https://sadoimardum.tj

Аз кумитаҳои Маҷлиси миллӣ

№:145 (5041), 08 дек 2025, 17:11
0

5-уми декабри соли 2025 дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ҷаласа доир гардид.

Дар ҷаласа Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» баррасӣ ва ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

Инчунин, аъзои кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ», «Оид ба ворид намудани ­тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро баррасӣ намуданд.

Тибқи тартиб, дар ҷаласа пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдара ва номгузорӣ намудани он, лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

5-уми декабр ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа ду масъала: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ва номгузорӣ намудани он мавриди баррасии аъзои кумита қарор гирифта, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардиданд.

5-уми декабр дар ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, аъзои кумита, нахуст, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» баррасӣ гардида, ба Шурои Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуданд.

5-уми декабр, ҳамчунин, ҷаласаи Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур доир гардид, ки дар он се масъала: интихоб намудани муовини раиси Комиссияи Маҷлиси миллӣ оид ба назорати Дастур, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА, 

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: