Таърихсоз
Дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти онҳо бо сарнавишти давлату миллат пайванди ногусастанӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин чеҳраҳои таърихӣ мебошанд. Даврони роҳбарии эшон ба марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози миллат, барқарории сулҳу субот, таҳкими давлатдории миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ рост омад.
Нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо талошҳои пайгирона барои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ алоқаманд аст. Дар шароити ниҳоят душвори солҳои аввали истиқлол, ки хатари парокандашавии кишвар ва идомаи хунрезӣ вуҷуд дошт, роҳбарияти нави давлат роҳи музокира, созиш ва ҳамдигарбахширо пеш гирифт. Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар таърихи кишвар ҳамчун рӯйдоди сарнавиштсоз сабт гардид ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин марҳила масъулияти роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд.
Дар нахустин муроҷиатҳо ба мардум Пешвои миллат ҳадафи асосии фаъолияти минбаъдаи худро барқарор намудани сулҳ ва баргардонидани гурезаҳо ба Ватан арзёбӣ карданд. Ин мақсад минбаъд ба сиёсати пайгиронаи сулҳофарӣ табдил ёфт. Гузаронидани музокироти тӯлонӣ, ҷалби ҷонибҳои мухталиф ба раванди оштӣ ва расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ барои барқарории суботи кишвар заминаи устувор гузошт. Дар натиҷа, Тоҷикистон аз марҳилаи низоъ ба давраи сулҳ, барқарорсозӣ ва созандагӣ расид.
Таҷрибаи сулҳи тоҷикон таваҷҷуҳи муассисаҳои илмии ҷомеашиносии ҷаҳонро ба худ ҷалб намуда, метавонад ҳамчун таҷрибаи муҳими расидан ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мавриди омӯзиш қарор гирад, зеро сулҳ барои Тоҷикистон танҳо анҷоми ҷанг набуд. Он оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, барқарорсозии иқтисод ва эъмори ҷомеаи осоишта гардид. Дар солҳои баъдӣ бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ амалӣ шуда, заминаҳои рушди минбаъдаи кишвар фароҳам омаданд. Барқарории суботи сиёсӣ имкон дод, ки неруи ҷомеа аз муқовимат ба созандагӣ равона гардад.
Яке аз самтҳои муҳими ин марҳила рушди иқтисоди миллӣ ва саноат мебошад. Тоҷикистон, ки дар оғози истиқлол бо мушкилоти зиёди иқтисодӣ рӯ ба рӯ буд, тадриҷан ба бунёди корхонаҳои нав, азхудкунии иқтидорҳои энергетикӣ, рушди инфрасохтор ва густариши истеҳсолоти ватанӣ рӯ овард. Ба истифода додани иншооти муҳими энергетикӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Себзор», ду чархаи НБО «Роғун», нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон» ва «Озодӣ», шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок, Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма ва ғайра, заминаҳои иқтисодии кишварро таҳким бахшиданд.
Дар баробари энергетика саноати сабук, истихроҷи маъдан, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карданд. Сиёсати саноатикунонии босуръат ба масъалаи таъсиси ҷойҳои нави кор, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими имкониятҳои иқтисодии минтақаҳо равона гардид. Бунёди корхонаҳо ва иншооти истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳо нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ тадриҷан ба раванди ободонии маҳалҳо пайваст шудааст.
Ободонии шаҳру деҳот низ аз самтҳои намоёни сиёсати созандагӣ ба ҳисоб меравад. Дар даврони истиқлол симои шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон тағйир ёфт. Роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, майдонҳо, боғҳо, корхонаҳо ва биноҳои истиқоматӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд. Дар пойтахт ин раванд дар бунёди иншооти муҳими фарҳангию иҷтимоӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, Театри миллӣ, Варзишгоҳи миллӣ ва дигар маҷмааҳои муосир таҷассум ёфтааст.
Созандагӣ дар сиёсати давлатӣ танҳо сохтмони биноҳо нест. Он ба рушди маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум иртибот дорад. Таваҷҷуҳ ба мактабу дониш, китобхонӣ, ҳифзи мероси миллӣ ва тарбияи насли ҷавон аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ва фарҳангии даврони истиқлол ба шумор меравад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари масъалаҳои давлатдорӣ ва иқтисодӣ ба худшиносии миллӣ ва эҳёи хотираи таърихӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Таҷлили санаҳои муҳими таърихӣ, арҷгузорӣ ба чеҳраҳои барҷастаи илму адаб, эҳёи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва муаррифии мероси тамаддуни тоҷикон дар дохил ва хориҷи кишвар ба густариши худшиносии миллӣ мусоидат кардааст.
Сарвари давлат дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки шинохти дурусти таърих барои дарки масъулияти имрӯза ва сохтани ояндаи миллат аҳамияти бузург дорад. Ба ҳамин хотир, таҷлили ҷашнҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, аз ҷумла 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии «Авасто», 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисор ва дигар санаҳои таърихӣ ба рӯйдодҳои муҳими ҳаёти фарҳангии мамлакат табдил ёфтанд.
Эҳтиром ба шахсиятҳои бузурги миллат низ дар ин сиёсат ҷойгоҳи махсус дорад. Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Дар баробари ин, ба нашр ва дастрас намудани осори арзишманди миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Чопи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ва тақдими онҳо ба хонаводаҳои кишвар иқдоме буд, ки китоб ва мероси маънавиро ба муҳити зиндагии мардум наздиктар сохт. Ин гуна ташаббусҳо нишон медиҳанд, ки давлатсозӣ танҳо бо иқтисоду инфрасохтор маҳдуд намешавад, балки бунёди ҷомеаи соҳибмаърифат ва худогоҳро низ дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, симои сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини Тоҷикистон бо чанд самти асосӣ - таҳкими Истиқлоли давлатӣ, барқарории сулҳу ваҳдат, рушди иқтисод ва саноат, ободонии шаҳру деҳот, эҳёи арзишҳои миллӣ ва пешбурди ташаббусҳои байналмилалӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Фаъолияти сиёсӣ ва давлатдории даврони истиқлолро метавон аз рӯйи натиҷаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва байналмилалии ин марҳила мавриди омӯзиш қарор дод.
Дар ниҳоят, арзиши ҳар як давраи таърихӣ дар он аст, ки барои наслҳои баъдӣ чӣ мерос мегузорад? Сулҳу ваҳдат, давлатдории устувор, иншооти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ, шаҳрҳои обод, эҳёи хотираи таърихӣ ва ташаббусҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки чеҳраи Тоҷикистонро дар даврони истиқлол муайян кардаанд. Барои насли имрӯз вазифаи муҳим ҳифзи сулҳу субот, таҳкими истиқлол, идомаи корҳои созанда ва истифодаи оқилонаи имкониятҳои фароҳамомада мебошад.
Тоҷикистон роҳи душвореро аз гирдоби низоъ ба сӯи сулҳ ва аз мушкилоти ибтидоии истиқлол ба марҳилаи созандагӣ тай кардааст. Дар ин роҳ номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳифаҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон пайвастааст. Шояд, бузургтарин сабақи ин марҳила ҳамин бошад: миллате, ки сулҳро қадр мекунад, таърихи худро мешиносад ва ба оянда бо итминон менигарад, метавонад сарнавишти худро бо дасти худ созад. Сулҳ пояи давлат, ваҳдат, неруи миллат ва созандагӣ, роҳи минбаъдаи Тоҷикистон аст!
Фарҳод КАРИМЗОДА,
Нуралӣ НИЁЗӢ,
вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамчунин дигар маводҳо:
