Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо ҳайати агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг
Чоруми декабри соли 2025 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (НААР, IAAR) мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Файзалӣ Идизода доир ба таърих, рушди парламентаризми тоҷик, самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон маълумот дода, зикр намуд, ки бунёдгузори Маҷлиси Олӣ ва мактаби парламентаризм дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз, бо ҷаҳду талошҳои Пешвои азизу муътабари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо парламентаризми муосир ба фаъолият оғоз намуда, пайваста рушд менамояд.
- Имрӯз Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 80 парламенти кишварҳои олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарламентиро ба роҳ мондааст. Дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, ЮНЕСКО, Иттиҳоди Аврупо, Иттиҳодияи байнипарламентӣ, САҲА, ҳамкориҳои парлумонӣ густариш меёбанд,- зикр кард Файзалӣ Идизода.
Баъд аз анҷоми мулоқот ҳайати меҳмонон аз толорҳои барҳавои парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
