МВХ ноҳияи Нуробод баргузор гардид
30-юми июни соли 2025 таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Нуробод Солеҳзода Фатҳуддин Ҳусен иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия 5 масъала, аз ҷумла рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани тадбирҳои созандагиву ободонӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» дар ноҳия, рафти амалишавии барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастовардҳо ва мушкилоти соҳа, баррасӣ гардид.
Дар робита ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони ташкилоту корхонаҳо ва фаъолон вазифадор гардиданд, ки шанбегиҳо ва корҳои созандагию бунёдкориро роҳандозӣ намоянд.
Дастур дода шуд, ки татбиқи самараноки рафти иҷрои қонунҳо барои таҳкими ахлоқи ҷамъиятӣ ва тарғиби арзишҳои миллӣ миёни аҳолӣ, хусусан занон, дар самти маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги миллӣ ҷоннок карда шавад.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо, аз ҷумла, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони ҷавон, дар иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаю озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сохта ва ба истифода додани муассисаҳои нави таълимӣ, ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон тадбирҳо андешанд.
Аз рӯи масъалаи чоруми иҷлосия вакилони халқ низомномаи комиссияи доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар ноҳияи Нурободро тасдиқ намуданд.
Д. МИРЗО,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:





