ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ»
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи захираи моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аз ҳолати маҳфузӣ баровардани сарватҳои моддии захираи моддии давлатӣ – хориҷ намудани сарватҳои моддӣ аз номгӯй ва ё кам намудани ҳаҷми андӯхти онҳо дар захираи моддии давлатӣ;
2) баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи моддии давлатӣ – бо асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар шакли музднок ва ё бемузд додани сарватҳои моддӣ аз захираи моддии давлатӣ;
3) захираи моддии давлатӣ (минбаъд – захираи давлатӣ) – захираи махсуси сарватҳои моддӣ, ки барои мақсадҳо ва таъиноти дар Қонуни мазкур пешбинишуда истифода мешаванд;
4) захираи сафарбарӣ – захираи сарватҳои моддии дорои таъиноти махсус, ки барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии давлат пешбинӣ шудааст ва бо мақсади мудофиаи кишвар дар анборҳои нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ нигоҳдорӣ мешавад;
5) захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ – ҳаҷми доимо нигоҳдошташавандаи сарватҳои моддӣ, ки дар таркиби номгӯйи сарватҳои моддии захираи давлатӣ муқаррар карда шудааст;
6) идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ – амалҳо ва фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ (минбаъд – мақоми ваколатдори давлатӣ), ки ба ташаккул, ташкил, пуркунӣ, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, баровардан, ҷойивазкунӣ, хариду фурӯш, воридоту содироти сарватҳои моддӣ ва амалу фаъолияти дигар равона шудаанд;
7) қарздиҳии сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ – тибқи шартҳои муайянгардида дар асоси дархости мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо мақсади минбаъд баргардондани онҳо ва ё дар ҳолати имконнопазирӣ пардохт намудани арзиши сарватҳои моддӣ;
8) навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ – бо мақсади пешгирии талафот аз захираи давлатӣ баровардани сарватҳои моддӣ то ба охир расидани муҳлати муқарраргардидаи нигоҳдорӣ, тағйирёбии хусусиятҳои муқарраршудаи сифат, вайроншавӣ ҳангоми нигоҳдорӣ, тағйир ёфтани стандартҳо ва шартҳои техникӣ, инчунин ба вуҷуд омадани ҳолатҳои дигаре, ки боиси талафёбӣ ё расидани зиён ба сарватҳои моддӣ мегарданд;
9) нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ (минбаъд – нигоҳдорандагони масъул) – ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи мақомоти давлатӣ, инчунин субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият ва тобеият, ки ба зиммаи онҳо масъулияти нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ бе ҳуқуқи истифодабарии онҳо вогузор гардидааст;
10) низоми захираи давлатӣ – низоми мутамаркази идоракунии фаъолияти сохтор ва ташкилотҳои тобеъ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ;
11) номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ – санади махфигардонидашуда, ки номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ (аз ҷумла захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ) ва захираи сафарбариро дар бар мегирад;
12) сарватҳои моддӣ – молу маҳсулот ва ашёе, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур захира ва истифода карда мешаванд;
13) санадҳои техникӣ – санадҳои ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи стандартикунонӣ ва бамеъёрдарории техникӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои техникие, ки барои сарватҳои моддии воридшаванда пешбинӣ шудаанд;
14) ташкили сарватҳои моддӣ – пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ дар асоси номгӯй бо роҳи харид ва воридкунии сарватҳои моддӣ, инчунин бевосита аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ истеҳсол намудани онҳо;
15) ҷамъшавии сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ – пур кардани захираи давлатӣ бо сарватҳои моддие, ки ҳаҷми андӯхти онҳо муқаррар карда шудааст;
16) ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ – қабул ва интиқол додани сарватҳои моддӣ аз як нигоҳдорандаи масъул ба нигоҳдорандаи масъули дигар ё аз як нуқтаи нигоҳдорӣ ба нуқтаи нигоҳдории дигар.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираи моддии давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи захираи моддии давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Таъиноти захираи давлатӣ
Захираи давлатӣ барои мақсадҳои зерин пешбинӣ шудааст:
1) дастгирии давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
2) таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ, тиббӣ ва техногенидошта (минбаъд – ҳолатҳои фавқулода);
3) расондани таъсири танзимкунанда ба бозор;
4) таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) расондани кумаки башардӯстона.
БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТӢ ВА ИДОРАКУНӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 4. Амалӣ намудани танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муайяннамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд.
2. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият, тибқи тартиби муқарраргардида дар идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ иштирок менамоянд.
3. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои дигар, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ надоранд ба фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи он вобаста ба идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ дахолат намоянд.
4. Маълумот дар бораи номгӯй ва ҳаҷм, ташкил, таҳвил, воридот, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, пуркунӣ ва ҳаҷми воқеии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ сирри давлатӣ ба ҳисоб рафта, ифшо намудани он манъ аст.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираи давлатӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи захираи давлатӣ мансубанд:
1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
2) муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ ва тасдиқи номгӯйи ташкилотҳои тобеи он;
3) тасдиқи номгӯй ва ҳаҷми андӯхти сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла камнашаванда ва захираи сафарбарӣ;
4) муайян намудани иштироки мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетии дигар дар идоракунии фаъолияти соҳаи захираи давлатӣ;
5) муайян намудани сохтмони объектҳо дар соҳаи захираи давлатӣ;
6) таъсиси Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот, тасдиқи ҳайат ва низомномаи он;
7) муайян намудани тартиби ҷуброни хароҷоти нигоҳдорандагони масъул;
8) тасдиқи номгӯй ва ҳаҷми сарватҳои моддии ҳамасола ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда;
9) дар ҳолатҳои зарурӣ қабули қарор оид ба аз ҳаҷми муқарраргардида зиёд харидани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ;
10) муайян намудани муҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ;
11) тасдиқи номгӯйи нигоҳдорандагони масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ;
12) қабули қарор дар бораи баровардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳолати маҳфузӣ ва тариқи қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардондани онҳо ба захираи давлатӣ);
13) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул намудани қарор дар бораи навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
14) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
2) таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ;
3) гузарондани санҷиши миқдор, сифат ва мавҷудияти сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар нигоҳдорандагони масъул;
4) дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намудани маблағҳо аз ташкилотҳои молиявии ватаниву байналмилалӣ бо мақсади сари вақт амалӣ намудани идоракунии фаъолият дар соҳаи захираи давлатӣ;
5) тибқи тартиби муқарраргардида анҷом додани амалҳо вобаста ба кумаки башардӯстонаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, аз ҷумла таъмини қабул, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии он;
6) амалӣ намудани истеҳсоли сарватҳои моддӣ дар дохили кишвар тибқи имкониятҳои мавҷуда;
7) амалӣ намудани идоракунӣ ва назорати доимии низоми захираи давлатӣ;
8) ба роҳ мондани ташкили сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ;
9) амалӣ намудани ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
10) амалӣ намудани хизматрасониҳо дар соҳаи захираи давлатӣ тавассути ташкилотҳои тобеъ;
11) гузарондани мониторинги сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12) пешниҳод намудани сарватҳои моддӣ ба Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот;
13) амалӣ намудани ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 3. ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 7. Пур кардани захираи давлатӣ
1. Захираи давлатӣ дар асоси номгӯйи сарватҳои моддӣ ташкил карда мешавад. Ҳаҷми ҷамъшавӣ ва ташкили сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба нақша гирифта мешавад.
2. Захираи давлатӣ бо сарватҳои моддӣ, инчунин сарватҳои моддие, ки ройгон ба сифати кумак ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, инчунин молу мулки мусодирашуда, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба тавозуни мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ташаккули соҳаи захираи давлатӣ мегузарад, пур карда мешавад.
3. Барои воридоти сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва ҷойгиркунонии онҳо
1. Таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ баъд аз ташкили онҳо аз ҷониби таҳвилкунандагон бо роҳҳои автомобилгард, оҳан ва ё ҳавоӣ амалӣ карда мешавад.
2. Таҳвилкунандагон уҳдадоранд ба кам гардидани ҳаҷми сарватҳои моддии таҳвилшаванда роҳ надиҳанд, талаботи техникӣ ва стандартҳои муқаррарнамудаи санадҳои техникиро риоя намоянд. Фармоишгари давлатӣ оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.
3. Сарватҳои моддӣ дар анборҳои нигоҳдорандагони масъул дар асоси нақшаи ҷамъшавии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар минтақаҳои муайянгардида ҷойгир карда мешаванд.
Моддаи 9. Нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби нигоҳдорандагони масъул бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад. Муҳлат ва шартҳои нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар захираи давлатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
2. Нигоҳдорандагони масъул уҳдадоранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баровардани сарватҳои моддиро аз захираи давлатӣ аз ҳисоби худ таъмин намоянд.
3. Хароҷоти ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ ва баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ, ки нигоҳдорандагони масъул анҷом медиҳанд, аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ пардохт карда мешаванд.
4. Сарватҳои моддии дар захираи давлатӣ нигоҳдошташаванда, ки нисбат ба онҳо талаботи таъмини бехатарии ҳаёту саломатии истеъмолкунандагон ва ҳифзи муҳити зист муқаррар карда шудааст, бояд сертификати мутобиқат ва ҳуҷҷатҳои зарурии дигарро оид ба талаботи зикршуда барои тамоми давраи нигоҳдорӣ дошта бошанд.
5. Сарватҳои моддии захираи давлатӣ, ки дар анборҳои нигоҳдорандагони масъул гузошта мешаванд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ суғурта карда мешаванд.
Моддаи 10. Асосҳо ва тартиби баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ
1. Баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ бо асосҳои зерин амалӣ карда мешавад:
1) бо мақсади навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ;
2) барои таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;
3) барои расондани таъсири танзимкунанда ба бозор;
4) бо мақсади дастгирии давлатии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт;
5) бо тартиби қарздиҳии сарватҳои моддӣ;
6) барои расондани кумаки башардӯстона;
7) барои таъмини эҳтиёҷоти сафарбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) бо тартиби аз ҳолати маҳфузӣ баровардан;
9) баровардан аз захираи камнашавандаи сарватҳои моддӣ.
2. Тартиби баровардани сарватҳои моддиро аз захираи давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 11. Дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот
1. Комиссия оид ба дохил кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба талафот (минбаъд - Комиссия) бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ҳолатҳои сарватҳои моддии захираи давлатиро омӯхта, меъёрҳои талафоти табииро ҳангоми нигоҳдорӣ, талафоти технологиро дар ҳолати коркарди сарватҳои моддӣ, инчунин талафоти дигарро дар асоси санадҳои техникӣ муайян карда, онҳоро ба талафот дохил менамояд.
2. Ҳангоми навкунӣ ва аз ҳолати маҳфузӣ баровардани сарватҳои моддии захираи давлатие, ки дар шакли мавҷуда тибқи таъиноташон истифода, фурӯхта ё аз нав коркард карда намешаванд, онҳо бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси санади Комиссия нобуд карда мешаванд.
3. Тартиби дохил кардан ба талафот ва нобуд кардани сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва баҳисобгирии молиявии онҳо дар санади Комиссия муайян карда мешавад.
Моддаи 12. Муқаррар намудани нарх ва азнавнархгузории сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Нархи сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бо асосҳои дар бандҳои 2), 4), 5), 6), 7), 8) ва 9) қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинишуда бароварда мешаванд, бо санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Нархи сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бо асосҳои дар бандҳои 1) ва 3) қисми 1 моддаи 10 Қонуни мазкур пешбинишуда бароварда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси таҳлили вазъи нархҳои мавҷудаи бозорӣ ва хароҷоти молиявӣ муқаррар карда мешавад.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба сарватҳои моддие, ки аз захираи давлатӣ бароварда мешаванд, нархҳои нисбат ба нархи бозор дастрасро татбиқ намуда, маълумоти дахлдорро ба ҳисоботи молиявии худ ворид менамояд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ба вуҷуд омадани номувофиқатии нархи сарватҳои моддии захирашуда дар вақти баровардани онҳо, азнавнархгузории сарватҳои моддии захираи давлатиро анҷом медиҳад.
Моддаи 13. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо мақсади таъмини минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарватҳои моддии захираи давлатӣ амалӣ карда мешавад.
2. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар дар асоси шартнома амалӣ карда мешавад. Хароҷот вобаста ба ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт карда мешавад.
3. Ҷойивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ дар ҳолатҳои муфлисшавӣ, барҳамдиҳӣ ва азнавташкилшавии нигоҳдорандагони масъул ва ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 14. Таъмини ҳамлу нақли сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ё ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода, ҳамлу нақли сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар дар навбати аввал ба ҷо оварда мешавад.
2. Сарватҳои моддии аз захираи давлатӣ барои таъмин намудани корҳои таъхирнопазир ҳангоми пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва расондани кумаки башардӯстона баровардашаванда аз ҷониби ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилотҳои нақлиётӣ ва субъектҳои дигар, новобаста ба шакли моликият, бо пешниҳоди сарватҳои моддӣ бе пардохти пешакӣ барои ҳамлу нақл қабул ва супорида мешаванд.
3. Муносибатҳои байни мақоми ваколатдори давлатӣ ва масъулони дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур муайянгардида дар асоси шартномаи ҳамлу нақл тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Моддаи 15. Захираи сафарбарӣ
1. Захираи сафарбарӣ қисми таркибии захираи давлатӣ ба ҳисоб рафта, танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор захира ва истифода карда мешавад.
2. Тартиби ташкил ва идоракунии захираи сафарбарӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 4. МАБЛАҒГУЗОРӢ, БАҲИСОБГИРИИ МУҲОСИБӢ ВА ҲИСОБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 16. Маблағгузории соҳаи захираи давлатӣ
1. Маблағгузории соҳаи захираи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои аз ташкилотҳои молиявии ватаниву байналмилалӣ ҷалбгардида амалӣ карда мешавад. Маблағҳои ҷалбгардида аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми сол баргардонда мешаванд.
2. Маблағҳои пардохтшудаи сарватҳои моддие, ки бо асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 10 Қонуни мазкур бароварда шудаанд ва ноустуворонаи рӯёндашаванда ба суратҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ барои ташаккул ва ташкили минбаъдаи захираи давлатӣ гузаронда мешаванд.
Моддаи 17. Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар соҳаи захираи давлатӣ
Баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар соҳаи захираи давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 5. ВАЗЪИ ҲУҚУҚӢ, МОЛУМУЛКӢ ВА НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 18. Вазъи ҳуқуқӣ ва молумулкии захираи давлатӣ
1. Бино, иншоот, сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ, новобаста аз макони ҷойгиршавии онҳо ва молу мулки дигар, инчунин қитъаҳои замине, ки барои истифода ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳои тобеи он дода шудаанд, моликияти ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб рафта, мавзуи гарав намебошанд ва хусусӣ карда намешаванд.
2. Объектҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар онҳо сарватҳои моддӣ ва ё молу мулки дигари аҳаммиятнок дар соҳаи захираи давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд, объектҳои махсусан муҳимми давлатӣ ба ҳисоб рафта, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба онҳо бе иҷозати дахлдор ворид шудан манъ аст.
Моддаи 19. Назорат ва санҷиш дар соҳаи захираи давлатӣ
Назорат дар соҳаи захираи давлатӣ ва санҷиши миқдор, сифат ва мавҷудияти сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 6. УҲДАДОРИҲО ВА МАСЪУЛИЯТИ МОЛУМУЛКӢ ДАР СОҲАИ ЗАХИРАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 20. Уҳдадориҳои нигоҳдорандагони масъул дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Нигоҳдорандагони масъул уҳдадоранд:
1) риояи талаботи нигоҳдории сарватҳои моддиро, ки санадҳои техникӣ муқаррар намудаанд, таъмин намоянд;
2) ба камшавии миқдор ва паст гаштани сифати сарватҳои моддии захираи давлатӣ роҳ надиҳанд;
3) риояи сирри давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ таъмин намоянд;
4) дастрасии бемамониати намояндагони мақоми ваколатдори давлатиро ба ҷойҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва захираи сафарбарӣ, аз ҷумла барои назорат, санҷиш ва муайян намудани ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ таъмин намоянд;
5) уҳдадориҳои дигареро, ки Қонуни мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор муқаррар намудаанд, иҷро намоянд.
2. Нигоҳдорандагони масъуле, ки нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбариро ба ҷо меоранд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалиётҳои гузарондашуда дар соҳаи захираи давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 21. Масъулияти роҳбарони нигоҳдорандагони масъул барои амалиётҳо дар соҳаи захираи давлатӣ
1. Роҳбарони ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ барои таҳвил, ҷойгиркунӣ, нигоҳдорӣ, баровардан, истеҳсоли босифат, навкунии саривақтии сарватҳои моддӣ ва амалиётҳои дигари дар соҳаи захираи давлатӣ пешбинишуда масъулияти шахсӣ доранд.
2. Роҳбарони ташкилотҳои мақомоти давлатӣ ва роҳбарони субъектҳои дигар, ки сарватҳои моддии захираи давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбарӣ дар онҳо нигоҳдорӣ мешаванд, барои гузарондани амалиётҳои дар қисми 1 моддаи мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинишуда, ба истиснои истеҳсоли босифати сарватҳои моддӣ масъулияти шахсӣ доранд.
3. Роҳбарони дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур зикргардида барои бе санади дахлдор баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ, коркарди нодурусти сарватҳои моддӣ, ки боиси паст гардидани сифат ва таъиноти онҳо гардидааст, инчунин амалҳои дигаре, ки ба талафоти сарватҳои моддии захираи давлатӣ оварда мерасонанд, масъулияти шахсӣ доранд.
Моддаи 22. Масъулияти молумулкӣ оид ба амалиётҳои вобаста ба сарватҳои моддии захираи давлатӣ
1. Барои гузарондани муҳлати таҳвил, таҳвил накардани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва роҳ додан ба камшавии миқдор ва паст гаштани сифати сарватҳои моддӣ аз таҳвилкунанда ҷуброни пурраи сарватҳои моддӣ ва ба андозаи 0,5 дарсади арзиши сарватҳои моддӣ ноустуворона рӯёнида мешавад. Ноустуворона то лаҳзаи иҷрои воқеии ухдадориҳо оид ба таҳвили сарватҳои моддӣ мутобиқи шартномаи басташуда рӯёнида мешавад.
2. Барои сари вақт ба захираи давлатӣ барнагардондан ва ё пардохт накардани арзиши сарватҳои моддии қарздодашуда ё барои навкунӣ ва расондани таъсири танзимкунанда ба бозор баровардашуда, аз қарздор ва гиранда (харидор) ба андозаи 0,5 дарсади арзиши сарватҳои моддии баргардонданашуда ва пардохтнагардида барои ҳар як рӯзи гузарондани муҳлат то иҷрои пурраи уҳдадориҳо оид ба баргардондани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ ва ё пардохт намудани арзиши он, ноустуворона рӯёнида мешавад.
3. Барои сари вақт иҷро накардани талаботи дар моддаҳои 13 ва 14 Қонуни мазкур пешбинишуда, аз субъектҳои дар моддаҳои мазкур муқарраргардида ба андозаи 0,3 дарсади арзиши сарватҳои моддии таҳвилшаванда барои ҳар рӯзи гузарондани муҳлат то иҷрои пурраи уҳдадорӣ ноустуворона рӯёнида мешавад.
4. Барои ба захираи давлатӣ ворид кардани сарватҳои моддие, ки ба нигоҳдории муҳлати дароз имкон надоранд, сарватҳои моддии нопурра ё аз рӯйи сифат ва навъҳои худ ба шартҳои шартномаи бо мақоми ваколатдори давлатӣ басташуда номувофиқ аз ҳисоби таҳвилгар (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) ҳамаи сарватҳои моддии нуқсондор барқарор карда шуда, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддии нуқсондор ноустуворона рӯёнида мешавад.
5. Барои ба захираи давлатӣ гузоштани сарватҳои моддии бетамға ё ба таври номувофиқ тамғагузоришуда ва ё сарватҳои моддии дар зарфи (борҷомаи) номуносиб ҷойгиршуда, инчунин барои истифодабарии коғазхалтаҳои ба стандарт ва шартҳои шартнома номувофиқ, ки бо санадҳои техникӣ муқаррар шудаанд, аз таҳвилкунанда (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) ба андозаи 5 дарсади арзиши сарватҳои моддии номбурда, ноустуворона рӯёнида мешавад. Шахсони дар қисми мазкур зикргардида уҳдадоранд дар давоми як моҳ камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намоянд.
6. Дар ҳолати ошкор гардидани нуқсонҳои ноаёни истеҳсолӣ дар сарватҳои моддии дар захираи давлатӣ ҷойгиршуда, новобаста аз муҳлати ҷойгир карда шуданашон, масъулияти барқарор намудани сарватҳои моддӣ ба захираи давлатӣ, бо шарти риоя гардидани реҷаи нигоҳдории сарватҳои моддӣ, ба зиммаи таҳвилгар (фурӯшанда ва субъектҳои дигар) гузошта шуда, аз онҳо ба андозаи 5 дарсади арзиши сарватҳои моддии номбурда ноустуворона рӯёнида мешавад. Шахсони дар қисми мазкур зикргардида уҳдадоранд дар давоми як моҳ нуқсонҳои ноаёни истеҳсолидоштаи сарватҳои моддиро ислоҳ намоянд.
7. Барои таъмин накардани нигоҳдории пурраи сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз нигоҳдорандагони масъуле, ки нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро ба уҳда доранд, ба андозаи 0,3 дарсади арзиши сарватҳои моддии камомада барои ҳар рӯз то барқароркунии пурраи сарватҳои моддӣ дар захираи давлатӣ ноустуворона рӯёнида мешавад.
8. Дар ҳолати аз захираи давлатӣ нагирифтани сарватҳои моддие, ки бояд тибқи асосҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бароварда шаванд, қабулкунандагон (харидорон, гирандагон) хароҷоти нигоҳдорӣ, зиёни вобаста ба паст шудани сифати сарватҳои моддии гирифтанашуда ва хароҷоти бекор мондани воситаҳои нақлиётро ҷуброн намуда, ба андозаи 0,5 дарсади ҳаҷми сарватҳои моддии гирифтанашуда ноустоворона месупоранд.
9. Дар ҳолати риоя нагардидани қоидаву меъёрҳои техникии нигоҳдорӣ, сари вақт нагузарондани навкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ аз нигоҳдорандагони масъуле, ки ба чунин камбудиҳо роҳ додаанд, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддӣ аз рӯйи амалиётҳое, ки нисбаташон вайронкуниҳо роҳ дода шудаанд, бе озод кардан аз иҷрои уҳдадориҳо ноустуворона рӯёнида мешавад.
10. Барои саркашӣ кардан аз баровардани сарватҳои моддӣ аз захираи давлатӣ ва қабул накардани сарватҳои моддӣ барои нигоҳдорӣ аз нигоҳдорандаи масъуле, ки барои қабул ё бароварданашон раддияи беасос изҳор намудааст, ба андозаи 10 дарсади арзиши сарватҳои моддии қабул ё баровардашаванда ноустуворона рӯёнида мешавад.
11. Ноустуворонаҳо, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санади мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯйи нархи сарватҳои моддӣ дар рӯзи пардохт рӯёнида мешаванд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 23. Тартиби ҳалли баҳсҳо
Ҳамаи баҳсҳое, ки байни иштирокдорони ҷараёни ташкил ва истифодаи сарватҳои моддии захираи давлатӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
2. Ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур онҳоро аз масъулияти ҷуброни зиён ва иҷрои уҳдадориҳояшон озод наменамояд.
Моддаи 25. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» аз 22 декабри соли 2006 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №12, мод. 540; с. 2009, №5, мод. 322; с. 2012, №7, мод. 691) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 14 майи соли 2025, №2172
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 13 майи соли 2025, №44
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» қабул карда шавад.
2. Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 декабри соли 2006, №419 «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираи моддии давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №12, мод. 627; с.2009, №4, мод. 244; с. 2012, №6, мод. 531) аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Зокирзода
ш. Душанбе, 29 январи соли 2025, №1558