Нақши парламент дар рушди инноватсия баррасӣ шуд
Нуҳуми декабри соли 2025 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Парламент ва рушди инноватсия: заминаҳои қонунгузории гузариш ба иқтисоди рақамӣ» дар доираи татбиқи «Стратегияи рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2025–2030» мизи мудаввар баргузор гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода дар ифтитоҳи ҳамоиш иброз дошт, ки иқтисоди рақамӣ имрӯз ба унсури муҳими рушди иҷтимоиву иқтисодӣ табдил ёфта, то соли 2030 саҳми технологияҳои рақамӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ беш аз 60 дарсад хоҳад шуд. Ӯ зарурати такмили қонунгузорӣ, таҳкими инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷалби сармояи навро ҳамчун вазифаҳои аввалиндараҷа арзёбӣ намуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳамадулло Шерализода нақши парламентро дар ташаккули муҳити мусоид барои инноватсия ва рақамикунонӣ муҳим хонд. Ӯ таъкид намуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ танҳо ворид намудани технологияҳо нест, балки бояд меъёрҳои ҳуқуқӣ ва инфрасохтори техникӣ ба таври ҳамоҳанг рушд ёбанд.
Дар мизи мудаввар вакили Маҷлиси намояндагон Дилафрӯз Саидӣ, ноиби президенти Академияи миллии илмҳо Илҳом Амонзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода ва муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода вобаста ба вазъ ва дурнамои самти мазкур суханронӣ намуда, оид ба мушкилоти ҷойдошта иштирокдорони ҳамоиш табодули афкор карданд.
Ҳамчунин дигар маводҳо:
