ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 22 июни соли 2023 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2023, №4-6, мод. 152, №12, мод. 577; с. 2024, №5-6, мод. 257; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2025, №2189) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар бандҳои 14), 15) ва 19) моддаи 1 калимаҳои «низоми давлатии иттилоотии додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда (минбаъд – низоми давлатии иттилоотӣ)», «низоми давлатии додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, ирсоли огоҳиномаҳо» ва «низоми давлатии иттилоотӣ» ба калимаҳои «портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми 1 моддаи 14 ва қисми 4 моддаи 17 калимаҳои «низоми давлатии иттилоотӣ» ба калимаҳои «портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 43:
1) дар қисми 1 калимаҳои «низоми давлатии иттилоотӣ» ба калимаҳои «портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ» иваз карда шаванд;
2) қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Дар мавриди ба роҳ мондани расмиёти электронии додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба ҷойи имзо ва муҳри аризадиҳанда ва мақомоти иҷозатдиҳанда QR-рамз гузошта мешавад. Баҳисобгирии аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаи додашуда дар феҳристе, ки дар портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ҷойгир аст, пеш бурда мешавад.»;
3) қисми 2 қисми 3 ҳисобида шавад.
4. Ба замимаи Қонун тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1) ҷадвали 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад (замима мегардад);
2) дар ҷадвали 2:
- аз сутуни панҷуми сатри 2 рақам ва калимаи «2 (ду)» хориҷ карда шаванд;
- дар сутуни якум ва сархати якуми сутуни дуюми сатри 4 калимаи «металлҳои» ба калимаҳои «металлу сангҳои» иваз карда шавад;
- сатрҳои 6, 12, 13, 14, 17, боби 7, сатри 28, боби 17 ва сатри 70 хориҷ карда шаванд;
- дар сутуни якуми сатри 30 калимаҳои «байторию санитарии» ба калимаҳои «беҳдошти байтории» иваз карда шаванд;
- аз сутуни сеюми сатри 35 рақам ва калимаи «1 (як)» хориҷ карда шаванд;
3) дар ҷадвали 3:
- сатрҳои 1, 3, 8, 13, 18, 19, 21, боби 6, сатрҳои 26, 30, 36, 39, 40, 41, бобҳои 16, 17 ва 19 хориҷ карда шаванд;
- сатри 41 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«
41. Хулосаи экспертизаи давлатии энергетикӣ |
| 1 (як) | 2 (ду) |
»;
- сатри 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«
15. Мувофиқакунии сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ, буриши роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, шартҳои техникӣ ва иншооти коммуникатсионӣ дар ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум |
| 1 (як) | 2 (ду) |
»;
- сатри 25 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«
25. Сертификати хизматрасонии сайёҳӣ |
| 1 (як) | 2 (ду) |
»;
- дар сутуни якуми сатри 35 калимаҳои «Сертификати» ва «, кормандон ва шахсони гузаронандаи» мувофиқан ба калимаҳои «Шаҳодатномаи» ва «оид ба гузаронидани» иваз карда шаванд;
4) дар эзоҳ:
- дар банди 5 рақам ва калимаҳои «ба андозаи 10 (даҳ) дарсад аз фоидаи» ва «хироҷи ҳарсола» ба рақам ва калимаҳои «ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 (дуву аз даҳ панҷ) дарсад аз даромади» ва «хироҷ» иваз карда шаванд;
- дар банди 6 рақам ва калимаҳои «ба андозаи 10 (даҳ) дарсад аз фоидаи» ва «хироҷи ҳарсола» ба рақам ва калимаҳои «ҳар семоҳа ба андозаи 2,5 (дуву аз даҳ панҷ) дарсад аз даромади» ва «хироҷ» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 декабри соли 2025, №2219
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ
ш. Душанбе, 15 декабри соли 2025, №113
Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Идизода
ш. Душанбе, 3 декабри соли 2025, №232
Замима ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»
Ҷадвали 1 ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ | ||||
Намуди фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда | Зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда | Андозаи хироҷи иҷозатномадиҳӣ (бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо) | ||
хироҷ барои баррасии ариза | хироҷи яккарата барои додани иҷозатнома | хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома | ||
1. ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН | ||||
1. Фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ | - фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ | 10 (даҳ) | 80 (ҳаштод) | - |
- фаъолият вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ | 10 (даҳ) | 20 (бист) | - | |
- фаъолият вобаста ба истихроҷи нафту газ | 10 (даҳ) | 100 (сад) | - | |
- фаъолият вобаста ба истихроҷи ангишт | 10 (даҳ) | 80 (ҳаштод) | - | |
- фаъолият вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ | 10 (даҳ) | 100 (сад) | - | |
- фаъолият вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ | 10 (даҳ)) | 80 (ҳаштод) | - | |
- фаъолият вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он | 10 (даҳ) | 60 (шаст) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи сангҳои магматикӣ, вулқонӣ ва метаморфӣ | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
2. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МОЛИЯ | ||||
2. Фаъолияти аудиторӣ (барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои сармоягузорӣ ва аудити умумӣ) |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
3. Фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
4. Фаъолияти иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок | - фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти диллерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти маҳфуздорӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
5. Фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото
| - фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор | 10 (даҳ) | 3000 (се ҳазор) | 3000 (се ҳазор) |
- фаъолияти букмекерӣ | 10 (даҳ) | 3000 (се ҳазор) | 3000 (се ҳазор) | |
- фаъолияти ба роҳ мондани бозии лото | 10 (даҳ) | 400 (чорсад) | 400 (чорсад) | |
6. Фаъолияти гаравхона |
| 10 (даҳ) | 500 (панҷсад) | 500 (панҷсад) |
3. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДО | ||||
7. Фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа
|
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
4. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ | ||||
8. Фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
9. Фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти тамоку | - фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) |
- фаъолият оид ба фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
10. Фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор | - фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти спирти этилӣ ва машрубот | 10 (даҳ) | 20 (бист) | 20 (бист) |
- фаъолият оид ба истеҳсоли пиво | 10 (даҳ) | 20 (бист) | 20 (бист) | |
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор | 10 (даҳ) | 20 (бист) | 20 (бист) | |
11. Фаъолият вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул | - фаъолият оид ба истихроҷи рег | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - |
- фаъолият оид ба истихроҷи омехтаи регу шағал | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи гил | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи гилхок | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи санги бинокорӣ | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи регсанг | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи бӯр | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи квартсит | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи доломит | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи мергел | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи оҳаксанг | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи оҳаксанги ковок | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи варақсанг | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
- фаъолият оид ба истихроҷи аргиллитҳо ва алевролитҳо | 10 (даҳ) | 40 (чил) | - | |
5. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ВА ЗАХИРАҲОИ ОБ | ||||
12. Фаъолият оид ба коркарди нафту газ ва истифодабарии иншооти нафтӣ ва газӣ |
| 4 (чор)
| 2 (ду) | 2 (ду) |
13. Фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо1 |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
14. Фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоот ва таҷҳизоти энергетикӣ1 |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
15. Фаъолият оид ба истеҳсол, интиқол, тақсим кардан ва фурӯши энергияи барқ1 | - фаъолият оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсим кардани энергияи барқ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба фурӯши энергияи барқ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
16. Фаъолият оид ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои азэътиборсоқитшуда |
| 10 (даҳ) | 100 (сад) | - |
6. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ | ||||
17. Фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо | - фаъолият оид ба коркарди конструксияи биною иншоот бо маводи ба оташ тобоваранда | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои худкор ва воситаҳои дастии оташнишонӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
18. Фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, харид, фурӯш, коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он | - фаъолият оид ба истеҳсолу сохтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба харид ва фурӯши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
7. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ | ||||
19. Фаъолияти фарматсевтӣ | - фаъолият оид ба тайёр ва истеҳсоли дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба воридот, содирот ва фурӯши дору ва молҳои тиббӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
20. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ1 |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
21. Фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
22. Фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми дору |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
23. Фаъолияти хусусии тиббӣ (табобатӣ, ташхисӣ, тибби халқӣ, осоишгоҳӣ) |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
24. Фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ | - фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
25. Фаъолият оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот)-и дар тиб истифодашаванда |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
8. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР | ||||
26. Фаъолият оид ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот) |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
9. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ | ||||
27. Фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон | - фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
10. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ | ||||
28. Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ | - фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
29. Фаъолият оид ба ҳамлу нақл бо нақлиёти автомобилӣ1 | - фаъолият оид ба ҳамлу нақл дар дохили ҷумҳурӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
30. Фаъолият оид ба ҳамлу нақл бо нақлиёти роҳи оҳан2
|
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
31. Фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан | - фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти роҳи оҳан | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
32. Фаъолият оид ба терминалҳои ҳамлу нақл ва таваққуфгоҳ | - фаъолият оид ба терминалҳои ҳамлу нақл | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба таваққуфгоҳ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
11. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ МОЛУ МУЛКИ ДАВЛАТӢ | ||||
33. Фаъолияти баҳодиҳӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
12. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИДОРАИ ЗАМИН ВА ГЕОДЕЗӢ | ||||
34. Фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ | - фаъолияти геодезӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти харитасозӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
13. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ | ||||
35. Фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ | - фаъолият оид ба муайян намудани мушаххасоти метеорологӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, гидрологӣ ва агрометеорологӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯйишуда ва ҳолати ҷорӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба ташаккул додан ва ба роҳ мондани махзани маълумот дар соҳаи гидрометорологӣ, соҳаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба муайян намудани дараҷаи олудагӣ (аз ҷумла радиоактивӣ)-и муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳӣ) | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият барои ба истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯйӣ кардани иттилооти таҳлилӣ ва ҳисобӣ оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла олудагии радиоактивӣ) | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба насб, таъмир, пешгӯйӣ ва тафтиши асбобу таҷҳизоти таъиноти гидрометеорологӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
36. Фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнок | - фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли партовҳои хатарнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба истифодабарии партовҳои хатарнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба безараргардонӣ ва дафнкунии партовҳои хатарнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
37. Фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, коркарди дубора ва нобудкунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок, инчунин фаъолият вобаста ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои зикршуда дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо кор мекунанд | - фаъолияти ба даст овардан ва фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти истифода, коркарди дубора ва фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба нобудкунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо истифода мешаванд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
38. Амал оид ба истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд | - амал оид ба истифодаи объектҳои олами набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд | 10 (даҳ) | 50 (панҷоҳ) | - |
- амал оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд | 10 (даҳ) | 50 (панҷоҳ) | - | |
39. Фаъолияти аудитории экологӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
14. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ | ||||
40. Фаъолияти хусусии байторӣ
| - фаъолияти хусусии табобатӣ-пешгирикунӣ, ҷарроҳӣ, акушерӣ-гинекологӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байторӣ ва воситаҳои дорувории таъиноти байторӣ
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
15. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОН | ||||
41. Фаъолият дар соҳаи сохтмон3 | - фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
16. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТЕЛЕВИЗИОН ВА РАДИО | ||||
42. Фаъолият дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ | - фаъолият дар соҳаи телевизион | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият дар соҳаи радио | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
17. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ | ||||
43. Фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) | - фаъолият оиди ба муомилот баровардан (фурӯш)-и таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба гузаронидани ташхис ва муолиҷаи рентгенӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба истифодабарии таҷҳизотҳои рентгении назоратӣ (бағоҷи дастӣ ва интиқоли бор тавассути нақлиёт) | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- истифодаи суръатфизои хаттии электронҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ (васл ва таъмир)-и таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба хизматрасониҳои назорати дозиметрӣ, сифати таҷҳизот, дозиметрияи инфиродӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
44. Фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ | - фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, гузаронидани баҳодиҳӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба гузаронидани корҳои консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонии партовҳои радиоактивӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба аз истифода баровардани объекти радиатсионии хатарнок | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
45. Фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ | - фаъолият оид ба воридот, содирот ва транзити моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии кушода ва пӯшида ба ҳудуди ҷумҳурӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) |
- фаъолият оид ба истифодабарии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии пӯшида | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолият оид ба истифодабарии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии кушода | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолият оид ба нигоҳдории муваққатии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолият оид ба нигоҳдории дарозмуддати моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолият оид ба ҳамлу нақли моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолият оид ба пешкаш намудани хизматрасонии техникӣ (васл ва таъмир)-и асбоб ва таҷҳизоте, ки моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ доранд | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
46. Фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ | - фаъолият оид ба истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл ва нигоҳдории маводи ядроӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) |
- фаъолият оид ба интихоби қитъа, баҳодиҳии қитъа (асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист), лоиҳакашӣ, сохтмони иншооти истифодаи энергияи атомӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
- фаъолияти ба истифода додан, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ | 10 (даҳ) | 25 (бисту панҷ) | 25 (бисту панҷ) | |
18. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНӢ | ||||
47. Фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | - фаъолият оид ба мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба мусофиркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба боркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба мусофиркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба боркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор)
| 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба мусофиркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор)
| 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба мусофиркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба боркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба боркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
48. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ
| - фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
19. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ | ||||
49. Фаъолият дар соҳаи маориф4 |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
20. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ СИРРИ ДАВЛАТӢ | ||||
50. Фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи техникии иттилооти махфӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
51. Фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
21. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ | ||||
52. Фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзоҳои электронии ҳифзшуда, хизматрасониҳо вобаста ба истифодаи имзоҳои электронии ҳифзшуда ва тасдиқи аслияти имзоҳои электронии ҳифзшуда ба марказҳои тасдиқкунанда |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
22. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТИИ БЕХАТАРИИ КОРҲО ДАР САНОАТ ВА СОҲАИ КӮҲКОРӢ | ||||
53. Фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ1 | - фаъолият оид ба таъмири кранҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба хизматрасонии кранҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба васлкунии кранҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии лифтҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба васлкунии лифтҳо | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
54. Фаъолият оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд | - фаъолият оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншооти кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи оташ гирифтан доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншооти кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба истифодаи иншооти истеҳсолие, ки хавфи химиявӣ доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншооти кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
55. Фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
56. Фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ | - фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
57. Фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд | - фаъолият оид ба истеҳсоли маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
58. Фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
23. МАҚОМИ ВАКОЛАТДОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ АЛОҚА | ||||
59. Фаъолият дар соҳаи алоқаи почта | - фаъолият оид ба қабул, коркард, кашонидан ва бурда расондан (супоридан)-и муросилоти почта | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолият оид ба хизматрасониҳои почтаи байналмилалӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолият оид ба қабул, коркард, кашонидан ва бурда расондан (супоридан)-и муросилоти алоқаи махсус ва фелдегерӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
60. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии умумӣ5 | - фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахсӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ тавассути шабакаи операторон | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ тавассути шабакаи операторон | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи транкӣ бо ҷудонамоӣ аз рӯйи ҳар як стандарт | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои хадамоти телематикӣ (ба истиснои IР-телефония) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IР - телефония) тавассути шабакаи операторон | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо ва дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радио ва телевизион | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии истгоҳҳои худкори телефонии хурд | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиоистгоҳҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, истгоҳҳои рӯйизаминӣ, радиомодемҳо) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
61. Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ6 | - фаъолият оид ба банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо, шоҳроҳҳои алоқа) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии маҳаллӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IР-телефония) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи мобилии истифодаи умум бо ҷудонамоӣ аз рӯйи ҳар як стандарт | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои радиодаъвати шахсӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
- фаъолият оид ба хизматҳои хадамоти телематикӣ, аз ҷумла хизматрасонии контент-провайдерӣ (ба истиснои IР-телефония) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | - | |
24. БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН | ||||
62. Фаъолияти аудиторӣ | - фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзии исломӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои суғуртавӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
63. Фаъолияти суғуртавӣ | - фаъолияти суғуртавӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
- фаъолияти азнавсуғуртакунӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти брокери суғуртавӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти актуарӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти адҷастерӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти сюрвейери суғуртавӣ | 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
64. Фаъолияти бюрои таърихи қарз |
| 4 (чор) | 2 (ду) | 2 (ду) |
65. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ | - фаъолияти бонкӣ | 50 (панҷоҳ) | 20 (бист) | 20 (бист) |
- фаъолияти ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ | 25 (бисту панҷ) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | |
- фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | |
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд | 10 (даҳ) | 4 (чор) | 4 (чор) | |
- фаъолияти фондҳои қарзии хурд | 10 (даҳ) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии анъанавӣ | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | |
66. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ | - фаъолияти бонкҳои исломӣ | 50 (панҷоҳ) | 20 (бист) | 20 (бист) |
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ | 25 (бисту панҷ) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | |
67. Фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ | - фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ | 7 (ҳафт) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) |
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ | 5 (панҷ) | 4 (чор) | 4 (чор) | |
- фаъолияти фондҳои қарзии хурди исломӣ | 3 (се) | 2 (ду) | 2 (ду) | |
68. Фаъолияти оператори низоми пардохтӣ |
| 10 (даҳ) | 10 (даҳ) | 10 (даҳ) |
69. Фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор |
| 10 (даҳ) | 5 (панҷ) | 5 (панҷ) |
