ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 270; с. 2021, № 1-2, мод. 12; с. 2024, № 1-2, мод. 17) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Кодекс калимаҳои «фоиз», «фоизи», «ғайри қобили», «Ғайри қобили» ва «ҷои истиқомати» мувофиқан ба калимаҳои «дарсад», «дарсади», «ғайриқобили», «Ғайриқобили» ва «маҳалли истиқомати» иваз карда шаванд.
2. Боби 24 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«БОБИ 24. МУҚОВИМАТ БА ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ ВА БЕМОРИИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ
Моддаи 160. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.
2. Барои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро қабул мекунад. Дар татбиқи барномаи мазкур мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.
3. Давлат ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ва аъзои оилаи онҳо кафолат медиҳад:
- риояи тамоми ҳуқуқ ва озодиҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гирифтани маълумот дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳо, уҳдадорӣ ва масъулият, оид ба хадамоти дастгирии иҷтимоию равонӣ ва гурӯҳҳои худёрирасони шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- дастгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият, дар татбиқи барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- амалӣ намудани назорати эпидемиологии сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таъмини маводди пешгирӣ, ташхис ва табобати вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- дастрасӣ, бехатарии табобат ва азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- харидории маводди доруворӣ барои табобати вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният аз рӯйхати доруҳое, ки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ тавсия кардааст;
- расонидани кумаки ройгони тиббӣ, аз ҷумла доруворӣ, дар муассисаҳои давлатӣ ва дар ташкилотҳои хусусии тиббӣ бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- махфӣ нигоҳ доштани маълумот дар бораи мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, агар шароит ва хусусиятҳои зиндагӣ ва меҳнати шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таҳдиди сироятёбӣ бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба дигаронро ба вуҷуд наоваранд;
- назорат ба бехатарии маводди доруворӣ, моеъҳои биологӣ ва бофтаҳои бо мақсадҳои ташхисӣ, табобатӣ ва илмӣ истифодашаванда;
- дастрасӣ ва кумаки саривақтии иҷтимоӣ ва равонӣ;
- инкишоф додани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули мунтазами иттилоот дар доираи барномаҳои байналмилалии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният.
Моддаи 161. Ҳуқуқ ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Шахсони воқеӣ, аз ҷумла гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, барои рафъи беморӣ ва фавти ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният алоқаманд, ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҳуқуқ доранд, аз ҷумла ба:
- гирифтани маълумот дар бораи роҳҳои сироят ва усулҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- гирифтани иттилооти мушаххас ва хизматрасониҳое, ки ба тағйир додани рафтори хавфнок дар байни гурӯҳҳои асосӣ ва осебпазири аҳолӣ нигаронида шудаанд;
- гузаронидани чорабиниҳои оммавии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла вохӯриҳо, семинарҳо, аксияҳо ва ташкили маҳфилҳои марбут ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ;
- ташхис ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо риояи принсипҳои махфият ва инсондӯстона.
2. Тартиби амалисозии чораҳои пешгирии паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ муайян мекунад.
Моддаи 162. Ҳуқуқ ва уҳдадории шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда
1. Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ҳуқуқ доранд ба:
- муносибати инсондӯстонаи ҷамъият, ки паст задани шаъну эътибори инсонро истисно менамояд;
- гирифтани маълумот дар бораи кафолатҳои давлатӣ, ҳуқуқ, уҳдадорӣ ва масъулияти алоқаманд ба беморие, ки онҳо доранд ва усулҳои кумаки тиббие, ки истифода мешаванд;
- махфӣ нигоҳ доштани иттилоот дар бораи вазъи саломатии худ, агар шароит ва хусусияти зисту кори онҳо таҳдиди сироятёбии дигаронро ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ба вуҷуд наорад;
- гирифтани маълумот дар бораи хадамоти дастгирии иҷтимоию равонӣ ва гурӯҳҳои худёрирасони шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- шинос шудан бо варақаи хабарнома дар бораи мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- гирифтани ҳамаи намудҳои ёрии тиббии ройгон, аз ҷумла доруворӣ, дар муассисаҳои давлатӣ ва дар ташкилотҳои хусусии тиббӣ бошад, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳсил дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии тиббие, ки дар онҳо шахсони гирифтори бемориҳо таҳсил карда наметавонанд, ки номгӯйи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян мекунад;
- гирифтани маводди ивазкунандаи шири модар аз тарафи падару модари кӯдаконе, ки аз модарони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таваллуд шудаанд, аз лаҳзаи таваллуд то пурра муқаррар шудани ташхиси кӯдак оид ба мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам. Тартиби таъини маводди ивазкунандаи шири модар ба кӯдаконе, ки аз модарони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда таваллуд шудаанд, ҳаҷм ва манбаи маблағгузории онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад;
- меҳнат ва нафақа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;
- вобаста ба ифшои маълумот дар бораи мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҷуброни зарари моддӣ ва маънавиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд.
2. Ҷуброни зараре, ки ба саломатии шахсони сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам дар натиҷаи номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои хизматии кормандони тиббии муассисаҳои тандурустӣ расидааст, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки дар қайди муассисаҳои давлатии махсусгардонидашудаи соҳаи тандурустӣ мебошанд, ҳангоми қабули табобати зиддиретровирусӣ ва ба ҳолати номуайян расонидани сарбории вирусӣ ҳамчун манбаи бехатари сироят барои шарикони ҷинсӣ ҳисобида мешаванд.
4. Шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда барои рафъи хатари сироятёбии дигарон ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният уҳдадоранд:
- бо варақаи огоҳӣ дар бораи паҳн накардани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният шинос шаванд;
- дастури кормандони тиббиро оид ба паҳн накардани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният иҷро намоянд ва ҳангоми тамос бо шахсони солим чораҳои пешгирикунандаро риоя намоянд;
- ҳангоми дараҷаи вазнини сирояти вирусӣ алоқаи ҷинсиро танҳо бо истифодаи рифола анҷом диҳанд;
- реҷаи диспансериро риоя намуда, табобати зиддиретровирусиро гиранд;
- манбаи сироят ва шахсони бо номбурда тамосдошта, ки хавфи сироят шудан ба ин бемориҳоро ба вуҷуд меоранд, пинҳон накунанд.
5. Риоя накардани дастурҳои табибон ё қоидаҳои дохилии ташкилоти тиббӣ аз ҷониби шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда асос барои ба ҷавобгарӣ кашидан тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда, боиси рад кардан аз пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ намегардад.
Моддаи 163. Ҷавобгарии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда
Ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дидаю дониста таҳти хатари сироятёбӣ гузоштан, сироят кардани шахси дигар ё якчанд нафар ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният манъ аст. Шахси гунаҳкор зарари расондашударо ҷуброн менамояд.
Моддаи 164. Ҳуқуқи падару модарон (ё шахсони онҳоро ивазкунанда)-и кӯдакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда
1. Падару модарон (ё шахсони онҳоро ивазкунанда)-и кӯдакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ҳуқуқ доранд ба:
- якҷо қарор доштан дар беморхонаҳо бо кӯдакони синни то 14 бо озод намудани онҳо аз кор дар ин давра ва пардохти иловапулӣ аз рӯйи корношоямии муваққатӣ;
- нигоҳ доштани собиқаи меҳнатии яке аз падару модар дар ҳолати аз кор озод шудан бо сабаби нигоҳубини кӯдаки то синни 18 барои пардохти кумакпулии корношоямии муваққатӣ, агар онҳо то ба синни зикрёфта расидани кӯдак ба кор дохил шуда бошанд;
- рафтуомади ройгони яке аз падару модар ё дигар намояндаи қонунии кӯдак ба ҷойи табобат.
2. Модароне, ки кӯдаки то синни 18 бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда доранд, барои гирифтани рухсатии ҳарсола дар вақти барояшон мувофиқ ҳуқуқ доранд. Дар сурати набудани модар ва чунин кӯдакро тарбия кардани падар ё шахси дигар, ин ҳуқуқ ба он дода мешавад.
Моддаи 165. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони тиббӣ
1. Кормандони тиббие, ки дар натиҷаи иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ ба вируси норасоии масунияти одам сироят ёфтаанд ва мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният шудаанд, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:
- беҳтар кардани шароити манзилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нафақаи пиронсолӣ, дар мавриди фавтидани онҳо аз бемории пайдошудаи норасоии масуният ба пардохт кардани нафақа дар ҳаҷми 100 дарсад ба аъзои корношоями оила ва фарзандони онҳо то расидан ба синни балоғат;
- рухсатии ҳарсолаи давомнокиаш на камтар аз 36 рӯзи корӣ бо истифодаи он дар вақти барои онҳо мувофиқ;
- гирифтани табобати ҳарсола дар муассисаҳои санаторию курортӣ, новобаста ба тобеияти идоравии онҳо;
- муқаррар намудани далели сирояти касбӣ, ҷуброни зарар, ки андоза ва тартиби онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Дар сурати сироят кардани шахси дигар ё якчанд шахс бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар натиҷаи номатлуб иҷро кардани уҳдадориҳои касбӣ ва риоя накардани қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарӣ, кормандони соҳаи тиб мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
Моддаи 166. Манъи маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда
Маҳдуд намудани ҳуқуқи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда дар ҳолатҳои зерин манъ аст:
- содир намудани ҳама гуна кирдорҳои оммавӣ бо мақсади барангехтани кина ва паҳн намудани муносибати бадбинона нисбат ба шахс ё гурӯҳҳои аҳолӣ дар асоси ҳолати воқеӣ ва тахминии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- истифода бурдани шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ба сифати субъект барои тадқиқотҳои тиббии воситаю усулҳо, омӯзиши илмӣ ё раванди таълимӣ бе розигии онҳо;
- табъиз дар асоси мавҷудияти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният;
- маҳдудияти ҳуқуқ ба манзил ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии аъзои оилаи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда;
- рад кардани қабул дар ташкилотҳои тандурустӣ ва расонидани кумаки фаврии тиббӣ ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда.
Моддаи 167. Азназаргузаронии тиббӣ барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам
1. Азназаргузаронии тиббии шаҳрвандон бо мақсади муайян намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ташкилотҳои давлатӣ ва хусусии тиббӣ гузаронида мешавад. Азназаргузаронии тиббии ноболиғон ва шахсони ғайриқобили амал эътирофшуда танҳо бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо гузаронида мешавад ва онҳо ҳуқуқ доранд ҳангоми азназаргузаронии тиббӣ иштирок намоянд. Азназаргузаронии тиббӣ ба таври махфӣ гузаронида шуда, пеш ва баъд аз азназаргузаронии тиббӣ машварати равонию иҷтимоӣ гузаронида мешавад ва натиҷаи азназаргузаронӣ ба шахсе, ки азназаргузарониро гузаштааст ё ба намояндаи қонунии ӯ дода мешавад.
2. Азназаргузаронии тиббӣ дар намудҳои зерин гузаронида мешавад:
- азназаргузаронии ихтиёрии тиббӣ;
- азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ;
- азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ.
3. Тартиби азназаргузаронии тиббӣ бо мақсади ошкор сохтани сирояти вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният, баҳисобгирӣ, муоинаи тиббии сироятшавӣ ба вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва муоинаи пешгирии онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Азназаргузаронии ихтиёрии тиббии шахсони воқеӣ, аз ҷумла гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, бо хоҳиши онҳо ва ё дар асоси розигии онҳо гузаронида мешавад.
5. Шахсоне, ки аз азназаргузаронии ҳатмии тиббӣ даст мекашанд, наметавонанд дар ихтисосҳое, ки хавфи баланди сироятпазирӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро доранд, кор кунанд, донори хун ва дигар моеъҳои биологӣ, узв ва бофтаҳо шаванд.
6. Азназаргузаронии маҷбурии тиббии шахси воқеӣ, аз ҷумла гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бе розигии онҳо ё бе розигии намояндаи қонунии онҳо, бо талаби ташкилотҳои тиббӣ аз рӯйи нишондодҳои эпидемиологӣ гузаронида мешавад.
7. Азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ аз рӯи нишондодҳои эпидемиологӣ танҳо дар муассисаҳои давлатии махсусгардонидашуда гузаронида мешавад.
8. Азназаргузаронии ихтиёрӣ, ҳатмӣ ва маҷбурии тиббӣ бо усули тести оҷилӣ ё ташхиси иммуноферментии хун гузаронида мешавад. Ҳангоми гирифтани натиҷаи мусбат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиббӣ шахсияти бемор (пурра насаб, ном, номи падар, санаи таваллуд ва маҳалли зист ё истиқомати доимӣ) тасдиқ карда мешавад ва барои ташхисҳои тасдиқкунанда мутобиқи алгоритми миллии ташхиси вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният намунаи хун гирифта мешавад. Бо мақсади риояи стандартҳои ташхиси озмоишгоҳии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ва ба даст овардани натиҷаҳои боэътимоди тадқиқот, тамоми тестҳои аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ харидашуда бояд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳи озмоишгоҳи референсии муассисаи давлатии махсусгардонидашуда дар соҳаи муқовимат бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масунияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ аз санҷиш (валидатсия) гузаранд.
9. Шахсе, ки аз азназаргузаронии тиббӣ гузаштааст, новобаста ба муҳлат, ҳуқуқ дорад дар ҳамон ташкилот ё дигар ташкилоти низоми тандурустии давлатӣ ё хусусӣ такроран аз азназаргузаронии тиббӣ гузарад.
10. Азназаргузаронии тиббии кормандони тиб (ҳангоми ба кор даромадан ва муоинаи даврии тиббӣ) барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният танҳо дар муассисаи давлатии махсусгардонидашуда дар соҳаи муқовимат бар зидди вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масунияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад.
11. Ҳангоми саркашӣ намудани шахсон аз азназаргузаронии маҷбурии тиббӣ, маълумот дар бораи онҳо ба мақомоти корҳои дохилии маҳалли истиқомат барои таъмини маҷбуран овардан ба ташкилоти тиббӣ ё мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо дода мешавад.
Моддаи 168. Назорати диспансерии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда
Назорати диспансерии шахсони воқеӣ, аз ҷумла гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд ва мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, аз ҷониби муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар асоси протоколҳои клиникӣ, роҳнамо ва дастурҳое, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ тасдиқ мекунад, гузаронида мешавад.
Моддаи 169. Нигаҳдории маълумот дар бораи шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, додани он ва ҷавобгарӣ барои ошкор кардани он
1. Маълумот дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният маълумоти махфӣ (сирри тиббӣ) буда, он тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз дошта мешавад.
2. Маълумоти оморӣ оид ба сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният бо тақсимот аз рӯйи ҷинс, синну сол, маҳалли истиқомат ва роҳҳои сироятёбӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, мақомоти тандурустии вилоят, шаҳр, ноҳия ва хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар муҳлати муқарраршуда ё бо дархости онҳо пешниҳод карда мешавад.
3. Маълумоти шахсӣ дар бораи сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар асоси қарори суд ё бо дархости мақомоти тафтишотӣ дода мешавад.
4. Ошкор намудани маълумот дар бораи сироятёбии шахс ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, манъ аст.
Моддаи 170. Кумаки тиббӣ, иҷтимоию равонӣ ва чорабиниҳои дорои хусусияти пешгирикунанда дар муассисаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ
1. Шахсоне, ки бо вируси норасоии масунияти одам зиндагӣ мекунанд ва дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ва ё дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адои ҷазои ҷиноятӣ доранд, ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳои зарурӣ кумаки тиббӣ, машваратӣ, кумаки иҷтимоию равониро дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи тиббии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мақоми ваколатдори давлатии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ё дар ташкилотҳои хусусии тиббӣ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки бо мақоми ваколатдори давлатии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамоянд, гиранд.
2. Ҳуқуқҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки дар ҳабс нигоҳ дошта мешаванд ва ё дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адои ҷазои ҷиноятӣ доранд, мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқҳои шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки дар озодӣ қарор доранд, баробаранд.
3. Маълумот дар бораи вазъи саломатии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки дар ҳабс қарор доранд ва ё дар ҷойҳои маҳрум сохтан аз озодӣ адои ҷазои ҷиноятӣ доранд, бояд дар ҳуҷҷатҳои танҳо барои кормандони тиббӣ дастрас нигоҳ дошта шаванд ва танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ барои таъмини амнияти дигар маҳбусон ва кормандони маҳбас ё бо розигии онҳо ифшо карда мешаванд.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатии низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ барномаҳои пешниҳоди иттилоот ва гузаронидани кори фаҳмондадиҳиро дар соҳаи тандурустӣ дар ташкилотҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳия ва амалӣ менамояд.
Моддаи 171. Ҳифзи иҷтимоии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳо
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқарраргардида дар ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ барномаҳо оид ба дастгирии иҷтимоии шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, мубталои бемории пайдошудаи норасоии масуният ва аъзои оилаи онҳоро якҷо таҳия ва татбиқ менамоянд, дар таъин кардан ва пардохтани нафақаю кумакпулиҳо, дар расонидани кумакҳои иҷтимоию маишӣ, дар гирифтани таҳсил, бозомӯзӣ ва бо кор таъмин намудани онҳо, дастгирии иҷтимоии кӯдакони ятим ё бе парастории падару модар монда кумак мерасонанд.
2. Ба шахсоне, ки сироятёбии онҳо ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар натиҷаи амалиёти тиббии бо тартиби расмӣ иҷрошуда ба вуҷуд омадааст, таъмини нафақа ва пешниҳоди ҳуқуқи бе навбат гирифтани манзил дар сурати набудани он ё беҳтар кардани шароити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
3. Ба кӯдакони то синни 18, ки мубталои вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният мебошанд, кумакпулии ҳармоҳаи давлатӣ таъин карда мешавад. Тартиби таъин намудани кумакпулӣ ва андозаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ дар асоси нишондодҳои тиббӣ барои кӯдакони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда, ки дар ташкилотҳои тандурустӣ ё дар хона қарор доранд, таҳсилро аз рӯйи барномаҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи стандартҳои давлатии таҳсилот ташкил менамоянд.
Моддаи 172. Ҳифзи иҷтимоии шахсоне, ки хавфи сироят шудан ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро доранд
1. Шахсоне, ки ба расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ, гузаронидани тадқиқоти озмоишгоҳӣ ё илмӣ, ки ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният робита доранд, дар соҳаи истеҳсоли доруҳои вирусӣ кор мекунанд, кормандони хадамоти иҷтимоӣ ва дигар шахсоне, ки дар расонидани кумак ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда ҷалб мешаванд, ҳатман бояд аз ҳодисаи сироятёбӣ ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон, инчунин маъюбшавӣ ва фавт дар натиҷаи бемории пайдошудаи норасоии масуният суғуртаи ҳатмии давлатӣ карда шаванд. Тартиби суғуртаи ҳатмии гурӯҳи кормандони зикршударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Маъмурияти ташкилотҳои тиббие, ки кормандони онҳо барои ошкор намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният тадқиқоти ташхисӣ мегузаронанд, ба шахсони сироятёфтаи вируси норасоии масунияти одам ва беморони гирифтори бемории пайдошудаи норасоии масуният кумаки табобатӣ мерасонанд, бо хун ва дигар маводди шахсони сироятшуда тамос доранд, уҳдадоранд, ки гурӯҳи кормандони зикргардидаро бо лавозимоти зарурии муҳофизатӣ таъмин карда, муоинаи мунтазами онҳоро бо мақсади муайян намудани вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният гузаронанд.
3. Ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният сироят ёфтани кормандони тиббӣ, фарматсевтӣ ва кормандони дигар ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба гурӯҳи бемориҳои касбӣ мансуб мебошад.
Моддаи 173. Имтиёзҳои меҳнатии кормандоне, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда кумаки тиббӣ мерасонанд
Кормандони ташкилотҳои тандурустии давлатӣ, ки ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда кумаки тиббӣ ё кумаки дигар мерасонанд, тадқиқоти илмиро бо истифодаи маводди сироятёфта мегузаронанд ва дорувории биологӣ барои ташхис истеҳсол менамоянд, ҳуқуқ доранд:
- ба иловапулӣ ба маоши вазифавӣ дар ҳаҷми 100 дарсад;
- ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи давомнокиаш то 56 рӯзи тақвимӣ;
- ба рӯзи кутоҳи корӣ (рӯзи кории 6-соата).
Моддаи 174. Ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ ва баҳодиҳии самаранокии муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Ҳамоҳангсозии амалиёт оид ба муайян намудани афзалиятҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, таҳияи барнома ва нақшаҳои фаъолият, омода намудани нақшаҳои молиявӣ, амалӣ гардонидани мониторинг ва арзёбии самаранокии фаъолият дар ҳамаи зинаҳо аз ҷониби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ, ки намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шахсони сироятшудаи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳоро дар бар гирифта, дар фаъолияти муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар зинаҳои дахлдор фаъолона ширкат меварзанд, анҷом дода мешавад.
2. Мақомоти дахлдори иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ барномаҳои муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро барои гурӯҳҳои осебпазир ва махсуси аҳолӣ бо хатари бештари сироятёбӣ аз вируси норасоии масунияти одам, бемории пайдошудаи норасоии масуният ва инчунин барои кӯдакони бесарпараст таҳия ва татбиқ менамоянд.
Моддаи 1741. Ҳамкории байнисоҳавӣ дар муқовимат ба вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба нақшаҳои фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таълимӣ фаслҳоро, ки ба пешниҳоди маълумоти дастрас ба хонандагон оид ба тарзи ҳаёти солим ва роҳҳои сироят, усулҳо ва роҳҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният алоқаманданд, дохил менамояд.
2. Муассисаҳои давлатии тандурустӣ якҷо бо мақомоти назорати муомилоти ғайриқонунии маводди нашъадор дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ барномаҳои пешгирии вируси норасоии масунияти одамро барои истеъмолкунандагони маводди нашъадор бо роҳи тазриқӣ таҳия ва татбиқ менамоянд.
3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш, занон ва оила, дин ва танзими ҷашну маросим, телевизион ва радио, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, корҳои дохилӣ ва нақлиёт якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ нақшаи чорабиниҳо оид ба пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ таҳия ва амалӣ менамоянд.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2213
қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №119
қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 12 ноябри соли 2025, №208
