Давлатмард
Ё ОФТОБИ БАХТИ МИЛЛАТ
Ҳар гоҳе дар бораи шахсиятҳои барҷаста меандешем, ҳатман пеши назар симои инсонҳое падидор мегардад, ки дар таъриху тамаддуни ин ё он қавму миллате нақши муҳиме бозидаанд ва аз худ осори бузурге гузоштаанд ё мегузоранд. Агар ба гузаштаи худ назаре андозем, хеле возеҳ мебинем, ки шахсиятҳое аз қабили Куруши Кабир, Зурдушт, Спитамен, Яъқуби Лайси Саффорӣ, Исмоили Сомонӣ... давронсозӣ кардаанд ва ҳатто раванди зиндагии одамон ва кишварҳояшонро тағйир додаанд. Онҳо бо амалкарди мусбати хеш чун ситораҳое тобноке дар замонҳои гуногуни таърихӣ дурахшидаанд. Мо имрӯз рӯзгори онҳо ва кору пайкорашонро меомӯзем ва дар лавҳи хотиру саҳифаи таърих номашонро бо хати зарин менависем.
Дар даврони мо ҳамин гуна шахсияти барҷастаи миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки чун мунодии сулҳу дӯстӣ дар ҷаҳон ва чун Пешвои миллати тоҷик ном баровардаанд. Кору зиндагии он кас ва хидматҳои барҷастаашон аз ҷониби сиёсатмадорон, олимон ва журналистон пайваста омӯхта шуда, дар шакли мақолаву китобҳои алоҳида ба нашр мерасанд. Чанде пеш китоби муҳаққиқ ва журналисти хушном, номзади илмҳои сиёсӣ Далер Абдулло бо исми «Давлатмард» ба нашр расида, ки 35 мақолаи муаллифро фаро гирифта, симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хидматҳои он касро дар баробари мардуми Тоҷикистон бо далелҳои муътамад баррасӣ менамояд. Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар сарсухани китоб ба мавқеъ ва қалами нигорандагии муаллиф ин гуна баҳо медиҳад: «Муҳимтар аз ҳама, мавқеи интихобкардаи Далер Абдулло қотеъ буда, лағзиш дар афкор ба мушоҳида намерасад. Содиқонаву бериё эҷод менамояд, саъю талош ба он равона гардидааст, ки бо мутолиаи нигоштаҳои қаламкаш пеши назари хонанда воқеият падид меояд».
Воқеан ҳам, мавқеи устувор, роҳ надодани лағзиш дар афкор ва содиқ будан ба Сарвари давлат боис гаштааст, ки Далер Абдулло қадам ба қадам корҳои анҷомдода, сиёсати хирадмандона, ҷоннисориҳо ва эҳё сохтани фарҳанги ниёро аз ҷониби Пешвои миллат биёмӯзад, бинависад ва пешкаши хонанда гардонад.
Дар китоби «Давлатмард» чор ҷанбаи муҳими давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди арзёбӣ қарор мегирад:
1. Барқарор кардани сулҳ ва наҷоти давлату миллати тоҷик аз нобудӣ;
2. Ба вуҷуд овардани иқтисоди рӯ ба рушд ва таъмини некуаҳволии мардуми Тоҷикистон;
3. Давронсозӣ (дар мисоли НБО «Роғун», роҳҳо, нақбҳо...);
4. Эҳёи расму оин, худшиносии миллӣ ва ҳувиятхоҳӣ.
Далер Абдулло ба маърифати сарварӣ, шуҷоат, нотарсӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ ва озодандешӣ аз даричаи илм баҳо медиҳад ва дар ин замина шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бозгӯ менамояд. Ӯ нақши шахсиятро дар таърих аз навиштаи файласуфи маъруф Т. Карлейл чунин тавсиф менамояд: «Шахсеро, ки сарвар мешаваду ба иродаи ӯ дигарон бечунучаро таслим мешаванд ва дар ин итоат некуаҳволӣ меёбанд, мо метавонем бузургтарини бузургҳо номем. Онҳо, ин одамони бузург, пешвоёни инсоният, тарбиятгарон, намунаҳо ва, бо маънии васеъ, офаридгорони ҳамаи он чизе ҳастанд, ки мардум барои ба даст овардани онҳо кӯшиш мекунанд». Бо зикри ин иқтибос ва далели фаровоне, ки Далер Абдуло аз Афлотун, Конфутсий, Р. Дафт, Абуалӣ ибни Сино, Исҳоқи Тӯсӣ ва дигарон дар оғози китоб меорад, шахсият, ҷойгоҳ ва мақоми сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мушаххас месозад.
Муаллиф дар бораи лидери умумимиллие сухан дар миён меорад, ки ҳузури ӯ дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвару миллати моро аз парокандагӣ ва нобудӣ наҷот бахшид. Ӯ ақидаи ҷолиби илмиеро ба миён оварда менависад: «Дар таърихи давлатдории навини демократӣ ва классикӣ аломати мавҷудияти падарон - бунёдгузорон ва пешвоёни миллӣ ба сифати мактаби бузурги тарбияи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба назар мерасад». Сипас, Далер Абдулло аз асосгузорони давлати Амрико - Ҷорҷ Вашингтон, Ҷон Адамс, Томас Ҷефферсон, Ҷеймс Медисон, Александр Гамилтон, Туркия - Отатурк, Ҳиндустон - Маҳатма Гандӣ, Покистон - Алӣ Муҳаммади Ҷиноҳ ва Сингапур Ли Куан Юро мисол оварда, тавассути онҳо то чӣ андоза барҷаста будани шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷойгоҳи созандаю баланд доштани ӯро муаррифӣ менамояд. Муаллиф ҳамин тавр тавассути илми сиёсатшиносӣ бо далелҳои муътамад дар бораи мақоми сарварӣ ва пешвоии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегӯяд: «Пешвои миллӣ маҳсули як марҳилаи таърих, натиҷаи ҷонбозӣ ва аз худ гузаштанҳои шахсият дар роҳи давлату миллат, инъикоси воқеияти ҷомеа ва натиҷаи эътирофи воқеии мардум аст».
Ин таъриф, воқеан ҳам, инъикосгари ҳаёт, кор ва муборизаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки муаллифи китоб кӯшидааст онро ба таври возеҳу равшан баён намояд. Далер Абдулло хидматҳои барҷастаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар баробари Тоҷикистон ва миллати тоҷик дона-дона баршумурда менависад: «Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз нобудӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва, дар навбати худ, Давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам оварданд».
Ин сифатчинии дар боло оварда аз хидматҳои бузурги муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад ва асли сарварию пешвоии он касро ба намоиш мегузорад, ки Далер Абдулло чун пажуҳишгар онро ошкор месозад. Дар ин замина муаллифи китоби «Давлатмард» собит месозад, ки дар ҷаҳони муосир давлатсозӣ кардан, сулҳу амониро ба вуҷуд овардан, истиқлоли сиёсию давлатии миллатеро таъмин сохтан кори осоне нест.
Дар китоб таъкид мешавад, ки «ғояи истиқлол чун рукни бунёдии озодии инсон ҷузъи таркибии андеша ва ҳувияти миллии мо буд». Бале, миллати озодихоҳ ва боҳувияти тоҷик асрҳо барои ба даст овардани ин гавҳари тобнок мубориза бурд, вале ниёз ба пешвое дошт, ки ӯро дар ин масири пурпечутоб раҳнамо бошад, роҳи росту дурустро нишон диҳад. Ниҳоят, чунин шахсият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайдо шуд, ки муаллифи китоб ӯро чун «тулӯи офтоби бахти миллат» муаррифӣ месозад.
Азхудгузаштагӣ, ҷоннисорӣ, вафодорӣ, ғамхорӣ, инсонпарварӣ, сулҳдӯстӣ, бунёдкорӣ аз сифатҳои зотии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Инсоне, ки дорои чунин сифатҳои арзишманд аст, метавонад сарвари миллате бошад, нақши ҳидоят кардан, наҷот додан, ба қуллаи мақсуд расониданро ба зимма бигирад, мавриди эътимоду эътибор бошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо Сарвари давлат ва Пешвои миллати тоҷик нестанд, балки чун сиёсатмадори барҷаста дар арсаи байналмилалӣ эътироф гаштаанд. Ин нукта низ дар китоби «Давлатмард» бо далелҳои мушаххас баён мегардад. Далер Абдулло кӯшиш мекунад, ки ҳарфе бе далел нагӯяд ва симои барҷастаи ҷаҳонӣ будани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар оинаи воқеият нишон диҳад. Нигоҳи олимона ва мушоҳидаҳои ҷолиби ӯ арзиши китобро як бар даҳ афзудааст. Бояд чунин ҳам бошад, чаро ки дар китоб сухан дар бораи шахсияте меравад, ки барои миллати тоҷик таърихсозӣ мекунад, халқи моро ба сӯи огаҳию бедорӣ мебарад. Барои эҳёи суннатҳо, арзишҳои фарҳанги миллӣ, зинда нигоҳ доштани хотираи таърихӣ корҳои арзишмандеро анҷом медиҳад. Барои ваҳдати миллӣ, бунёди Тоҷикистони навин мубориза мебарад. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди бузурги халқи тоҷик аст. Бузургии ӯ, ҷоннисориҳояш, муборизаҳояш барои расидан ба саодати абадӣ дар китоби «Давлатмард» хеле барҷаста ба риштаи тасвир кашида шудааст. Мутолиаи китоб муҳаббати Пешворо дар дили хонанда афзунтар ва ҳисси ифтихорро аз доштани чунин Сарвари оқилу доно ва беназир дар дилҳо садчанд мегардонад.
ВОРИС,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
