https://sadoimardum.tj

24 соат дар ҳифзи Ватан

№:22 (5074), 23 фев 2026, 16:32
0

Ҳамдигарнофаҳмию муноқиша пайомади ногувор дорад ва ягон фард ҳавасманди ба миён омадани баҳс, хоса миёни ҳамсоякишварҳо, набуду нест, вале вақте як ҷониб ба ин масъала муносибати дуюм­дараҷа дорад, чораандешии тарафи дигар заруру ногузир аст. Тавре иттилоъ дорем, дар се-чор моҳи охир чанд маротиба ҳуҷуми мусаллаҳона, содир намудани амалҳои террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ аз Афғонистон ба хоки Тоҷикистон сурат гирифт, ки дар натиҷаи он кормандон ва хизматчиёни низомӣ ҳам ба ҳалокат расиданд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва безарар карда шуданд. 

Тавре дар изҳороти маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, «Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона изҳор медорад, ки барои таъмини амнияти сарҳади давлатӣ имконияти пурраи ҷисмонӣ ва ҷангӣ дорад. Минбаъд низ марзбонони тоҷик бо тамоми ҳастӣ марзу буми кишварро аз таҷовузи беруна ҳимоя намуда, чун ҳамешагӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон ва ба ҳама гуна кӯшишҳои сарҳадшиканӣ аз Афғонистон ҷавоби сазовор хоҳанд дод». 

Воқеан, ба «шарофат»-и ҳамлаи ин гурӯҳҳои ҷиноӣ ва истодагарии қатъии марзбононамон тоҷику тоҷикистониён бори дигар муътақид шуданд, ки хизматчиёни ҳарбии мамлакат аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон бо сарбаландӣ мебароянд. Сарҳадбонони мо қарзи фарзандии худро далерона ба ҷо оварда, барои ҳимояи марзҳои сарзамини муқаддаси аҷдодӣ ҳатто ҷони худро дареғ надоштанд. Хурсандиовар аст, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Бадахшон ба хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Қурбонов ва Зиреҳбон Наврӯзбеков манзили истиқоматӣ туҳфа гардида, ҳамчунин, ба ақрабои онҳо кумаки молиявӣ дастрас гардид. Бояд гуфт, ки чунин амал ва ба номи қаҳрамонон гузоштани мактабу кӯчаҳо муҳиму саривақтӣ маҳсуб шуда, онро тавсеа бахшидан зарур аст. 

Вале, мутаассифона, қаҳрамонии сарҳадбонон аз ҷониби аҳли ҷомеа, хоса сохторҳои марбутаву аҳли зиё таври шоиста бозтоб наёфт. Ғайр аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радио, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, сохторҳои дигар барои арҷ гузоштан ба диловарони Ватан ва тарғибу ташвиқи корнамоиҳои онҳо иқдом накарданд. Агар қадршиносии сарҳадбонон ва тарғибу ташвиқи ҷонфидоии онҳо дар сатҳи хубу сифати баланд ва таври густурда сурат мегирифт, аз як ҷониб, боиси руҳбаландии марзбонон мегашту аз тарафи дигар, барои насли ҷавон боиси итминон. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат ва таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат на танҳо вазифа ва қарзи хизматчиёни ҳарбӣ, балки вазифаи муқаддаси имониву виҷдонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад».

Пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи сокинони мамлакат ва минтақа мебошад. Бинобар ин, аз замони ба даст овардани соҳиб­истиқлолӣ кишвари мо дар хати пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла паҳншавии терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, қарор гирифт. 

 «Неруҳои марзбон ягона сохторе мебошанд, ки шабу рӯз, яъне 24 соат, бедоранд. Аз ин лиҳоз, онҳо бояд сарҳади давлатиро доим дар ҳолате нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро чизе халалдор карда натавонад», - гуфта буданд Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ба сифати сипари боэътимод дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намудани ин рисолати басо мушкил, вале бошарафу пурифтихор шаҳодати он аст, ки сарҳадбонони мо ин суханони пурҳикматро сармашқи кор қарор додаанд. Дар навбати худ, мо бояд ифтихорманд бошем, ки марзбонони диловари тоҷик ҳамчун сипари боэътимоди Ватан дар самти мубориза бар зидди қочоқи силоҳу лавозимоти ҷангӣ, вайронкунандагони низоми сарҳади давлатӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш доранд. 

 Мавриди ёдоварист, ки таъсис­ёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ иқдоми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, на танҳо омили пойдории давлатдории миллӣ, балки яке аз далелҳои раднопазири истиқлоли комил аст. Бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ дар сохтори Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бригадаи махсуси марзбонӣ ташкил шуд ва дере нагузашта, бо қарори Раёсати Шурои Олии кишвар дар ҳайати кумитаи зикршуда раёсати ҳифзи сарҳад таъсис ёфт. 28 майи соли 1994-ум дар асоси сохтори низомии мазкур Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон созмон дода шуд. 

Шоистаи зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат аз ибтидои таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҷиҳати фароҳам овардани заминаҳои муосири меъёрии ҳуқуқӣ, таҳкими асосҳои моддиву техникӣ, бунёду навсозӣ ва таҷҳизонидани зербинои сарҳадӣ, инчунин, омодасозии мутахассисони касбии соҳа тадбирҳои зиёдро амалӣ намуд. Аз ҷумла, тавассути фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ҳадафу вазифаҳои марзбонони тоҷик дар самти ҳифзи марзи қариб панҷҳазоркилометра мушаххас гардида, инчунин, дар доираи созишномаву барномаҳои ҳамкорӣ фаъолияти муштараки онҳо бо ҳамтоёнашон аз кишварҳои ба мо дӯсту ҳамсоя торафт вусъат пайдо мекунад. 

Яке аз тадбирҳои муҳиме, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳо ва таҳкими марзи давлатӣ мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Яъне, зербинои Қӯшунҳои сарҳадии кишвар тадриҷан ба меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шуда, аз ҷониби сарҳадбонон ҳазорҳо ҳолати вайронкунии сарҳади давлатӣ пешгирӣ ва вайронкунандагони низоми гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ боздошт шудаанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт аз гардиши ғайриқонунӣ даҳҳо тонна маводи мухаддир, теъдоди зиёди силоҳи оташфишон ва муҳимоти гуногуни ҷангӣ мусодира гардид. Муҳимтар аз ҳама, солҳои охир шароити қисмҳои низомии сарҳадӣ ва дидбонгоҳҳо тадриҷан ба талаботи замон мувофиқ гардида, давоми се соли охир 80 дидбонгоҳи нави сарҳадӣ бунёд ёфт, бо техникаю таҷҳизот, лавозимоти ҳарбӣ ва хизматию маишӣ таъмин шуд. 

Хурсандиовар аст, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҷасорату далерӣ ва хизмати содиқонаву софдилонаи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҳамеша қадршиносӣ мекунанд. Дар ин замина, садҳо марзбон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва ҳазорҳо нафар бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шудаанд. Баробари арҷ гузоштан ба хизмати шоёни сарҳадбонон ба вазъи иҷтимоии онҳо низ таваҷҷуҳ хоса буда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагию хизмат ва тақвияти асосҳои моддиву техникии онҳо тадбирандешиҳо зиёду бардавоманд. 

Қадршиносӣ яке аз ҳазор фазли Пешвои миллат маҳсуб шуда, намояндагони ягон қишри ҷомеа аз он бебаҳра нестанд. Аз ҷумла, фарзандони бонангу номуси Ватан, ки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ҳимояи марзҳои кишвар ҷони худро аз даст додаанд, ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Бо супориши Пешвои миллат сохторҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои бо ҷойи кор таъмин намудани оила ва фарзандони марзбонони ҳалокгардида, инчунин, ба Омӯзишгоҳи олии сарҳадии кишвар ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии мамлакат ҷалб намудани фарзандон аз чунин оилаҳо чораҳои зарурӣ андешанд. 

Афзоиш ёфтани ҳуҷуми мусаллаҳона, содир шудани амалҳои террористӣ ва убури сарҳади давлатӣ масъулияту уҳдадориҳои марзбонони моро дучанд гардонида, андешидани чораҳои иловагиро доир ба ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ тақозо мекунад. Вале, тоҷику тоҷикистониён ба матонату иродаи қавӣ ва руҳияи шикастнопазири марзбонон мутмаинанд, зеро мафҳуми Ватану ватандорӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ аз ҷониби онҳо ба таври зарурӣ дарк шуда, барои истиқлоли кишвар ва амнияту оромии давлату ҷомеа ҷони худро дареғ намедоранд. 

Далер АБДУЛЛО, 

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: