https://sadoimardum.tj

Қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№:17 (5069), 11 фев 2026, 17:10
1

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Кенҷазода М.Т.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №160

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ғуломзода С.С.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Ғуломзода Сафарбек Салом бо сабаби ба охир расидани муҳлати ваколат аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №161

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Кенҷазода М.Т.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Кенҷазода Муҳаммадҷалолиддин Тош судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №162

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Ғуломзода С.С.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Ғуломзода Сафарбек Салом судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №163

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Сафарзода М.Ф.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Сафарзода Маҳинабону Файзулло судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №164

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Раҳмонзода И.Р.

Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Раҳмонзода Икром Раҳмонқул судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб карда шавад.

 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №165

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Нурализода О.Б.


Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 56 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 

Нурализода Одил Бобохуҷа судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №166

 

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунад:

1. Ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба маълумот гирифта шавад (замима мегардад).

2. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, сохторҳои ҳарбӣ, корхона, муассиса, ташкилот ва дигар самтҳои фаъолият тақвият диҳад; 

- фаъолиятро дар самти таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифз ва барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии вайронгардидаи онҳо таҳким бахшида, ҷиҳати баррасии саривақтии арзу шикоятҳо ва бартараф намудани камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта чораҳои амалӣ андешад;

- риояи қатъии қонунгузорӣ дар бораи таълиму тарбияи кӯдакро таъмин намуда, баҳри муайян ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ чораҳои мушаххас андешад;

- сабабу омилҳои зиёд гардидани содиршавии ҷиноят­ҳои дуздӣ ва авбошӣ, бахусус, аз ҷониби ноболиғонро таҳлил карда, ҷиҳати пешгирии содиршавии онҳо чораҳои муассир андешад;

- назорати прокурориро ҷиҳати таъмини риояи қонунгузорӣ дар бораи замин ва шаҳрсозӣ тақвият бахшида, баҳри таъмини риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ, пешгирии сохтмони худсарона ва қабули қарорҳои ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо вобаста ба замин ва сохтмон чораандешӣ намояд;

- назорати риояи қонунгузориро дар самти истифодаи неруи барқ, раванди ба низоми биллингӣ гузаронидани хизматрасониҳо дар ин самт, пешгирии талафот ва дуздии неруи барқ тақвият диҳад;

- якҷо бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мубориза бо ҷинояткориро таҳким бахшида, ба амалисозии тадбирҳои муқовимат ба терроризм, экстремизм, савдои одамон, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, ба муқобили дахлнопазирии ҷинсӣ ва моликият, инчунин, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо бо истифода аз олоти халандаю буранда эътибори аввалиндараҷа диҳад; 

- риояи қонунгузорӣ дар бораи иттилоотро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати ҳифзи фазои иттилоотии кишвар аз иттилооти бардурӯғ ва пешгирии паҳншавии хабарҳои иғвоангезу дорои хусусияти таассубгароӣ ва ифротӣ тадбирҳои таъсирбахш андешад;

- назорати риоя ва иҷрои қонунгузориро дар бораи даъват ба хизмати ҳарбӣ, ҳамчунин, дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қӯшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ пурзӯр намуда, барои пешгирии ҳолатҳое, ки боиси фавти ҳизматчиёни ҳарбӣ мегарданд, инчунин, содиршавии ҷиноят ва амалҳои ғайриоинномавии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои иловагиро амалӣ созад;

- назоратро дар самти огоҳсозӣ, ошкор ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, бахусус дар мақомоту сохтори давлатӣ, таҳким бахшида, ҷиҳати пешгирии тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва пурра барқарор намудани зарарҳои молиявӣ чораҷӯйӣ намояд;

- назорати қонунҳоро дар мақомоти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ таҳким бахшида, ҷиҳати таъмини риояи меъёрҳои мурофиавӣ, тафтиши пурра, ҳамаҷониба ва холисонаи парвандаҳо ва иҷрои қонунгузории иҷрои ҷазои ҷиноятӣ тадбирҳои мушаххас андешад; 

- назорати риоя ва иҷрои қонунҳоро дар мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳким бахшида, ҷиҳати сари вақт ошкор ва ба қайд гирифтани ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, пешгирии аз қайд пинҳон намудани онҳо, муайян ва дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта чораҷӯйӣ намояд; 

- иштироки самараноки прокуроронро дар мурофиаҳои судӣ таъмин карда, назоратро дар самти қонунӣ будани санадҳои судӣ ва барқарор намудани зарарҳои молиявӣ тақвият бахшад.

3. Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба иҷрои қарори мазкур моҳи июли соли 2026 ва моҳи январи соли 2027 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният гузошта шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ

ш. Душанбе, 6 феврали соли 2026, №167

Ҳамчунин дигар маводҳо: