https://sadoimardum.tj

Даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 55 фоиз иҷро шуд

№:119 (5171), 05 окт 2026, 16:57
13

1-уми октябри соли равон бо баргузор намудани маросими «Рӯзи даъватшаванда» ва гусели ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид. Чун солҳои пешин, дар рӯзи аввали маърака масъулини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъвати ҷавононро пурра иҷро намуда, нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввал 101 фоиз иҷро гардид.

Ба таври ихтиёрӣ ҳозир шудани ҷавонон ва дар рӯзи аввали маърака таъмин гардидани иҷрои нақшаи даъват бори дигар нишон медиҳад, ки барои ҷавонони вилоят хизмати ҳарбӣ на танҳо вазифаи шаҳрвандӣ, балки мактаби шараф, ҷавонмардӣ ва ватандӯстӣ мебошад.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар 2-юми октябри соли равон маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ботантана баргузор гардид.

Дар ин чорабинии тантанавӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, роҳбарони сохторҳои қудратии вилоят, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, раи­сони шаҳру ноҳияҳо, падару модарон ва ҷавонони фаъол иштирок намуданд.

Давлаталӣ Саид ҷавонони ватандӯстро ба муносибати сафарбар шудан ба хизмати Модар-Ватан табрик намуда, хизмати ҳарбиро барои ҷавонон мактаби муҳими обутоби ҷисмонӣ, ташаккули интизом, масъулиятшиносӣ, ҷасорат ва садоқат ба давлату миллат арзёбӣ кард.

Тавре хабар доданд, дар рӯзи аввали маъракаи даъватшавандагон шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Норак, Левакант, Вахш, Данғара, Дӯстӣ, Хуросон, Ховалинг ва Фархор нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуда, ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар сатҳи вилоят 76 фоиз иҷро шудааст.

Яке аз лаҳзаҳои хотирмони чорабинӣ гусели наваскарон бо риояи суннатҳои неки мардуми тоҷик - дуои хайр, нону намак ва дуои модарон буд, ки фарзандони худро бо сарбаландӣ ба хизмати содиқона гусел намуданд.

1-уми октябр дар қисми ҳарбии қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт маросими гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид. Дар ин рӯз ноҳияҳои Лахш, Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод ва Рашт ҳар кадом нақшаи даъвати ҳарбиро 100-фоизӣ иҷро намуданд.

Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода таъкид намуд, ки хизмат ба Ватан хизмат ба падару модар, аҳли оила, зодгоҳ ва сарзамини аҷдодӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд Ватанро дар баробари ҷони худ, мисли модари худ дӯст дорем ва онро ҷавонмардона ҳимоя ва ҳифз намоем.

Дар ҳамоиш ба зиёда аз 200 нафар наваскарон, ки курси ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа»-ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд.

Ҷавонони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара низ бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллӣ ба хизмати Ватан раҳсипор гардида, чун анъана, нақшаи даъвати ҳарбиро дар рӯзи аввал иҷро намуданд.

Дар қасри фарҳанги шаҳри Исфара ба муносибати гусели наваскарон ҳамоиши идона баргузор гардид. Ҷавонон бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватан дар назди волидон ва ҳамдеҳагон паҳлу ба паҳлу саф ороста, бо ин иқдоми ҷавонмардона садоқати худро ба давлату миллат нишон доданд.

Иштирокдорон аз масъулиятшиносӣ, ташаббуси ватандӯстона, ҳувияти баланди миллӣ, матонат ва ҷавонмардии ҷавонони ба хизмати Ватан ҳозиршуда ёдовар шуда, ба волидайни онҳо барои тарбияи фарзандони боғайрату далер изҳори сипос намуданд.

Натиҷаи рӯзи аввали даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ 55 фоизро ташкил дод.

Ҳамин тавр, иҷрои нақшаи даъват дар Ви­лояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 101, вилояти Хатлон - 76, вилояти Суғд - 13, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ - 64 ва шаҳри Душанбе 63 фоизро ташкил дода, беш аз 20 шаҳру ноҳияҳои кишвар нақшаи пешбинигардидаи даъвати навбатиро дар рӯзи аввал пурра ва дар сатҳи баланд ба иҷро расонидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли равон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999 - 2008 Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба хизмати ҳарбӣ» аз 1-уми октябри соли 2026 даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.

Наҷиба МУРОДБЕКОВА,

Машҳур Имомназар,

Сулаймон СУЛТОНОВ,

Субҳониддини МАҲМУД,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: