https://sadoimardum.tj

Иштироки Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи Ассамблеяи парлумонии Осиё

№:145 (5041), 08 дек 2025, 17:23
7

Чоруми декабри соли 2025 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иштирок ва суханронӣ намуд. 

Пеш аз оғози ҷаласа Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф мулоқот намуд. Зимни мулоқот густариши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд.

Зимни суханронӣ дар ҷаласа Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки Ассамблеяи парлумонии Осиё имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими робитаҳо ниёз дорад, махсусан, бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои шарику ҳамфикр, ки сулҳу суботро ба андозаи зарурӣ муҳим арзёбӣ мекунанд ва ҷонибдори сулҳу амният дар минтақа мебошанд.

Ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дар шароити пурихтилоф ва вазъи ноустувори ҷаҳон, барои ҳамкориҳои судманди кишварҳои минтақа ба хотири барқарорсозии сулҳи пойдор муҳиму саривақтӣ арзёбӣ шуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён саҳми Ассамблеяи парлумонии Осиёро дар пешбурди манофеи ҳамаи мардумони минтақаи Осиё, хусусан, дар масъалаҳои рушди иқтисодӣ, умумияти фарҳангиву таърихӣ, тамаддунӣ ва маънавии мардумони минтақа таъкид намуд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: