарурат ва аҳамияти Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимод намуданд, ки он аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат қабулу ҷонибдорӣ мегардад.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: