ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ
24-уми сентябри соли 2026 мулоқоти аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки барои иштирок дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе омаданд, баргузор шуд.
Зикр гардид, ки дар муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Чин дар солҳои охир ҳамкории байнипарлумонӣ яке аз самтҳои муҳими таҳкими робитаҳо ба ҳисоб меравад. Парлумонҳои кишварҳои мо дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, инчунин, дар фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба нақши муҳим доранд.
Гуфта шуд, ки масъалаҳои рушди неруи инсонӣ, дастгирии оила, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди маориф ва тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, инчунин, фароҳам овардани имкониятҳои нав барои ҷавонон барои кишварҳои мо аҳамияти муҳим доранд. Чунин мулоқотҳо имкон медиҳанд, ки таҷрибаи якдигарро омӯзем, самтҳои нави ҳамкориро муайян намоем ва оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарорҳои амалӣ таҳия кунем.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
