Дар Маҷлиси намояндагон мизи мудаввар баргузор шуд
Чоруми декабри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Масоили рушди соҳаи иттилоот ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, воситаҳои ахбори омма иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода зикр кард, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд яке аз афзалиятҳои сиёсати ҳуқуқии Ҳукумати Тоҷикистон буда, арзиши олӣ будани гуногунандеширо таъмин менамояд.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро барои дастрасӣ ба озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи ахбор кафолат додааст. Дар самти таъмини қонуният ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар соҳаи иттилоот нақши мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузург мебошад. То имрӯз вобаста ба соҳаи иттилоот дар ҷумҳурӣ 10 қонун, як консепсия ва як стратегияи давлатӣ қабул шудааст. Илова бар ин, меъёрҳое, ки ба озодии сухан ва афкор, озодии матбуот ва дигар паҳлуҳои фаъолияти воситаҳои ахбори омма ва уҳдадориҳои кормандонаш дахл доранд, дар қонунҳо, кодексҳо ва санадҳои дигари меъёрию ҳуқуқии кишвар ҷой дода шудаанд, - таъкид намуд ӯ.
Доир ба натиҷаҳои мизи мудаввар тавсияҳои дахлдор қабул карда шуд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
