Қабули «Эъломияи Душанбе» ва «Даъвати Душанбе»
НАТИҶАИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
31-уми майи соли равон дар Кохи Сомони бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе се рӯз давом дошт, бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло ва намояндагони давлатҳои иштирокчии конфронс натиҷагирӣ шуд.
Зимни натиҷагирӣ аз кори серӯзаи конфронс, ки рӯзҳои 29-31 май баргузор шуд, ҳисоботи намояндагони чорабиниҳои дар доираи конфронс баргузоршуда шунида шуд. Баъдан, иштирокчиёни конфронс «Эъломияи Душанбе»-ро қабул намуда, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор карданд.
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар давоми се рӯз - аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе мо шоҳиди муколамаи созанда, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва донишҳои илмӣ гардидем, ки ҳадафи онҳо ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими экологӣ дар замони муосир - обшавии босуръати пиряхҳо мебошад. Мо бори дигар таъкид намудем, ки пиряхҳо дар нигоҳ доштани тавозуни экологӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нақши калидӣ доранд.
Гуфта шуд, ки дар доираи барномаи конфронс ду ҷаласаи умумӣ, 12 нишасти мавзуӣ, 2 мизи мудаввари сатҳи баланд, инчунин, чорабиниҳои пешазконфронсӣ, аз ҷумла 8 форуми сатҳи баланд ва 17 чорабинии канорӣ, баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки ҳифзи пиряхҳо барои таъмини воситаҳои зиндагӣ, дастрасӣ ба об, коҳиши хатарҳои марбут ба он ва инчунин, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди дарозмуддати минтақаҳои осебпазир зарур мебошад.
Изҳор гардид, ки натиҷаҳои ин ҳамоиши муҳим ба баргузории муваффақонаи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» саҳми шоиста мегузорад ва талошҳои моро барои қабули тадбирҳои фаврӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкили муҳим боз ҳам тақвият мебахшанд.
Зикр шуд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун майдони ҷаҳонии баррасии масъалаҳои муҳим дар самти тағйирёбии иқлим ва пиряхҳо шахсони воломақоми давлатҳо, масъулони СММ ва сохторҳои он, созмонҳои дигари байналмилаливу минтақавӣ, институтҳои байналмилалии молиявӣ, бахши хусусӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва доираҳои илмиро ҷамъ кардааст.
- Мо идея ва тавсияҳои навро дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо дар ҳамаи сатҳҳо шунидем,- таъкид кард Қоҳир Расулзода.
Ҳамчунин, баён гардид, ки шумора ва сатҳи иштирокчиёни конфронс беш аз 2500 нафар аз 80 кишвари ҷаҳон, бори дигар аҳамияти минбари Душанберо барои муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба обшавии пиряхҳо ва таъсири он ба захираҳои об, мубодилаи таҷрибаи пешрафта ва ҳалли инноватсионӣ, таҳкими ҳамкорӣ байни ҷонибҳои манфиатдор, баланд бардоштани нақши пиряхҳо дар рушди устувор, таҳкими сатҳи огоҳонӣ ва сафарбарии иродаи сиёсӣ ҷиҳати суръатбахшӣ дар самти расидан ба ҳадафҳои дахлдори «Рӯзномаи 2030»-ро таъкид намуд.
Иброз гардид, ки натиҷаҳои муҳими конфронс қабул гардидани «Эъломияи Душанбе» ва «Даъвати Душанбе: даъват барои амал» мебошад, ки давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ҷонибҳои манфиатдорро ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии рӯзномаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи криосфера ва пиряхҳо даъват менамояд.
Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин, Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорология Селеста Сауло доир ба натиҷаҳои муваффақонаи Конфронси сатҳи баланд ибрози назар намуда, онро дар самти тақвияти ҳамкорӣ дар масъалаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи «Ҳадафҳои рушди устувор», инчунин, дар баргузории Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2026 муассир унвон кард.
Қобили зикр аст, ки рӯзҳои 29-31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки дар он беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвар, роҳбарони ҳайатҳои як қатор ҳукуматҳо, намояндагони воломақоми созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, пажӯҳишгоҳҳо ва шарикони рушд ҷамъ омада, барои инъикоси конфронс беш аз 450 хабарнигори васоити ахбори оммаи дохилу хориҷ иштирок карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





