https://sadoimardum.tj

Баррасии имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ

№:144 (5196), 09 ноя 2026, 11:38
0

Дар Маҷлиси намояндагон дар мавзуи «Нақши қонунгузор дар имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ» семинар баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби сурх дар Тоҷикистон, Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Институти давлат ва ҳуқуқи АМИТ ва масъулини дигар иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Рустам Шоҳмурод иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ барои устувории сулҳ, амнияти байналмилалӣ, риояи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бахусус, ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳта-рам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гувоҳи ин гуфтаҳост.
Зикр шуд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон тавассути қабули қонун ва ратификатсияи шартномаҳои бай-налмилалӣ аз ҷумла, дар робита ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳангоми амалӣ намудани ваколатҳои ташаббуси қонунгузорӣ, фаъолият дар доираи ташкилотҳои байнипарламентӣ бевосита дар раванди рушди ҳуқуқи бай-налмилалии башардӯстона иштирок менамоянд.
Таъкид гардид, ки даврони истиқлол дар раванди имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии ба-шардӯстӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда, дар низоми қонунгузории ҷиноятӣ, қонунгузорӣ дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли аҳмар, ҳифзи аломатҳои Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар, қонунгузории тандурустӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ғайра таҳаввулот ба вуҷуд омад. Кодификатсияи қонунгузорӣ ҳамчун ҷараёни доимӣ, қабули қонунҳои соҳавӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истифода ва ҳимояи аломату номҳои Салиби сурх ва Ҳилоли аҳмар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 12 майи соли 2001 ва «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон» аз 12 январи соли 2010, қадамҳои дигари устувор дар самти имплементатсияи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона мебошад, ки дар таҳия ва такмили онҳо қонунгузор саҳм дорад.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: