АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ВАҲДАТ
Ин фосила аз қарн ҳам тӯлонитар буд
Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ барои миллати ҷафодидаи мо тасодуфӣ ва осон муяссар нашудаанд, ҳарчанд зоҳиран чунин менамояд. Ин неъматҳои бузург самараи фидокорӣ, қаҳрамонӣ, муборизаи ошкору ниҳон ва арақи ҷабини миллати фарзонаи тоҷик дар тӯли таърих аст. Ҳадяи бебаҳои дигар фарзанди баруманди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Тавре медонем, заиф шудан ва пошхӯрии давлати шуравӣ ба он оварда расонд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол гурӯҳҳои тундрави экстремистӣ зери ниқоби дин ва атеизм бо дастгирии сарпарастони дохилӣ ва хориҷии худ даст ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ заданд. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилӣ саросари кишварро гуруснагӣ, қашшоқӣ, бемориҳои сирояткунанда фаро гирифта, пояҳои давлатдорӣ заиф ва маънавиёту иқтисод таназзул ёфт ва боиси талафоти бузурги ҷонию моддӣ гардид. Хатари пора-пора шудани давлати Тоҷикистон ба миён омад, шаҳри Душанбе зери фишори гурӯҳҳои силоҳдорони ғайриқонунӣ қарор гирифта, хуқуқу озодиҳои шаҳрвандон дар ҳар қадам поймол мешуд. Намояндагони бисёр миллатҳо, мутахассисони варзида, олимону зиёиён қаламрави Тоҷикистонро тарк намуданд. Норасоии маводи ғизоӣ рӯз ба рӯз бештар мешуд, бахусус, дар дукону мағозаҳо нон намерасид. Дар пойтахти кишварамон ва ноҳияҳои атрофи он гурӯҳҳои силоҳбадасти ҷинояткор ба ғоратгарию роҳзанӣ ва қатли одамони бегуноҳ машғул буданд.
Ниҳоят, бо ташаббуси фаъолони Шурои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар ҳоле ки дар чунин шароити беҳад вазнини сиёсӣ ягон ходими ҷамъиятиву давлатӣ чунин масъулияти бузургро ба уҳда намегирифт. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аёми ҷавонӣ ба мушкили давлати тоҷикон нигоҳ накарда, ин масъулиятро ба зимма гирифтанд ва иброз намуданд, ки «манро ба ин вазифаи пурмасъул бовар намудед, акнун биёед, вакилони мардумӣ, якҷоя пеши роҳи хунрезиро гирем ва Тоҷикистонро аз ин вартаи нобудӣ наҷот диҳем. Ба ман ки бовар кардед, ба шумо ваъда медиҳам, ки ҳарчӣ зудтар пеши роҳи хунрезиро мегирам, ба халқи азизам сулҳу салоҳ меорам. То он ки охирин ҳамватани мо аз хориҷи кишар бар нагардад, ман худро ҳамчун Сарвари давлат ором ҳис карда наметавонам».
Дар ин иҷлосияи таърихӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ барқарор ва тасмим гирифта шуд, ки ба пойтахт - шаҳри Душанбе биёянд. Шахсоне буданд, ки ба ин монеъ мешуданд, аммо бо истодагирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти конститутсионӣ дар як муддати кутоҳ таъсис дода шуд ва кори худро дар шаҳри Душанбе оғоз намуд.
Зиёда аз 70 санади ҳуқуқӣ дар он иҷлосия қабул гардид, ки роҳи ояндаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намуд. «Шахсан ман тарафдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошам», - иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ.
Аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳу ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллат, хомӯш кардан ва бартараф намудани оқибатҳои ҷанги дохилӣ талош варзиданд. Бо барқарор гаштани шакли идоракунии президентӣ дар Тоҷикистон заминаҳои сулҳи тоҷикон гузошта шуд. 8 даври музокироти расмӣ дар кишварҳои гуногун доир гардид, ки мураккабтарини онҳо моҳи декабри соли 1996 дар Хусдеҳи вилояти Тахори Афғонистон буд ва ҳеҷ гуна кафолати амниятӣ вуҷуд надошт. Ба ҳамаи ин хатару мушкилот нигоҳ накарда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ ба Афғонистон сафар намуданд. Дар ин замина 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Яъне, аз Истиқлол то ваҳдати миллӣ фосилае аз қарн ҳам тӯлонитар буд. Аз ин рӯ, самараи ҷонбозиҳо, талошҳо ва идеяҳои сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот, оромию осоиштагӣ ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ барои мо арзишҳои бузургу муқоисанашавандае ҳастанд. Ба қадри истиқлолу озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро эҳтиром кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо мебошад.
Шаҳбози АБРОР,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
