https://sadoimardum.tj

Иштироки ҳайати парламентӣ дар ҷаласаи АПО

№:10 (5062), 28 янв 2026, 17:06
0

24-уми январи соли 2026 ҳайати парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён барои иштирок дар ҷаласаи Шурои иҷроия ва иҷлосияи 16-уми умумии Ассамблеяи  парламентии Осиё ба шаҳри Манамаи Баҳрайн сафар намуд.

25-уми январи соли 2026 дар доираи ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамб­леяи парламентии Осиё муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё доктор Муҳаммад Ризо Маҷидӣ мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намуда, роҳҳо ва воситаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарламентиро дар доираи Ассам­б­леяи парламентии Осиё баррасӣ карданд. 

Дар ҷараёни мулоқот аҳамияти муколамаи байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо, инчунин, тақвияти ҳамоҳангсозӣ миёни парламентҳои давлатҳои узви Ассамблеяи парламентии Осиё бо мақсади рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ноил шудан ба ҳадафҳои умумӣ таъкид гардид.

 25-уми январи соли 2026 дар шаҳри Манама муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шермуҳаммад Шоҳиён, ҳамчунин, бо муовини Раиси Маҷлиси машваратии исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Ҳоҷӣ Бобоӣ мулоқот кард.

Ҷонибҳо хусусияти устувор касб кардани муносибатҳои дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки бар пояи умумияти таърихӣ, фарҳангӣ ва забонӣ, инчунин, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтаанд, таъкид намуданд. 

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои гус­тариши ҳамкориҳои байнипарламентӣ, табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ ва таҳкими ҳамкории байни кумитаҳои соҳавии парламентҳои ду давлат зоҳир карда шуд.

26-уми январи соли 2026 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи 16-уми пленарии Ассамблеяи  парламентии Осиё дар шаҳри Манамаи Баҳрайн иштирок ва суханронӣ намуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён зикр кард, ки  парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият ва рушди ҳамкориҳоро дар доираи Ассамблеяи парламентии Осиё муҳим мешуморад. 

- Имрӯз, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун ба арзишҳои умумибашарӣ рӯ ба рӯ мебошад, гуфтугӯи созанда байни фарҳанг­ҳо ва тамаддунҳо беш аз ҳар вақти дигар  мубрам аст. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки маҳз тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ халқҳои Осиё тавонистаанд сулҳ, ҳамкорӣ ва пешрафтро таъмин намоянд.  

Дар ин замина, парламентҳои кишварҳои Осиё метавонанд заминаҳои устувори таҳаммулпазирӣ, эҳтироми гуногунандешӣ ва ҳамзистии осоиштаро фароҳам оваранд,- таъкид намуд Шермуҳаммад Шоҳиён. 

Изҳор шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дорои таҷрибаи ғании ҳамзистии фарҳангҳо ва динҳо, ба таҳкими гуфтугӯи байнифарҳангӣ ва байнитамаддунӣ аҳамияти махсус медиҳад. 

Дар интиҳои суханронӣ Шермуҳаммад Шоҳиён изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои иҷлосияи 16‑уми пленарии Ассамблеяи парламентии Осиё ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарламентӣ, пешбурди сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди устувор дар қитъаи Осиё ва ҷаҳон мусоидат хоҳанд кард.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: