https://sadoimardum.tj

Ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар Рӯдакӣ

№:119 (5171), 05 окт 2026, 16:43
4

Дар доираи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108-и деҳаи Дарёобод майдончаи варзиш, дар назди муассисаи таълимии №58-и деҳоти Роҳатӣ маркази инкишофи барвақтии кӯдак, дар муассисаи таълимии №110 бинои нав бо 16 синфхона, дар назди муассисаи таълимии №59-и деҳаи Теппаи самарқандӣ 2 синфхонаи нав ва майдончаи варзиш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Гуфта шуд, ки бунёди майдончаҳои варзиш дар назди муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити муносиб ҷиҳати гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, машғулиятҳои варзишӣ ва ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.

Маркази инкишофи барвақтии кӯдак аз 3 синфхона иборат буда, дар ду баст 150 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад.

С. МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: