https://sadoimardum.tj

Ҳабибулло ВОҲИДЗОДА: «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» рисолати бузурги инсонпарварона дорад

№:88 (5140), 17 июл 2026, 17:11
5

Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ беш аз ҳарвақта ба таҳкими адолат, эҳтироми қонун ва ҳифзи ҳуқуқи инсон ниёз дорад, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми саривақтӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ арзёбӣ мегардад. Қабули қатъномаи дахлдор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бори дигар нақши фаъоли Тоҷикистонро дар пешбурди масъалаҳои муҳими байналмилалӣ нишон дод. Дар робита ба ин, бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Воҳидзода Ҳабибулло Сайдулло суҳбат анҷом додем, ки фишурдааш пешкаши хонандагон мегардад:

- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 80-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 24 сентябри соли 2025 пешниҳод карданд, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. СММ 12 декабри соли 2025 таҳти унвони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қатънома қабул намуд. Нахуст, доир ба аҳамияти ташаббуси мазкур андешаатонро баён мекардед?

- Эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» идомаи ташаббусҳои воқеан таърихӣ ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки на танҳо аҳамияти миллӣ, балки арзиши фарогири ҷаҳонӣ дорад.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои мураккаби сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ ҷомеаро ба озмоишҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ оварда, дар як қатор минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар кишварҳои ҷангзада ва минтақаҳои ноустувор, ҳолатҳои поймол шудани ҳуқуқҳои инсон, маҳдуд гардидани дастрасӣ ба адолат ва осебпазирии гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба мушоҳида мерасад, ин ҳама аҳамияти таҳкими маърифати ҳуқуқиро боз ҳам бештар месозад.

Маҳз, маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун сипари боэътимоди ҳифзи инсон ва давлат баромад намуда, бе донистани ҳуқуқу уҳдадориҳо шахс наметавонад аз ҳуқуқҳои худ пурра истифода барад ва дар таҳкими давлат саҳми муассир гузорад.

Қабули ин ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба дарки он расидааст, ки рушди устувор танҳо дар шароити мавҷудияти фарҳанги баланди ҳуқуқӣ таъмин мегардад. Имрӯз маърифати ҳуқуқӣ танҳо ­масъалаи дохилии давлатҳо нест, балки ба омили муҳими таъмини амнияти байналмилалӣ табдил ёфтааст. Агар мо ба моҳияти масъала амиқтар назар афканем, мебинем, ки ин ташаббус на танҳо дар бораи дониш, балки дар бораи тағйири тафаккур аст. Маҳз, ҳамин тағйирот ҷомеаро ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Қабули қатъномаи мазкур аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эътирофи нақши фаъоли Тоҷикистон дар ташаккули ҷаҳони муосир, махсусан, дар самти таҳкими арзишҳои қонун ва рушди фарҳанги ҳуқуқӣ мебошад.

Ин иқдом бори дигар нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо иштирокчии раванд­ҳои байналмилалӣ, балки давлати ташаббускор ва масъул дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ мавқеи устувор дошта, арзишҳои умумибашарӣ, аз қабили адолат, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи инсонро дар сатҳи ҷаҳонӣ пеш мебарад.

Муҳимтар аз ҳама, ин ташаббус ба ҳар як инсон равона шудааст. Зеро ҷомеае, ки шаҳрвандони он дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ ва дар ин ҷода масъулияти хоса доранд, дар пояи адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва ҳамдигарфаҳмӣ пеш меравад.

Аз ин рӯ, «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» бояд ҳамчун оғози марҳилаи нав - марҳилаи тақвияти фарҳанги ҳуқуқӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ гардад.

- Тавре маълум аст, шуруъ аз соли 1999 пешниҳодҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи об ва пиряхҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқболи хуб ёфтанд. Эълони «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бошад, ташаббусест, ки дар самти комилан дигар пешниҳод шудааст. Қабули ҳамаи ин пешниҳодҳо аз кадом омилҳо вобаста аст?

- Саволи матраҳшуда бисёр ҷолиб ва муҳим аст, зеро он ба арзёбии ҷойгоҳи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ робита дорад. Дар ин раванд, бояд таъкид намуд, ки муваффақияти чунин пешниҳодҳо наметавонад танҳо ба як омил вобаста бошад. Ин ҷо сухан аз ҳамоҳангии ду унсури калидӣ меравад, яъне, нуфузи сиёсӣ ва муҳити воқеии ташаббусҳо, ки ба ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошанд. Ташаббусҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод мегарданд, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷавобҳои мушаххас ба мушкилоти умумибашарӣ пазируфта мешаванд. Ин ташаббусҳо ба мавзуъҳое равона гардидаанд, ки ба таври мустақим ба амнияти ояндаи инсоният рабт доранд. Метавон гуфт, ки қабули ин гуна ташаббусҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи он аст, ки ба ҳалли масъалаҳои воқеан муҳими ҷаҳонӣ равона шуда, хусусияти фарогир ва дарозмуддат дошта, ба таҳкими рушди устувор мусоидат менамоянд.

- Санади мазкур дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими волоияти қонун дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Прокуратураи генералӣ доир ба ин масъала кадом тадбирҳоро амалӣ менамояд?

- Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо аҳамияти назария­вӣ дорад, балки дар амалисозии пурраи ҳуқуқи инсон ва таҳкими пойдории қонун дар сатҳҳои миллӣ ва байналмилалӣ саҳми назаррас мегузорад. Ин иқдом метавонад барои ташаккули муҳити солими ҳуқуқӣ, баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба қонун заминаи устувор гузорад. Дар ин замина, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди назораткунандаи риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъо­лияти худ шуморида, пешгирии қонунвайронкунӣ ва ҷинояткориро омили асосии таҳкими қонуният меҳисобад. Тавре таҷриба нишон медиҳад, дар ҷомеае, ки сатҳи огоҳии ҳуқуқии шаҳрвандон баланд аст, эҳтиром ба қонун бештар буда, ҳуқуқвайронкунӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб коҳиш меёбад.

Дар ин робита, таҳлилҳои мақомоти прокуратура нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои пешгирикунанда ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар семоҳаи якуми соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли 2025 коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин аҳамияти амалии маърифати ҳуқуқиро боз ҳам бештар собит месозад. Аз ин ҷост, ки пешгирии қонуншиканӣ аз мубориза бо пайомадҳои он самарабахштар мебошад.

Бо назардошти ин, мақомоти прокуратура як қатор тадбирҳои мақсаднокро меандешад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, алалхусус, дар байни ҷавонон ва наврасон равона мегардад. Имрӯз хеле муҳим аст, ки насли наврас қонунро на ҳамчун маҷмуи маҳдудият, балки ҳамчун кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, уҳдадорӣ ва суботи ҷомеа дарк намояд. Агар ҳар шахс аз муҳтавои қонун, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ огоҳ бошад, он гоҳ кафили ҳимояи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ мегардад. Бинобар ин, баргузории мулоқоту вохӯриҳои мунтазам бо аҳолӣ, ташкили семинару конфронсҳои илмӣ-амалӣ, гузаронидани дарсҳои маърифатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таҳияи дастурамалу маводи иттилоотии ҳуқуқӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма дар назар дошта шудааст. Ҳамзамон, тақвияти ҳамкориҳо бо дигар мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони байналмилалӣ яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ мегарданд. Зеро ташаккули шуури ҳуқуқӣ танҳо дар фазои ҳамкории васеи ҷомеа натиҷаи воқеӣ медиҳад.

Дар заминаи эълон гардидани «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва татбиқи соли маърифати ҳуқуқӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2027 омода карда шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар баробари пешниҳодҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, як қатор таклифҳои Прокуратураи генералӣ ба назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, мубодилаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсия­ҳои методӣ оид ба баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, фаъолгардонии корҳои тарғиботии ҳуқуқӣ миёни муҳоҷирони меҳнатӣ дар давлатҳои будубош, баргузории конференсияҳо вобаста ба нақши санадҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳамчунин, ташкил ва гузаронидани конфронсҳои илмӣ-амалӣ оид ба мушкилоти ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба ғайр аз ин, андешидани чораҳои муштарак ҷиҳати пешгирии вайроншавии ҳуқуқҳои меҳнатии муҳоҷирон низ яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ муайян шудааст.

Мо итминон дорем, ки татбиқи самараноки нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда дар доираи ташаббуси байналмилалӣ барои таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ, баланд гардидани масъулияти шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва густариши ҳамкориҳои байнидавлатӣ мусоидати назаррас хоҳад намуд.

- Пеш аз он ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар сатҳи байналмилалӣ эълон шавад, дар сатҳи миллӣ эълон ва татбиқ шуда буд (2024). Оё ин нишонаи он аст, ки ғояи миллӣ метавонад ба арзиши умумиҷаҳонӣ табдил ёбад?

- Бале, ғояи миллӣ дар сурати дорои муҳтавои созанда ва аҳамияти фарогир будан метавонад ба арзише табдил ёбад, ки мавриди эътироф ва пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гардад.

Дарвоқеъ, ташаббус вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ нахуст дар дохили кишвар ҳамчун масъалаи афзалиятноки давлатӣ роҳандозӣ гардида, аз он шаҳодат медиҳад, ки Тоҷикистон ба ташаккули ҷомеаи дорои тафаккури ҳуқуқӣ ҳамчун омили асосии пешрафт ва суботи давлат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад.

Муҳим он аст, ки ин ташаббус танҳо хусусияти рамзӣ касб накард. Он тадриҷан ба қисми калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфт ва баъдан тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро низ ҷалб намояд.

Имрӯз ҷаҳон бештар ба чунин ташаббусҳо ниёз дорад. Зеро дар шароити пуртазоди муосир танҳо рушди иқтисодӣ кофӣ нест. Ҷомеа, ҳамзамон, ба фарҳанги муносибат бо қонун, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва масъулияти шаҳрвандӣ эҳтиёҷ дорад. Қонун танҳо воситаи танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ нест, балки кафили адолат, субот ва эътимоди мардум ба давлат мебошад. Аз ҳамин нигоҳ, ташаббуси Тоҷикистон вобаста ба маърифати ҳуқуқӣ ҳамчун пешниҳоде арзёбӣ гардид, ки ба ниёзҳои воқеии замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Арзиши асосии ин раванд дар он аст, ки Тоҷикистон тавонист таҷрибаи миллиро ба сатҳи байналмилалӣ барорад. Ин маънои онро дорад, ки имрӯз ҷомеаи башарӣ ба ташаббусҳое таваҷҷуҳ зоҳир мекунад, ки аз амалия, таҷриба ва дарки воқеии мушкилоти ҷойдошта сарчашма мегиранд. Албатта, чунин эътироф нишонаи болоравии нуфуз ва эътимод ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ низ мебошад. Зеро на ҳар пешниҳод метавонад дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ гардад. Барои ин зарур аст, ки ташаббус дорои ҳадафи равшан, муҳтавои амиқ ва аҳамияти умумибашарӣ бошад. Аз ин рӯ, мо метавонем бо итминон бигӯем, ки таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки ғояи миллӣ бар пояи манфиати инсон ва ҷомеа бунёд гардида, марзҳоро убур намуд ва ба масъалаи муҳими байналмилалӣ табдил ёфт. Дар маҷмуъ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» на танҳо аҳамияти сиёсиву ҳуқуқӣ, балки рисолати бузурги инсонпарварона дорад.

Мусоҳиб Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: