https://sadoimardum.tj

Ҷаласаҳои АП САҲА доир шуд

№:22 (5074), 23 фев 2026, 16:31
0

Дар ҷаласаҳои муштараки 25-уми зимис­тонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия 19-20 феврали соли ҷорӣ баргузор гардиданд, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуд.

Зимни ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба ­масъалаҳои сиёсӣ ва амният Маҳмадшоҳ Гулзода таъкид намуд, ки сулҳу субот омили калидии рушди ҳамкории байнидавлатӣ ва заминаи таҳкими эътимоди мутақобила байни халқҳо маҳсуб ёфта, барои пешгирии низоъҳо ва мусоидат ба ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти хос дорад. Дар ин замина, Маҳмадшоҳ Гулзода аз ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» аз минбари Маҷмаи умумии СММ ёдовар шуда, ҷонибҳоро ба дастгирии он даъват намуд.

Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, илм, технология ва муҳити зист таваҷҷуҳи иштирокчиён ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ ва рушди энергияи барқароршаванда, ҷалб гардида, давлатҳои иштирокчӣ ва шарикони рушд барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар доираи «Раванди оби Душанбе», ки аз 25 то 28 майи соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват шуданд.

Дар ҷаласаи Кумитаи умумӣ оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона рафти тат­биқи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ченаки инсонии САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифта, мавқеи кишвар оид ба таҳкими ҳамкории созанда дар ин самт иброз гардид.

Зимни чорабинӣ мулоқоти ҳайатҳои парлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо намояндаи махсуси Ассамблеяи парлумонии САҲА оид ба Осиёи Марказӣ низ доир гардида, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, пешбурди ташаббусҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: