https://sadoimardum.tj

Ҳамоиши идона ба муносибати рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

№:147 (5043), 12 дек 2025, 15:44
0

Ёздаҳуми декабри соли 2025 бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, аъзои фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» дар Маҷлиси намояндагон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар  Маҷлиси намояндагон  бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода иброз намуд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон аз иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон маншаъ гирифта, ҳамчун ниҳоди боэътимоди мардумӣ ба арсаи сиёсати кишварамон ворид шуд ва дар ин муддат барои хомӯш кардани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ саҳми сазовор гузоштааст. «Саҳифаҳои дурахшони таърихи давлатдории навини тоҷикон бо роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели возеҳанд, ки мақом ва ҷойгоҳи ҲХДТ дар бунёди давлатдории миллии тоҷикон бузург мебошад», - гуфт Файзалӣ Идизода.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки ҲХДТ бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба хиради олии сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва маънавиёти баланди аъзои худ такя намуда, донишу маҳорати онҳоро ба амалӣ гардонидани ғояҳои сиёсӣ ва ҳадафҳои барномавии хеш сафарбар менамояд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси фраксия Дилноза Аҳмадзода, узви фраксия Комилҷон Шамшерзода, узви ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» Занҷирамо Нуруллозода бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво бо зикри  таъриху дастовардҳои ҳизб ва нақши он дар ташаккули ҷаҳонбинии сиёсии сокинони ҷумҳурӣ, давлатдории миллӣ ва рушду тараққиёти мамлакат суханронӣ намуданд.

Инчунин, даъват ба амал оварда шуд, ки аъзои фраксия дар ташвиқу тарғиби ғояҳои созандаи ҳизб ва ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриҳо бо интихобкунандагон фаъол бошанд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ

Ҳамчунин дигар маводҳо: