ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ – муайян кардани мақоми муассисаи таълимӣ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) барномаи таҳсилотӣ – ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну мундариҷаи таҳсилотро аз рӯйи самт (ихтисос)-и зинаи алоҳидаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд;
3) барномаи таҳсилотии муштарак – барномаи таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби ду ва зиёда муассисаҳои таълимӣ амалӣ гардида, фаъолияти муштаракро дар таҳия ва татбиқи барномаи таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар назар дошта, шахс аз рӯйи натиҷаи азхудкунии барномаи таҳсилотӣ ду ва ё зиёда ҳуҷҷати хатми муассисаи таҳсилоти олиро соҳиб мегардад;
4) грант – маблағҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот, инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон, постдокторантон, муҳаққиқон ва коромӯзон ҷудо карда мешаванд;
5) муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ – муассисае, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, барномаи таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимиро дар дохил ва хориҷи кишвар амалӣ менамояд;
6) муҳлати таҳсил – давраи муқарраргардидаи азхудкунии барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хатмкунанда мебошад, ки дар асоси дарёфти таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда мешавад;
7) озодии академӣ – озодии баёни мазмуни таълим аз рӯйи салоҳдиди худ дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ, нақшаҳои таълимӣ, интихоби мавзуъ барои тадқиқоти илмӣ ва ҳалли он бо методҳои худ, инчунин, озодии донишҷӯён дар гирифтани ихтисос вобаста ба майлу хоҳиши худ дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ;
8) Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – маҷмуи талабот дар самти таҳсилоти олии касбӣ, ки барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ муқаррар гардидаанд;
9) табодули академӣ – ҳаракати донишҷӯён ва ё омӯзгорон дар давраи муайяни академӣ дар муассисаи дигари таҳсилоти олии касбӣ дар дохили мамлакат ва берун аз он, ки ҳадафи асосии он таҳсил, гузаштан аз такмили ихтисос ва гузаронидани тадқиқот мебошад;
10) таҳсилоти дудиплома ва бисёрдиплома – имконияти таҳсил дар ду ва зиёда муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар аз рӯйи барномаҳои таҳсилотии муштарак ва гирифтани дипломҳои муассисаҳои мазкур ба ҳисоб меравад;
11) таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар фосилаи гуногун бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон (дар шакли рӯзона-фосилавӣ, ғоибона-фосилавӣ) имконпазир менамояд;
12) таҳсилоти дуалӣ – низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Амали Қонуни мазкур нисбат ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегардад.
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро танзим менамоянд, дар қисмате амал мекунанд, ки ба Қонуни мазкур зид набошанд.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
1) қонуният;
2) худмухторӣ;
3) шаффофият;
4) таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон;
5) хусусияти инноватсионӣ доштани фаъолият;
6) ҷанбаи илмӣ, дунявӣ ва инсондӯстии таълиму тарбия;
7) бартарии арзишҳои миллию умумибашарӣ;
8) ҳамгироии таҳсилот, илм ва истеҳсолот.
БОБИ 2. ВАЗЪИ ҲУҚУҚИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 5. Муассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
2. Мақоми байналмилалии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Худмухтории муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Худмухторӣ рукни асосии ташкили раванди таълимӣ, таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, рушди стратегӣ ва инноватсионӣ, тарбиявӣ ва муносибатҳои молиявию иқтисодии муассисаи мазкур буда, муассисаи таълимӣ ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ, робитаҳои байналмилалӣ, рушди стратегӣ ва инноватсионӣ, тарбиявӣ, молиявию иқтисодӣ ва дигар намуди фаъолият дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мустақил мебошад.
2. Худмухторӣ шакли фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ мебошад, ки масъулияти муассисаро дар назди муассис тибқи қонунгузорӣ муайян мекунад.
Моддаи 7. Идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
2. Идоракунӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби ректор ва мақоми коллегиалии идоракунӣ амалӣ карда мешавад.
3. Ба мақоми коллегиалии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ Шурои олимон ва раёсат (ректорат) дохил мешаванд.
4. Ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва вазифаҳои муассиса, ҳуқуқу уҳдадориҳои ректор, Шурои олимон ва раёсат (ректорат) дар оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 8. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
2. Роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмию тадқиқотии дар сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ мавҷудбуда бо пешниҳоди ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
Моддаи 9. Сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Сохтори идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар оинномаи он муқаррар карда мешавад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи қонунгузорӣ, дар давлатҳои хориҷӣ шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии худро дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад.
Моддаи 10. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
2. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
1) ном, суроға ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ;
2) мақсад, вазифа ва самтҳои асосии фаъолият;
3) ҳуқуқ, уҳдадориҳо ва вазифаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ;
4) ҳуқуқу уҳдадориҳои ректор, Шурои олимон, раёсат (ректорат), омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон, постдокторантон ва коромӯзон;
5) тартиби идоракунӣ;
6) ташкили раванди таълим;
7) сохтор ва ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ;
8) фаъолияти илмӣ, илмию тадқиқотӣ, методӣ ва таҳририю интишорӣ;
9) омодасозии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва такмили ихтисоси кормандон ва омӯзгорон;
10) қабул, хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон, постдокторантон ва коромӯзон;
11) ба кор қабул намудани кормандон ва омӯзгорон;
12) назорати фаъолияти муассисаҳои зертобеъ;
13) робитаҳои байналмилалӣ;
14) молу мулк ва фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ;
15) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
16) тартиби азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ;
17) тартиби ворид намудани тағйиру иловаҳо ба оиннома;
18) масъалаҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат намекунанд.
Моддаи 11. Ҳуқуқҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ҳуқуқ дорад:
1) шакли таълимро аз рӯйи равия ва ихтисос муайян намояд;
2) ҷиҳати истифодаи мақсадноки неруи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва таълимгирандагон сохтори ташкилӣ, шакли таҳсил ва тадбирҳои ҳавасмандгардониро амалӣ намояд;
3) барои корҳои тарбиявӣ чораҳои ҳавасмандгардонӣ андешад;
4) омӯзгорону кормандонеро, ки дар давоми сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, дар ҳолати сарфаи музди меҳнат аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ бо мукофотпулиҳо қадрдонӣ намояд;
5) ба ҳайати профессорию омӯзгорӣ ва кормандон барои таҳияи китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ ва маводи дигари таълимию методӣ ҳаққи қалам муқаррар намояд;
6) дар асоси қарори Шурои олимон барои ҳимояи рисолаҳои номзади илм, доктори фалсафа (РhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори илм ва доктори ҳабилитат ҳавасмандкуниҳои молиявиро татбиқ намояд;
7) ҷадвали басти вазифаҳои омӯзгорону кормандони муассиса ва шахсони дигари ба фаъолият ҷалбшударо дар доираи фонди музди меҳнат дар мувофиқа бо муассис муқаррар ва тасдиқ намояд;
8) дар доираи имкониятҳои дохилӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои ишғоли вазифаҳои профессор, дотсент ва кормандони илмию педагогӣ, инчунин кормандони дигар тадбирҳои заруриро андешад;
9) ба муассисаҳои илмию таълимӣ, ташкилотҳо ё муассисаҳои дигари байналмилалие, ки манфиатҳои умумиро ифода мекунанд (тайёр кардани мутахассисон, табодули омӯзгорону донишҷӯён, тадқиқоти илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ ва шаклҳои дигари фаъолият), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил шавад ва аз онҳо барояд;
10) дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва ғайра иштирок намояд;
11) бо муассисаҳо, фондҳо ва ташкилоту созмонҳои дигари байналмилалӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаро ба роҳ монда, лоиҳаҳоро татбиқ намояд;
12) ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳои байналмилалии байнидонишгоҳӣ, иштироки фаъол дар барномаҳои созмонҳои байналмилалии соҳавӣ ва гузаронидани чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ тадбирҳои амалӣ андешад;
13) барномаҳои таҳсилотии муштарак, аз ҷумла таҳсилоти дудиплома ва бисёрдиплома, табодули академӣ, таҷрибаомӯзӣ ва таҷрибаивазкунии донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, унвонҷӯён ва докторантонро дар хориҷи кишвар роҳандозӣ намояд;
14) барномаҳои таълимӣ ва илмии байналмилалиро амалӣ карда, лоиҳаҳои байналмилалии муштарак (аз ҷумла, сармоягузорӣ) ва грантҳоро тавассути Маркази идораи лоиҳаҳо таҳия ва татбиқ намояд;
15) барномаҳои таҳсилотии муштаракро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ таҳия ва татбиқ намуда, таълимгирандагону муҳаққиқонро аз хориҷи кишвар барои таҳсил ва тадқиқот ҷалб намояд;
16) котиби масъули комиссияи қабулро бо қарори Шурои олимони муассиса таъин намояд;
17) барои омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, докторантон ва постдокторантон, муҳаққиқон, коромӯзон грантҳо ва стипендияҳои байналмилалиро ҷалб намуда, ба таълимгирандагону мутахассисони аз кишварҳои хориҷӣ ҷалбшуда тибқи тартиби муқарраргардида грантҳо ва стипендияҳо пешниҳод намояд;
18) аз раддабандиҳои байналмилалӣ гузашта, барои баланд бардоштани мақоми худ шароит фароҳам оварад;
19) бо мақсади ҷорӣ намудани стандартҳои таҳсилоти байналмилалӣ омӯзгоронро аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ ҷалб намояд;
20) барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ мутахассисонро аз хориҷи кишвар тибқи талаботи қонунгузорӣ ба кор ҷалб намояд;
21) тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ молу мулкеро, ки аз ҷониби муассис вобаста карда шудааст, мувофиқи таъинот ва мақсадҳои пешбинигардида истифода намояд ва ҳангоми зарурат барои аз эътибор соқит намудани он чораандешӣ намояд;
22) молу мулки дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бадастомадаро бо қарори Шурои олимон мустақилона ихтиёрдорӣ намояд;
23) воҳидҳои табобатию варзишӣ, осоишгоҳҳои фароғатию фарҳангӣ, хоҷагии ёрирасон ва зерсохторҳои дигар дошта бошад;
24) фаъолияти таълимӣ, таълимию методӣ, илмию тадқиқотӣ ва инноватсионӣ, тарбиявӣ, робитаҳои байналмилалӣ, кадрӣ, коргузорӣ ва молиявию хоҷагидории воҳидҳои сохтории худро назорат намояд;
25) тартиби истифодаи самараноки маблағҳои аз сарчашмаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба суратҳисоб воридшударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кунад;
26) истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигари аз сарчашмаҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манънашудаи ба суратҳисоб воридшударо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
27) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзии молиявӣ суратҳисоби алоҳидаи худро дошта бошад;
28) ҳангоми баргузории озмунҳо (тендерҳо) аз суратҳисоби дар бонкҳо доштаи худ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда хариди мол ва хизматрасониҳоро тариқи ғайринақдӣ пардохт намояд;
29) бо мақсади ҷалби омӯзгорон ва мутахассисони хориҷӣ ба корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, инноватсионӣ ва машваратӣ музди меҳнатро дар асоси шартномаи тарафайн ва Тартиби пардохти музди меҳнати тафриқавӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҳисоби фонди музди меҳнат дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот бо назардошти 30 дарсад барои омӯзгорони дорои дараҷаи илмӣ пардохт намояд;
30) барои таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои инноватсионӣ, сармоягузорӣ ва грантӣ дар асоси қарори Шурои олимон аз маблағҳои махсуси дар ихтиёрдоштаи худ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода намояд;
31) дар асоси қарори Шурои олимон барои ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ чораҳои ҳавасмандкуниро татбиқ намояд;
32) реҷаи тақвими академӣ (вақти дарсӣ, рӯзҳои корӣ)-ро муайян намояд;
33) бо ташкилотҳои молиявии маблағгузор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад;
34) ҷиҳати таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ (донишкадаҳо, филиалҳо, факултетҳо, марказҳои муштарак ва ғайраҳо) ба муассис пешниҳод манзур намояд;
35) ҳуқуқҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ намояд.
Моддаи 12. Уҳдадориҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ уҳдадориҳои зерин дорад:
1) ба роҳ мондани фаъолияти худ мутобиқи Конститутсия, қонунҳо, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
2) пешниҳод намудани ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаи фаъолияти худ;
3) гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) таъмин намудани шароити мусоид барои барномаи табодули академӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
5) таҳия ва нашри маводи илмӣ ва таълимию методӣ;
6) ташкил ва баргузор намудани корҳои илмию тадқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва инноватсионӣ;
7) таъмин намудани шароити мусоид барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ;
8) омода намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат;
9) таъмин намудани риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар раванди таълиму тарбия;
10) иҷро намудани уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Моддаи 13. Вазифаҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ вазифаҳои зерин дорад:
1) назорати раванди таълим дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот;
2) қонеъ гардонидани талаботи таълимгирандагон барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ ва фарҳангии онҳо;
3) рушди илм ва иқтидори зеҳниву эҷодӣ ба воситаи фаъолияти илмию тадқиқотӣ;
4) истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар раванди таълим ва истеҳсолот, инчунин, тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) омӯзиш, бозомӯзӣ, такмили ихтисоси кадрҳои илмию омӯзгорӣ ва дигар кормандон дар дохил ва хориҷи кишвар;
6) инкишоф додани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳифзи шаъну шарафи донишҷӯён;
7) расонидани хизмати маишӣ ва ташкили саёҳат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мувофиқи зарурати фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ;
8) таҳия ва тасдиқи барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар мувофиқа бо муассис;
9) таҳия ва амалисозии барномаҳои сармоягузорӣ ва лоиҳаву грантҳои байналмилалӣ;
10) гузаронидани аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ҳар 5 сол дар мувофиқа бо муассис;
11) иҷрои вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
БОБИ 3. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, ТАЪЛИМИЮ МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 14. Фаъолияти таълимӣ ва таълимию методӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Фаъолияти таълимӣ ва таълимию методӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 15. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Стандарти мазкур маҷмуи талаботро дар самти таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ муқаррар менамояд.
2. Сохтори Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:
1) сохтори таҳсилоти олии касбӣ ва ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбӣ дар муассиса;
2) талаботи умумӣ оид ба барномаҳои таҳсилотӣ ва механизми татбиқ намудани онҳо;
3) меъёрҳои умумии муайян намудани сарбории таълимии донишҷӯйи муассиса ва ҳаҷми он;
4) озодиҳои академии муассиса дар муайян намудани мундариҷаи таҳсилоти олии касбӣ;
5) талаботи умумӣ ба таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) тартиби таҳия ва тасдиқ намудани талаботи давлатӣ ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон;
7) талаботи ҳадди ақал нисбат ба мазмун ва мундариҷаи маҷмуи ҳуҷҷатҳои барномаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ;
8) аттестатсияи хатм дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
9) назорати давлатии риояи талаботи стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ.
3. Барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва нақшаҳои таълимӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ҳуҷҷатҳои дигари танзимкунандаи барномаи таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар мувофиқа бо муассис тасдиқ карда мешаванд.
4. Ҳангоми таҳияи барномаи таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва нақшаҳои таълимӣ афзалият ба фанҳои тахассусӣ дода шуда, 80 дарсади кредитҳои таълимӣ ба фанҳои тахассусӣ нигаронида мешавад.
Моддаи 16. Ташкили раванди таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барномаҳои таҳсилотиро дар зинаҳои бакалавриат (3-4 сол), мутахассис (5 сол), магистратура (1-2 сол), докторантура аз рӯйи ихтисос (3 сол), аспирантура (3 сол), унвонҷӯӣ (то 5 сол), постдокторантура (3 сол), докторантура (3 сол) ва коромӯзи илмӣ (аз 6 моҳ то 2 сол) амалӣ менамояд.
2. Қабули довталабон ба зинаҳои бакалавриат, мутахассис, магистратура, докторантура аз рӯйи ихтисос, аспирантура, унвонҷӯ, постдокторантура, докторантура ва коромӯзи илмӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ метавонад тибқи квотае, ки муассис барои омода кардани мутахассисони кадрҳои омӯзгорӣ, соҳаи технология ва тиб ва соҳаҳои дигар ҷудо кардааст, довталабонро ҷалб намояд.
3. Қабули донишҷӯён дар донишкадаҳо ва факултетҳои муштарак аз рӯйи барномаи таҳсилотии муштарак тибқи созишнома ба роҳ монда мешавад.
4. Тартиби қабул, хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, унвонҷӯён, докторантон, постдокторантон ва коромӯзони муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 17. Фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ-конструктивӣ ва инноватсионӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ фаъолияти илмию тадқиқотӣ, таҷрибавӣ- конструктивӣ ва инноватсиониро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар пешбурди мавзуъҳои фармоиши давлатии иҷрои тадқиқоти илмӣ ва корҳои омӯзишӣ, тадқиқотҳои илмӣ аз рӯйи нақшаҳои кории муассиса, тадқиқотҳои илмии байниидоравӣ ва тадқиқотҳои илмии байналмилалӣ иштирок менамояд.
Моддаи 18. Муҳлат, забон ва шакли таҳсил
1. Муҳлати таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
2. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, англисӣ ва забонҳои дигари хориҷӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Таҳсил дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар шаклҳои рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ (рӯзона-фосилавӣ, ғоибона-фосилавӣ) ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 19. Тартиби гузаронидани аттестатсияи хатм
1. Тартиби гузарондани аттестатсияи хатм дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Раиси комиссияи аттестатсияи хатм дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар мувофиқа бо муассис таъин карда мешавад. Раиси комиссияи аттестатсияи хатм ва котиби масъули қабул дар воҳидҳои сохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ таъин карда мешавад.
2. Намунаи дипломи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ бо пешниҳоди муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
3. Ба хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (диплом ва замимаи он), ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, дода мешавад.
БОБИ 4. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 20. Маблағгузории фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Маблағгузории фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба роҳ монда мешавад.
2. Истифода ва ихтиёрдории маблағҳое, ки аз ташкили курсҳои омӯзишӣ, паркҳои технологӣ ва маблағҳои триместрӣ ба суратҳисоб ворид мегардад, аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ бо қарори Шурои олимон дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот амалӣ карда мешаванд. Андозаи маблағи як кредит барои давраҳои триместрро муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар мувофиқа бо муассис муайян менамояд.
3. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ андозаи маблағи шартномаи таҳсилро дар мувофиқа бо муассис муайян менамояд ва вобаста аз сатҳи таваррум ва зарурати дигари иҷтимоию иқтисодӣ онро дар мувофиқа бо муассис тағйир медиҳад.
4. Тамоми маблағҳои махсуси муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ва воҳидҳои сохтории он ба воситаи бонкҳои саҳомӣ ба сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молия муттамарказ буда, дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 21. Молу мулки муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ ҳуқуқ надорад молу мулкеро, ки ба он барои идоракунии оперативӣ тибқи қонунгузорӣ дода шудааст, фурӯшад ё онро ба тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ молу мулки дигари дар истифодабариаш қарордоштаро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шурои олимон ва дар мувофиқа бо муассис соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ менамояд.
Моддаи 22. Фаъолияти молиявии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
2. Давраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз 1 январ то 31 декабри ҳар соли тақвимӣ муқаррар карда мешавад.
3. Назорати истифодаи маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигари маблағгузории муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 23. Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ фаъолияти иқтисодии хориҷиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ маблағҳои пулӣ ва дороиҳоеро, ки аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меоварад, дар мувофиқа бо муассис ҳуқуқи пурра ихтиёрдорӣ карданро дорад. Ин маблағ ва дороиҳо барои инкишофи фаъолияти муассиса, музди меҳнати кормандон ва омӯзгорон, нигоҳ доштани заминаи моддию техникии он ва амалӣ кардани мақсаду вазифаҳои дигари оинномавӣ равона карда мешавад.
БОБИ 5. МУЗДИ МЕҲНАТ, ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ ВА ПАРДОХТҲОИ ДИГАР
Моддаи 24. Музди меҳнат
1. Музди меҳнати кормандон ва омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва маблағҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.
2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар доираи сметаи ягонаи даромаду хароҷот низоми тафриқавии пардохти музди меҳнатро ба роҳ мемонад.
3. Музди меҳнати мутахассисоне, ки аз хориҷи кишвар барои таълим, идоракунӣ, машварат ва анҷом додани корҳои илмӣ ҷалб мешаванд, дар асоси шартномаи дутарафа тибқи Тартиби пардохти музди меҳнати тафриқавӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ муқаррар карда мешавад.
4. Ҳангоми хароҷоти маблағҳои пешбинишудаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағҳои махсус ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пеш аз ҳама пардохти музди меҳнат дар давоми моҳҳои оянда ба инобат гирифта мешавад ва баъдан хароҷоти дигар ба роҳ монда мешавад.
5. Тартиби пардохти музди меҳнати тафриқавӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 25. Ҳавасмандгардонӣ
Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои ҳавасмандгардонии омӯзгорон, сарпарастон, кормандон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, докторантон ва постдокторантон чораҳои моддӣ ва маънавиро дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ менамояд.
Ҳавасмандгардонӣ бо қарори Шурои олимон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 26. Стипендия
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, докторантон ва постдокторантон стипендия муқаррар менамояд.
2. Тартиби пардохти стипендияҳо ба донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, докторантон ва постдокторантони муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 27. Грант
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои омӯзгорон, донишҷӯён, магистрантон, докторантон аз рӯйи ихтисос, аспирантон, докторантон ва постдокторантон, муҳаққиқон ва коромӯзон грант ҷудо мекунад.
2. Грант бо мақсади дастгирии таҳсил, тадқиқоти илмӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва ташаккули иқтидори инсонӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбинишудаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар доираи имкониятҳои маблағҳои махсуси муассиса ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ҷудо карда мешавад.
3. Тартиби додани грантҳо аз ҷониби Шурои олимон муайян карда мешавад.
БОБИ 6. ИҶОЗАТДИҲӢ ВА АККРЕДИТАТСИЯИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ
МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 28. Иҷозатдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Иҷозатдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 29. Аккредитатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
1. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ аз аккредитатсияи давлатӣ мегузарад, ки он аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.
2. Бо мақсади эътирофи ҳуҷҷати намунаи давлатии таҳсилот муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ дар хориҷи кишвар аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ мегузарад.
3. Муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштан бо ташкилотҳои байналмилалии дахлдор ҳамкорӣ менамояд.
БОБИ 7. АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ДОРОИ МАҚОМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 30. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ
Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ, филиал ва намояндагии он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
БОБИ 8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2216
қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №118
қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №236
