https://sadoimardum.tj

Иштироки вакилон дар ҷаласаи солонаи АП САҲА

№:86 (5138), 13 июл 2026, 13:29
2

Рӯзҳои 4-8-уми июли соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Шуҳрат Ғанизода дар ҷаласаи 33-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА, ки дар шаҳри Гаагаи Нидерланд баргузор гардид, иштирок намуданд.

Намояндагони кишвари мо зимни суханронӣ барои дастгирии ташаббуси нав­батии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон вобаста ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ба иштирокдорони ҷаласа изҳори сипос карда, аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи амалии ин даҳсола, ки соли 2027 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ёдовар шуданд.

Таъкид гардид, ки волоияти қонун, рушди институтҳои демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон заминаи асосии суботи дароз­муддат мебошанд. Дар ин замина, аҳамияти ташаб­буси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2027 «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа, инчунин, идомаи ислоҳоти миллӣ ва татбиқи «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038» таъкид шуд.

Ҳамчунин, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисоди «сабз», энергияи барқароршаванда, рақамикунонӣ ва инноватсия муаррифӣ гардида, ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи захираҳои об ва афзоиши маблағгузории иқлимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.

Дар идома ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ, аз ҷумла эълони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» аз ҷониби СММ ва таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар шаҳри Душанбе, муҳим арзёбӣ гардиданд.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: