https://sadoimardum.tj

Таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои парламентӣ

№:115 (5167), 28 сен 2026, 17:00
3

24-уми сентябри соли 2026 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷабор Сатторзода бо Дабири кулли Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Баҳрайн Муҳаммад ал-Сис ал-Буайнайн мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки мулоқоти имрӯза дар арафаи оғози ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё баргузор мегардад. Ассамблеяи парламентии Осиё на танҳо минбари муҳими муколамаи сиёсӣ миёни парламентҳои кишварҳои Осиё, балки фазои муносиб барои барқарор намудани робитаҳои мустақими касбӣ байни сохторҳои парламентӣ низ мебошад.

Таъкид гардид, ки робитаҳои мустақим байни дастгоҳҳои парламентҳо метавонанд ба рушди умумии ҳамкориҳои байнипарламентӣ мазмун ва самти нави амалӣ бахшанд.

- Мо ҷонибдори он ҳастем, ки байни Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дабири кулли Маҷлиси намояндагони Подшоҳии Баҳрайн робитаҳои мунтазами корӣ ба роҳ монда шаванд. Ба андешаи инҷониб, табодули таҷриба дар самтҳои таъмини ташкилию ҳуқуқии фаъолияти парламент, омодасозии ҷаласаҳои пленарӣ ва кумитаҳо, кор бо санадҳои қонунгузорӣ, рушди муносибатҳои байналмилалӣ, масъалаҳои протоколӣ, иттилоотию таҳлилӣ ва такмили низоми идоракунии ҳуҷҷатҳо барои ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд, - изҳор дошт Абдуҷабор Сатторзода.

Ф. НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: