https://sadoimardum.tj

Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паём ва тарбияи насли донишманду ояндасоз

№:156 (5052), 29 дек 2025, 13:30
0

Дар шароити ноороми ҷаҳони муосир ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ дар заминаи манфиатҳо ба ҷанги фарҳангҳо роҳ боз шуда, арзишҳои миллии кишварҳои рӯ ба рушд бо омезишҳои беҷо ба махлутшавии норавои арзишҳо сироят ёфта, ҳастии маънавии давлатҳои миллӣ осебпазир гашта, вуҷуди ҷомеаи адолатпеша ва маърифатпарвар зери суол қарор гирифтааст. 

Ҷаҳонишавии арзишҳо дар заминаи инқилобҳои илмии биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ дар қатори ҳама дастовардҳояш ба рафторҳои мо, ба тафаккури ахлоқию ҳуқуқии мо, ба фарҳанг ва анъанаҳои миллиамон фишор меорад. Дар чунин шароит таваҷҷуҳ ба фазои мафкуравӣ ва ҳимояи истиқлолияти сиёсии халқ ба масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами рӯз табдил ёфта истодааст.

Бузургтарин неруи муҳофизи манфиати миллӣ дар чунин раванди ҳуҷуми иттилоот ва торҳои печидаи сарчашмаҳои маълумотӣ ва ахборӣ, ки тафовут миёни ҳақиқат ва ботил беранг шудааст, фаҳми дуруст, бехато ва возеҳияти аслии иттилоот аст, ки аз донишмандии ҷомеа вобастагӣ дорад. Бале, фаҳми дуруст ва дарки ҳақиқати маълумот имрӯз қуввати бузурги созанда ва ҳифзкунанда дорад. Фаҳми дурусти на танҳо иттилооти моҳвораӣ ва интернетӣ, инчунин, фаҳм ва дарки дурусти талаботи қонунҳо, паёмҳо, консепсияҳо ва дигар иттилооти хосияти оммавидоштаи чӣ дохилию чӣ хориҷӣ низ дар ин асно истисно нестанд.

Дар ин ҷода, фаҳм ва дарки решаҳои маънавӣ ва моддии паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат, ки як навъ ҳисоботу таҳлилу дурнамои рушди миёнадаврии давлати мо ба ҳисоб мераванд, дорои қудрати азими созандагӣ ва бунёдкорист. Таҷрибаи беш аз бистсолаи Паём ҳамчун падидаи сиёсӣ гувоҳи он аст, ки давлатдории миллии мо ба ин санади муҳими сиёсӣ мазмун ва мундариҷаи миллӣ бахшида, рукн ва қубҳи онро дар ҳамбастагӣ ба манфиатҳои моддӣ ва маънавии миллат ва давлатсозии халқамон такмил дода истодааст. Ин самти такмилёбии падидаҳои сиёсию ҳуқуқӣ вобаста ба шароити замону макон ва талаботи давр аломати муътадил ва раванди қобили қабули рушди падидаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии халқҳои давлатдор аст.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 ироа шуд, ҳамчун давоми мантиқии паёмҳои солҳои гузашта, қадамҳои навбатии давлати моро ба сӯи бунёди ҷомеаи одилона, бомаърифат ва давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ дар паҳнои амалкардҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ масъалагузорӣ намуд. Ҳадафҳои бузурги сиёсӣ ва ҳуқуқии кишвари моро вобаста ба шароиту талаботи муосир муайян карда, имкони ба нуктаҳои муайяни самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ майл намудани сиёсати давлатиро дар соли 2026 ва панҷ соли оянда баррасӣ намуд.

Ҳифзи фарҳанги миллӣ заминаи устувори ҳимояи пойдории давлати миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии манфиатҳост. Маҳз, фарҳанги миллӣ, ҳувияти миллӣ ва рӯзгори пурғановати маънавии таърихи миллат аз воситаҳои асосии намои соҳибихтиёрии миллӣ, сарчашмаи нодири худшиносӣ ва кафили пойдории давлати мустақили миллист. Бо ин мақсад, шинохтан, гиромӣ доштан ва эҳёи ақлонии сарчашмаҳои нодири ин ганҷинаи пурғановат вазифаи халқи соҳибдавлат аст. Президенти мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус ва таъкид карданд: «Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башар­дӯстона, аз ҷумла Нав­рӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне, тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем.

Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».

Дар ин суханон Пешвои миллат ба решаҳои амиқи таърихӣ ва нақши тамаддунсози тоҷикон дар таърихи башарият таъкид менамоянд. Таъкид мешавад, ки тоҷикон танҳо як миллати одӣ набуда, балки аз зумраи миллатҳое мебошанд, ки дар ташаккул ва рушди фарҳанг, илм, ҳунар ва арзишҳои умумибашарӣ саҳми бузург гузоштаанд. Мероси ориёиён, аз ҷумла забон, оину суннатҳо, ҷашни Наврӯз ва анъанаҳои давлатдорӣ, далели равшани ҷаҳонбинӣ ва тафаккури баланду инсонмеҳвари аҷдоди мост.

Пешвои миллат ифтихор доштан аз гузаштагони худ ва пайрави онҳо буданро масъулияти бузурги насли имрӯза медонанд ва ҳамеша таъкид менамоянд. Мазмуни асосии ин андеша дар он ифода меёбад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст мероси фарҳангиву маънавии аҷдод­ро на танҳо ҳифз, балки омӯзад, такмил диҳад ва ба наслҳои оянда ҳамчун рукни асосии ҳувияти миллӣ интиқол диҳад. Ин мерос ҳамчун омили муттаҳидсоз ва ҳувиятбахши миллат аҳамияти калидӣ дорад.

Ишораи махсус ба ҳикмати «пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» рамзи олии ахлоқи инсон­дӯстона ва фарҳанги баланд аст. Ин арзишҳо тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, башардӯст ва дорои маърифати воло муаррифӣ мекунанд. Пешвои миллат бо ёдоварии ин ҳикмат зарурати тарбияи насли наврасро дар руҳияи ахлоқи пок, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ таъкид менамоянд. Ифтихор аз таърих бояд бо масъулияти шаҳрвандӣ, худшиносии миллӣ ва амали созанда ҳамроҳ бошад, то тоҷикон тавонанд мероси тамаддунофари худро ҳифз намуда, дар ҷаҳони муосир низ мақоми шоистаи худро нигоҳ доранд.

Яке аз чунин талаботи мубрами рӯз, ки қонеъ сохтани он бе истифода аз мерос ва таҷрибаи пурғановати фарҳангӣ-миллӣ хеле мушкил аст, эҷоди мафкураи солими миллӣ ва ташкили роҳҳои самараноки муқовимат бо хурофот, ифротгароию сиёсисозии дин мебошад. Ягона роҳи наҷоти давлату миллат дар ин масир донишманд кардани ҷомеа аст, ки Пешвои миллат ба халқи Тоҷикистон муроҷиат карда гуфтанд, ки дар таълиму тарбияи фарзандон ва наздикони худ беэътиноӣ накунед, зеро иқтисодиёти пешрафта, таъмини ҷойҳои нави корӣ ба шаҳрвандон, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва варзиш, шароити хуби зиндагӣ, дар маҷмуъ, аз омилҳои асосии дур намудани насли наврас аз хурофот ва таассуб аст, ки дар Паём аз назари мантиқӣ ҳамчун алгоритми рафтори ҷомеа ва мақомоти давлатӣ масъалагузорӣ гардид.

Ба низом даровардани сатҳ ва сифати таълим вобаста ба талаботи замону макон шарт ва зарур аст. Дар Паёми Президенти кишвар таъкид шуд: «Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурус­ти фарзандон бо камоли ­масъулият муносибат намоянд. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Роҳбари давлат шароити имрӯзи таҳсил ва илмомӯзии ҷавононро вобаста аз таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва талаботи иқтисодию иҷтимоии халқ таҳлил намуда, ба хулоса омаданд, ки сатҳ ва сифати таълими кунунии ҷавонони мо ба талаботи давру замон мувофиқ нест. 

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва тақсимоти нави қудрат миёни давлатҳои абарқудрат ҳушёрӣ, зиракӣ ва доноии ҳар як шаҳрванд аҳамияти сарнавиштсоз пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки танҳо миллате метавонад мавқеи худро ҳамчун соҳиби давлати мустақил ҳифз намояд, ки дорои насли босавод, донишманд ва соҳибтафаккур бошад.

Асри XXI асри илму технология, асри андешаи манфиатҳо ва асри рақобати зеҳнӣ аст. Дар чунин шароит миллате, ки ба илму маориф, тарбия ва худшиносии миллӣ беэътиноӣ мекунад, ногузир ба қафомонӣ гирифтор мегардад. Бесаводӣ на танҳо набудани дониш, балки заминаи асосии паҳншавии таассуб, хурофот ва ҷаҳолат мебошад. Хурофот бошад, қобилияти тафаккури интиқодӣ ва таҳлилии инсонро заиф гардонида, ӯро ба осонӣ ба таъсири андешаҳои бегона гирифтор месозад.

Миллати бесавод наметавонад воқеиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҷаҳонро дуруст дарк намояд ва дар натиҷа ба бозичаи дасти бозингарони геополитикӣ табдил меёбад. Таърих борҳо нишон додааст, ки маҳз, аз ноогоҳӣ ва ҷаҳолат қувваҳои манфиатҷӯ истифода бурда, ҷомеаҳоро ба низоъ, бесуботӣ ва таназзул мекашанд. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта низ намунаи равшани он аст, ки дурӣ аз илму маърифат ва паст будани сатҳи худогоҳии ҷомеа чӣ паёмадҳои фоҷиа­бор ба бор овард.

Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд масъулияти шаҳрвандӣ ва миллӣ эҳсос намуда, пайваста дар роҳи донишандӯзӣ, худтакмилдиҳӣ ва баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии худ талош варзад. Ҳушёрӣ ва зиракӣ маънои онро дорад, ки инсон воқеиятро бо ақли солим таҳлил мекунад, дар доми таблиғоти ифротиён ва андешаҳои хурофотӣ гирифтор намешавад ва манфиатҳои давлату миллатро аз манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ боло мегузорад.

Танҳо миллати босавод, дорои ҷаҳонбинӣ ва худшиносии миллӣ метавонад ба дастовардҳои илмӣ ва техникӣ ноил гардад, иқтисодиёти худро рушд диҳад ва мавқеи шоистаи худро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз намояд. Дар чунин ҳолат давлат на танҳо истиқлолияти сиёсии худро нигоҳ медорад, балки ба як субъекти фаъоли равандҳои ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Ин хулосаи Президенти мамлакат, аз як ҷониб, ба вазъияти рӯз­афзуни ҷаҳонишавӣ, ки таҳти инқилобҳои биотехнологӣ ва иттилооти рақамӣ манфиатҳои абарқудратонро дар ҳавзаи давлатҳои дигар густурда ва фарҳангу асолати миллии ин кишварҳоро камранг менамоянд, аз ҷониби дигар, ба ҳолати номукаммали рушди мафкураи солими иддае аз ҷавонони мо, ки бинобар саводи комили ҷаҳоншиносӣ надоштанашон ақл ва тасаввуроти онҳо тобеи иллатҳои ифротгароӣ, хурофот ва таассуб шуда, монеи рушди фарҳангӣ ва сиёсии кишвар мегарданд, вобастагӣ дорад.

Мушкилӣ он аст, ки ақл ва саводи чунин ҷавонон ба фаҳми дурусти равандҳои иҷтимоӣ, дарки дурусти манфиатҳои шахсӣ ва миллӣ нарасида, мақом ва манзалати худшиносии миллӣ ва сиёсиро дар таъмини амнияти давлатӣ дарк намекунанд. Онҳо тобеи арзишҳои дигаре гаштаанд, ки ба саодати онҳо ва наздиконашон хид­мат карда наметавонад. Барои онҳо мафҳумҳо ва арзишҳое чун дӯстии инсонҳо, муҳаббати пок ба Ватан, зан, эҳтироми волидон, ғамхорӣ дар ҳаққи барҷомондагон, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои дигарон, баробарҳуқуқии зану мард, риояи низому тартиб, эҳтироми роҳбар ва ғайра камрангу беарзиш гашта истодааст. Мушкилӣ он аст, ки дар маҷмуи донишҳо ва ҷаҳонбинии азхудкардаи чунин ҷавонон, агар он ҳам бошад, низом нест, тарбияи ахлоқӣ ва саводе, ки моҳияти атрофро дуруст инъикос намояд, вуҷуд надорад.

Маҳз, ба ҳамин хотир, ба низом даровардани сатҳ ва сифати таълим вобаста ба талаботи замону макон дар муассисаҳои таълимӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалагузорӣ намуданд, ҷавҳари ҳалли мушкилии мазкур маҳсуб мегардад, зеро бесаводӣ ва тангназарӣ зарбаи аслиро ба арзишҳое чун озодӣ, гуногунандешӣ, худшиносӣ ва баробарҳуқуқӣ мезанад. Мафкураи ҷавонони бесавод бо гумону шубҳаҳои дар заминаи бесаводӣ, нафсу ҳасуд, худнамоӣ, таассубу хурофот пайдошуда на танҳо сухангӯии беолоиши як марду занро дар танҳоӣ бидуни гумонҳо қабул надорад, балки дар асри ХХI, дар шароите ки давлатҳо ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун арзиши олӣ эътироф кардаанд, ҳуқуқҳои асосии бонувону модаронро ба таҳсил, ба меҳнат ва интихобот эътироф намекунанд. 

Ба ҳамин хотир, ҷиҳати пешгирӣ аз чунин каҷравиҳо ба аҳли савод ва таҳлилгарон муроҷиат намуда, Президенти кишвар дар Паёмашон таъкид карданд: «Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш кунем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд. Мо бояд талош намоем, ки онҳо дар зиндагии ояндаи худ, яъне ҳаёти мустақилонаашон, азият накашанд. Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».

Ҷойи шубҳа нест, ки имрӯз мафкураи иддае аз насли муосири мардуми Ховари миёна таҳти таъсири омилҳои мухталиф ва тарғиби нодурусти арзишҳои сохта бисёр осебпазир ва тундрав гаштааст. Омили аслии ин, агар аз як ҷониб, манфиатдорони хориҷӣ бошад, аз ҷониби дигар, бесаводӣ ва низоми нодурусти ташаккули мафкураи онҳост. Мафкураи онҳо дар танзими муносибати неку бади иттилооти рақамӣ, шинохти манфиатҳо ва муносибати баробарвазн намудан бо онҳо мушкилӣ дорад. Пас, ақлҳо бояд тарбия ёбанд, манфиатҳо бояд шинохта шаванд ва бадиҳо бояд танзим гарданд. Дар ҷаҳони ноором касби ин сифатҳо худ қудрат ва неру аст, неруи бузурги муҳофизи оромӣ ва истиқлол, ки Пешвои миллат дар Паёмашон таъкид карданд: «Муттаҳидии мо пурқудраттар аз тамоми яроқҳои ҳастаии дунё аст».

Нигаронии Президенти мамлакат аз ҳолати илму маърифат, сифати таълим ва раванди омӯзиши насли наврас ва даъвати падару модарон ҷиҳати донишомӯзии фарзандонашон маҳз ба хотири озод намудани насли ҷавон аз хурофоту таассуб аст, зеро миллате, ки ба фарзандонаш касб меомӯзад, дониш медиҳад, заҳмат кашиданро таълим медиҳад, албатта, ояндаи хубро барои насли фардо мегузорад. Бояд мунтазам насли имрӯзу фардоро барои омӯзиши касб ва меҳнати ҳалол омода намоем.

Хонаи моро ба ҷуз аз мо каси дигар обод намекунад. «Кас нахорад пушти ман, ҷуз нохуни ангушти ман»,- гуфтаанд бузургон. Танҳо бо ­масҷидро чойхона кардану муллогиро касб сохтан мо Тоҷикистонро обод карда наметавонем.

Тавре раванди рушди мафкураи миллии мо гувоҳӣ медиҳад, он аз васати ноҳамвориҳои зиёди таърихӣ ва маҳдудиятҳои мухталифи мазҳабӣ бо бурдубохти муайяни таърихӣ ва замонӣ то ба имрӯз расидааст. Маҳз, ҳамин ҳолати ноороми мафкуравӣ ва ноустувории ҳокимияти сиёсӣ дар солҳои аввали истиқлолхоҳӣ боис гардид, ки дар ҳаёти ҷомеа ҷараёнҳои носолиму манфиатхоҳ шиддат гирифта, динро ҳамчун восита бори дигар барои ба мақсад расидан истифода бурданд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҳар як ишораи Пешвои миллат дар самти дастгирӣ ва рушди маориф, татбиқи дурусти ҳуқуқ ба таҳсилот, баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим ва ҷанбаҳои ахлоқию меҳангароии ҷавонон муносибати ниҳоят ҷиддӣ ва виҷдонӣ дошта бошем, ин ҷанбаи сиёсати давлатиро ба сони роҳҳаллии тамоми мушкилоти миллат бояд ҳар як ватандор дарк ва ҳазм намуда, ҷиҳати татбиқи он тамоми неруи ақлӣ ва молиамонро сафарбар намоем. Насли донишманду ҳушёр ватандӯст шуда метавонад. Агар мо хоҳем, ки фарзандони моро ҳамчун роботҳои зинда чӣ аз назари иқтисодӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ иҷтимоию эътиқодӣ олами пешрафтаи инсонӣ истифода набарад, бояд ба ин нукта таваҷҷуҳ намоем: Танҳо инсони бомаърифат (маълумотдор), донишдору донишвар имкон дорад, ки ҳуқуқу озодиҳои дигаронро шиносад, онҳоро эҳтиром гузорад ва ҳифз намояд. Савод чӣ қадар баланд бошад, дониш васеъ гардад, манбаъҳои дониш дар даст бошад, иттилоот ва технология дуруст истифода гардад, инсон ба ҳамон андоза аз сӯиистифода берун мемонад, зеро ӯ дар доираи манфиати худу наздиконаш дуруст рафтор карда метавонад. «Ақли сунъӣ» низ барои идораи дурусту мақсаднокаш эҳтиёҷ ба ақли аз худ донишмандтар, оқилтар, поквиҷдонтар ва хирадмандтарро дорад. Танҳо дар чунин сурат вай барои ободии башар хизмат менамояд. Дар акси ҳол, инсони бесаводро ғуломи худ хоҳад кард.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз халқи мо танҳо ҳамин сифати донишмандиро талаб доранд. Мехоҳанд, ки мо босавод бошем, ба миллату давлати худ соҳиб шавем, худро ба олам дуруст муаррифӣ намоем ва мисли бузургони гузаштаамон дар раванди рушди таърих ва тамаддуни башар ҳамчун меросбарони қавми ориёии созандаю эҷодгар, миллати соҳибдавлат ва эҷодкору созандаю саҳмгузор бошем.

Масъалаҳои маънавию фарҳангии баланд бардоштани маърифати ҷавонон, касбомӯзӣ, тағйири сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ, ки дар Паёми Президенти кишвар барои соли 2026 ироа гаштанд, ҳамагӣ барои саодати мардуми Тоҷикистон нигаронида шуда, дар маҷмуъ, ба як ҳадаф – тарбияи инсони комили ватанпарвару дорои мафкураи солим нигаронида шудаанд.

Шермуҳаммад ШОҲИЁН, 

муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳбоз ШОСАИДЗОДА, 

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамчунин дигар маводҳо: