https://sadoimardum.tj

Намоди ҳастии миллат

№:119 (5171), 05 окт 2026, 16:47
4

Забони тоҷикӣ куҳантарин ва ғанитарин забони дунёст. Барои миллати тоҷик забони ӯ дар тӯли таърихи чандинҳазорсола нақши сипари маънавӣ ва кафили зинда мондани миллатро иҷро кардааст. Сарнавишти забони мо нишон медиҳад, ки дар давраҳои гуногун он марҳилаҳои душвору мураккаберо таҷриба намуда, барои пойдор мондан аз худ устувории боварнокарданиеро нишон додааст.

Марҳалаҳои инкишоф ва таҳаввулоти таърихии забони модарии мо дар асари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - «Забони миллат - ҳастии миллат» бо дидгоҳи илмӣ ва такя ба сарчашмаҳои муътамад мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Дар ин китоб бо далелҳои илмӣ исбот мешавад, ки забони тоҷикӣ меросбари бевоситаи забонҳои бостонии ориёӣ мебошад.

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки бархӯрди гӯишҳои бостонӣ ва шакл­гирии аввалияи забони тоҷикӣ дар ҳудуди Хуросону Мовароуннаҳр, дар соҳилҳои рӯдҳои Ому ва Сир, сурат гирифтааст.

Таърихи забони тоҷикӣ дар китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» ба таври муфассал даврабандӣ шудаанд. Давраи аввал марҳилаи авҷ ва шукуфоии забон дар асрҳои IX-X мебошад. Ин марҳила ба замони давлатдории Сомониён рост меояд. Дар он замон забони тоҷикӣ мақоми расмии давлатиро соҳиб шуд ва ба забони илму сиёсат ва адабиёт табдил ёфт. Дар ин давра бузургоне чун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино ва ҳамасрони онҳо бо забони тоҷикӣ асарҳои безавол офариданд.

Марҳилаи дуюм даврони озмоишҳо ва сарнавишти пурпечутоби забони мо дар асрҳои XI-XX мебошад. Китоби дувуми Пешвои миллат бо номи «Забон ва замон», маҳз, ҳамин марҳилаи душворро фаро мегирад. Пас аз суқути Сомониён ва ҳуҷуми муғулону қавмҳои туркнажод забони тоҷикӣ зери фишори шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳувиятзудоӣ қарор гирифт, вале ин нукта мусаллам аст, ки онҳо забони тоҷикиро чун забони дарбор ва ҳуҷҷатгузорӣ пазируфтанд ва дар паҳн кардани он дар хиттаҳои дигар саҳм гузоштанд. Онҳо роҳи дигар ҳам надоштанд, фақат забони тоҷикӣ буд, ки ин рисолатро анҷом дода метавонист. Аз ҷониби дигар, адабиёти тавонои мо чун сипари боэътимод миллатро аз нестшавӣ эмин нигоҳ дошт.

Сеюм давраи шуравӣ ва дигаргуниҳои алифбо ба ҳисоб меравад. Дар ин марҳила забони тоҷикӣ се бор бо фишори сиёсатбозиҳои замон алифбои худро дигар кард. Дар ин давра заҳматҳои устод Садриддин Айнӣ ва ҳамандешони ӯ барои исботи ҳастии миллати тоҷик ва забони мустақили он нақши ҳаётиро бозид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ­ ­Раҳмон таъкид мекунанд, ки «умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне, бақои забон бақои миллат аст» ва собит месозанд, ки дар тӯли таърих, ҳатто вақте ки тоҷикон давлатдории миллии худро аз даст дода буданд, маҳз забони модарӣ ҳувияти миллии онҳоро зинда ва побарҷо нигоҳ дошт.

Густариши забони тоҷикӣ берун аз марзҳои таърихии худ яке аз саҳифаҳои дурахшони он мебошад, чунки забони тоҷикӣ ба воситаи қудрати илмӣ, адабиёти тавоно ва фарҳанги волои худ дар қисмати аъзами ­қитъаи Осиё густариш ёфт. Ин ҳақиқат дар китоби «Забони миллат - ҳастии миллат» бо далелҳои қатъӣ собит шудааст.

Пас аз суқути Сомониён сулолаҳои Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён ва Темуриён ҳукуматро ба даст гирифтанд, вале аз сабаби он ки забони мукаммали давлатдорӣ, девондорӣ ва сиёсат надоштанд, забони тоҷикиро ҳамчун забони расмии давлатии хеш қабул карданд.

Дар замони Салҷуқиён (асрҳои XI-XII) забони тоҷикӣ аз ҳудуди Чин то баҳри Миёназамин забони расмии идории давлат гардид. Ҳатто султонҳои салҷуқӣ ба ин забон шеър менавиштанд ва мактубҳои дипломатии худро ба шоҳони кишварҳои аврупоӣ бо забони тоҷикӣ навишта мефирис­тоданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ қайд мекунанд, ки муҳри шахсии амир Темур ба забони тоҷикӣ буд ва дар он «Ростӣ, растӣ» ҳаккокӣ шуда буд. Номаҳои ӯ ба султон Боязиди Усмонӣ низ бо ҳамин забон иншо шудаанд.

Яке аз бузургтарин дастовардҳои таърихии забони тоҷикӣ густариши он дар Ҳиндустон мебошад, ки беш аз 800 сол - аз асри XI то XIX ҳамчун забони расмӣ, илмӣ, адабӣ ва давлатии ин сарзамин хидмат кард. Шоҳоне, мисли Акбаршоҳ ва Шоҳҷаҳон, забони тоҷикиро чунон тарғиб карданд, ки он забони умумии халқҳои мухталифи Ҳинд гардид.

Маҳз дар ҳамин муҳит бузургтарин шоирони тоҷикзабони Ҳинд, мисли Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Зебуннисо ва дигар бузургони илму адаб ба майдон омаданд, ки ганҷинаи адабиёти моро ғанӣ гардонданд. Дар Ҳинд садҳо фарҳангномаҳо (луғатҳо) ва китобҳои дастури забони тоҷикӣ навишта шуданд.

Забони тоҷикӣ ба ҷуз Ҳиндустон дар Туркия низ нуфуз дошт. Тавассути ба кишвари усмониҳо бо ҳар далеле кӯч бастани олимону шоирон ва рӯшанфикрон забони тоҷикӣ ба он ҷо ворид шуд.

Шоҳони усмонӣ забони тоҷикиро забони ашроф, фарҳанг ва шеър медонистанд.

Бузургтарин намунаи ин Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст, ки аз Балх ба Кония ҳиҷрат кард ва асарҳои безаволи худро, аз қабили «Маснавии Маънавӣ», ба забони модарияш офарид.

Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо вазифаи забони муоширати умумиро дар Шарқ иҷро мекард. Тоҷирон дар Шоҳроҳи абрешим - аз Бағдоду Эрон сар карда, то Бухорою Самарқанд ва дохили Чин, маҳз тавассути забони тоҷикӣ додугирифт ва муошират мекарданд.

Халқҳои зиёде маҳз барои хондани асарҳои тиббию фалсафӣ ва илмии Абуалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, шеърҳои ҳаким Фирдавсӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз ин забонро меомӯхтанд. Ин ҷозибаи маънавӣ боис шуд, ки ҳатто аҷнабиёни истилогар, мисли муғулҳо, шефтаи ин забон гардида, худашон ба тарғибгари он табдил ёбанд.

Имрӯз забони тоҷикӣ дар замони Истиқлоли давлатӣ марҳалаи нави рушди худро паси сар мекунад. Он аз як забони маҳдуди маишию фарҳангии замони шуравӣ ба забони давлатӣ табдил ёфтааст. Акнун он аз минбари баланди СММ чун овози тоҷик садо медиҳад, бо забони мо асарҳои илмӣ офарида мешаванд, нависандагону шоирон осори худро бо он халқ мекунанд.

ВОРИС,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: