Баррасии ҳамкориҳои парлумонӣ бо Эрон
Ёздаҳуми декабри соли 2025 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода бо муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба корҳои консулӣ, парлумонӣ ва ҳамватанони эронӣ Ваҳид Ҷалолзода мулоқот кард.
Ҷонибҳо масоили марбут ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи мутақобиларо баррасӣ намуданд.
Азиз Гиёзода таъкид намуд, ки робитаҳои мақомоти қонунгузор дар фароҳам овардани заминаи мусоид барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, нақши муҳим доранд.
Ҳамчунин, зикр шуд, ки ҳамкориҳои ду кишвар дар чорчӯби СММ, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай роҷеъ ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масоили марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, сепаратизм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккил ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар низ густариш меёбанд ва мавқеи наздику яксонро касб намудаанд.
Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ
Ҳамчунин дигар маводҳо:
