https://sadoimardum.tj

Ташаббуси ибратбахш, ваҳдатгустар, ояндасоз ва таърихӣ

№:9 (5061), 26 янв 2026, 15:59
1

Бо мақсади таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳифз ва тавсеаи ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихор ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик, инчунин, бузургдошти хизматҳои абармардони роҳи илму адаб, сиёсату давлатдорӣ ва муборизаҳои озодихоҳонаи миллат дар тӯли асрҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ иқдоми навбатии созанда, фарҳангӣ ва сарнавиштсоз намуданд. Ин ташаб­бус, ки аҳамияти бузурги сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дорад, идомаи мантиқии сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб ёфта, дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир ибтикори хирадмандона баҳри ҳифзи пояҳои маънавӣ, таърихӣ ва тамаддунии миллат аст.

Моҳияти иқдом аз он иборат аст, ки бо арҷгузорӣ ва эҳтироми амиқ ба шахсиятҳои таърихсоз дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе Маҷмааи таърихию фарҳангии эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ таъсис дода шуда, хоки мазори бузургони халқи тоҷик, ки имрӯз оромгоҳҳои онҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон қарор доранд, ба пойтахти кишвар оварда мешаванд ва, инчунин, оромгоҳи бузургоне, ки дар қаламрави кишваранд, бо тарҳи нав бозсозӣ мегарданд. Ин бузургон дар давраҳои мухталифи таърих бо андеша, қалам, ҷоннисорӣ, сиёсати хирадмандона ва муборизаҳои сарнавиштсоз барои бақо, озодӣ, истиқлол ва шарафи миллати тоҷик хизматҳои беназир анҷом додаанд. Бо овардани хоки мазори онҳо дар шаҳри Душанбе бунёди маҷмааи бузурги таърихию фарҳангӣ пешбинӣ мегардад, ки дар доираи он мақбараҳои рамзии ин шахсиятҳои барҷаста сохта мешаванд. Ин мақбараҳои рамзӣ ҳамчун нишони ҳузури маънавии бузургони миллат дар қалби давлату ҷомеа хизмат намуда, хотираи таърихиро дар як фазои воҳид гирд меоранд.

Маҷмааи таърихию фарҳангии пешбинишуда на танҳо иншооти меъморӣ, балки фазои рамзӣ ва маънавии миллӣ хоҳад буд, ки дар он гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик ба ҳам мепайванданд. Муҳим он аст, ки мақбараҳои рамзии бузургони миллат ба зиёратгоҳи умумихалқӣ табдил меёбанд. Ин макон ҷои зиёрати мардум, макони андеша, ибрат ва худшиносӣ гардида, нишони равшани арҷгузорӣ ва эҳтироми хосаи давлат ва ҷомеа нисбат ба фарзандони бузурги миллат хоҳад шуд. Дар ин фазо эҳсоси ифтихор аз таърихи пуршараф, эҳтиром ба ҷоннисориҳои гузаштагон ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ барои ояндаи давлату миллат тақвият меёбад.

Аз нигоҳи мантиқ ва аҳамияти таърихӣ, ин ташаббус идомаи суннатҳои давлатдории тоҷикон ба ҳисоб меравад. Тӯли таърих тоҷикон ҳамеша ба бузургони худ арҷ мегузоштанд, хотираи онҳоро ҳифз менамуданд ва аз таҷрибаи таърихӣ ҳамчун сарчашмаи ҳикмат истифода мекарданд. Дар шароити имрӯз, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои маънавию иттилоотӣ шиддат гирифтаанд, эҳёи хотираи таърихӣ ва гиромидошти шахсиятҳои миллӣ аҳамияти дучанд пайдо мекунад ва бунёди чунин маҷмаа ҳамчун сипари маънавӣ хизмат намуда, ҳувияти миллиро аз фаромӯшшавӣ, таҳриф ва бегонашавӣ ҳифз менамояд.

Бояд махсус таъкид кард, ки ин иқдоми созанда ва фарҳангӣ аз ҷониби муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ҳамчун пайрави асили сиёсати хирадмандона, фарҳангпарварона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегардад. Маҳз, дар партави роҳнамоӣ ва таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат оид ба аҳамияти худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба бузургони миллат ва таҳкими пояҳои маънавии давлатдорӣ чунин ташаббусҳои сарнавиштсоз шакл гирифта, ба марҳилаи татбиқ мерасанд. Ин иқдом далели возеҳи идомаи мактаби бузурги давлатдории миллӣ мебошад, ки Пешвои миллат онро дар тӯли даҳсолаҳо бунёд ва таҳким бахшидаанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ин ташаббус худро ҳамчун сиёсатмадори ҷавон, вале андешаманд, вориси мактаби бузурги давлатдории миллӣ ва пайрави содиқи арзишҳое муаррифӣ менамоянд, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор додаанд. Таваҷҷуҳ ба таърих, эҳтиром ба шахсиятҳои барҷаста, гирдоварии рамзии хотираи онҳо дар пойтахти кишвар ва табдил додани он ба маркази маънавӣ паёми равшан ба ҷомеа ва, махсусан, ба насли ҷавон мебошад, ки миллати тоҷик бо таърихи худ ифтихор дорад, решаҳои худро мешиносад ва бар пояи ин худшиносӣ роҳи рушди устувор ва ояндаи дурахшонро интихоб мекунад.

Маҷмааи таърихию фарҳангии мазкур метавонад ба як маркази бузурги тарбиявӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ табдил ёбад. Дар ин макон баргузории чорабиниҳои илмӣ, конфронсҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамоишҳои илмӣ, барномаҳои ватандӯстӣ ва вохӯриҳои насли ҷавон бо олимон ва аҳли зиё имконпазир мегардад. Барои ҷавонон ин маҷмаа мактаби зиндаи таърих хоҳад буд, ки дар он на танҳо аз китобҳо, балки аз фазои зиндаи рамзӣ дарси ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ гирифта мешавад. Ҳамин тариқ, ташаббуси мазкур на танҳо ба гузашта нигаронида шудааст, балки ба таҳкиму таъмини ояндаи дурахшони давлатдории миллӣ ва пояҳои маънавии ҷомеа равона гардидааст.

Аҳамияти иҷтимоӣ ва сиёсии ин иқдом дар он зоҳир мегардад, ки он эҳсоси ҳамбастагӣ ва пайванди наслҳоро тақвият мебахшад. Вақте ки шаҳрвандон дар макони рамзӣ хотираи бузургони миллатро эҳтиром мекунанд, ҳисси умумияти сарнавишт, масъулият ва ифтихори миллӣ боз ҳам қавитар мегардад. Ин ташаббус нишон медиҳад, ки давлат ба арзишҳои маънавӣ ва таърихӣ ҳамчун пояи рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва пешрафти ҷомеа менигарад. Эҳтиром ба гузашта дар ин ҷо ҳамчун шарти асосии сохтани ояндаи дурахшон муаррифӣ мешавад.

Аз лиҳози меъморӣ ва фарҳангӣ, маҷмаа бо истифода аз меъёрҳои муосир ва дар ҳамбастагӣ бо унсурҳои анъанавии фарҳанги тоҷикӣ бунёд хоҳад шуд. Дар он рамзҳои тамаддуни ориёӣ, унсурҳои ҳунари миллӣ, санъати кандакорӣ ва муҳити сабзу ором барои андеша ва тафаккур ҷой хоҳанд дошт. Ин маҷмаа метавонад ба яке аз рамзҳои нави фарҳангиву сайё­ҳиву маънавии Душанбе табдил ёфта, симои пойтахтро ҳамчун маркази тамаддун, фарҳанг ва худшиносии миллӣ боз ҳам мус­таҳкам созад.

Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагони бузурги миллат дар сарнавишти таърихии тоҷикон танҳо як расм ё оини иҷтимоӣ набуда, рукни аслии худшиносии миллӣ ва пояи маънавии ҳастии онҳо маҳсуб меёбад. Миллати тоҷик дар тӯли асрҳо, новобаста аз фарозу нишебҳои таърих, муҳоҷират, фишорҳо ва шикаст­ҳои сиёсӣ, хотираи фарзандони барӯманди худро ҳамчун чароғи роҳнамо ҳифз намуда, онро аз насл ба насл бо эҳтироми хоса интиқол додааст. Мазорҳо, оромгоҳҳо, номҳои ҷовидон ва ривояти таърихӣ барои тоҷикон танҳо нишонаҳои гузашта набуда, рамзи пайванди наслҳо, идомаи руҳи миллат ва шаҳодати зинда будани хотираи таърихӣ мебошанд. Дар ин хотира андеша, қалам, ҷоннисорӣ ва хиради бузургони миллат ҳамчун амонати муқаддас нигоҳ дошта шудааст.

Маҳз, дар ҳамин замина иқдоми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ чун идомаи ин суннати ҳазорсолаҳо зуҳур мекунад. Бо диди амиқи таърихӣ ва эҳсоси масъулияти баланди миллӣ эҳёи хотираи бузургони миллатро ба як амали рамзии давлатдорӣ табдил медиҳанд. Ин иқдом эҳёи руҳи миллат дар фазои имрӯз аст. Бо гирд овардани хотираи фарзандони барӯманди миллат дар пойтахт як навъ муколамаи хомӯши наслҳо сурат мегирад, ки дар он гузашта ба имрӯз сухан мегӯяд ва имрӯз ба оянда пайғом мефиристад. Ин муколамаи таърихӣ ба ҷомеа мефаҳмонад: миллате, ки ба гузашта эҳтиром мегузорад, ҳеҷ гоҳ роҳгум намешавад.

Ба шарофати ин иқдом Душанбе ба қалби зиндаи хотираи миллӣ табдил меёбад, ба маконе, ки дар он оромиши мазор бо тапиши ҳаёти муосир пайванд мехӯрад. Ҳузури рамзии бузургони миллат дар фазои пойтахт ба ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус, ҷавонон, хотиррасон месозад, ки озодӣ, истиқлол, давлатдорӣ ва фарҳанги миллӣ натиҷаи фидокорӣ, ҷоннисорӣ ва хиради садсолаҳо мебошанд. Ин эҳсос дар зеҳни насли нав худшиносии амиқ, ифтихори таърихӣ ва масъулияти ахлоқӣ барои идомаи роҳи миллатро бедор месозад.

Ҳамин тариқ, муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ бо идомаи фарҳанги арҷгузорӣ ба гузаштагон на танҳо суннати ниёгонро зинда медоранд, балки онро бо талаботи замони муосир ҳамоҳанг намуда, ба як рукни устувори сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлат табдил медиҳанд. Ин иқдом нишон медиҳад: дар ҷомеае, ки ба хотираи таърихӣ ҳамчун сарвати муқаддас муносибат мекунанд, оянда аз гузашта ҷудо нест, имрӯз бе реша намемонад ва фардо бар пояи маънавияти устувор бунёд мегардад. Эҳтиром ба гузашта дар ин раванд ҳамчун нури роҳнамо хизмат намуда, роҳи давлатдорӣ, худшиносии миллӣ ва рушди устувори ҷомеа­ро равшан месозад.

Дар маҷмуъ, иқдоми навбатии муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар партави сиёсати хирадмандона ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат амалӣ мегардад, ҳамчун қадами таърихӣ, созанда ва фарҳангофар дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ҳувияти миллӣ арзёбӣ мешавад. Ин ташаббус далели раднопазири пайвасти амиқи гузашта, имрӯз ва ояндаи миллати тоҷик буда, нишони арҷгузории хоса ба бузургони таърих ва, ҳамзамон, ифодаи садоқат ба арзишҳое мебошад, ки Пешвои миллат дар меҳвари сиёсати давлатдории миллӣ қарор додаанд. Халқи Тоҷикистон ин иқдоми созандаро бо эҳсоси ифтихор ва қаноатмандӣ истиқбол намуда, онро рамзи идомаи мактаби давлатдории миллӣ, фарҳанги худшиносӣ ва эҳтироми таърих медонад.

Фарҳод РАҲИМӢ,

раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ

Ҳамчунин дигар маводҳо: