https://sadoimardum.tj

Оғози сохтмони се эстакада ва як пул дар Душанбе

№:129 (5181), 21 окт 2026, 11:22
1

19-уми октябри соли 2026 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ва вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Вэнтао дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд.
Тавре аз шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, эстакадаи якум дар қитъаи кӯчаҳои Абай - Абдулаҳад Қаҳҳоров бунёд гардида, дарозии он 3,736 км хоҳад буд.
Роҳи дусатҳаи нави дуюм дар буриши кӯчаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ бо Абдулаҳад Қаҳҳоров бунёд мегардад. Дар сатҳи дувуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд мешавад, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути чароғакҳо идора шуда, 2,310 км дарозӣ дорад.
Эстакадаи сеюм дар кӯчаҳои Ҷанубӣ – Абдулаҳад Қаҳҳоров бо пул сохта шуда, дарозии роҳ 2,848 км ва даро-зии пул 0,23 км хоҳад буд.
Лоиҳаи сохтмони эстакадаҳо ва пул дар шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурӣ бо Аген-тии давлатии рушди байналмилалии Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои чинии «China Railway First Survey and Design Institute Group» ва «Xi’an Engineering Consultancy & Management» идора карда мешавад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур барои анҷоми бо-сифати корҳои сохт­монӣ дар муҳлати муайянгардида дастуру ҳидоятҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки он бояд мувофиқи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардад, то солҳо ба сокинон хизмат намояд.
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: