https://sadoimardum.tj

Тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ оид ба рафти иҷрои «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2020, №647 тасдиқ шудааст

№:52-53 (5104-5105), 01 май 2026, 11:22
8

Замима ба қарори муҳокимаи парламентӣ

аз 23 апрели соли 2026, № 3

Муҳокимаи парламентӣ рафти иҷрои «Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, тавсияҳои зеринро барои корбарӣ қабул менамояд:

1. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати иҷрои пурраи бандҳои 6, 7, 10, 11, 13, 34, 41 ва 53 чораҷӯӣ намуда, нақшаи мушаххаси чорабиниҳоро бо муҳлатҳои дақиқ таҳия ва амалисозии онро таъмин намояд;

- «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» (нашри соли 2025)-ро ба талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» мутобиқ намуда, онро бознашр ва дар сомонаи расмии кумита ҷойгир намояд;

- таҳия ва нашри «Дастурамали шиору овеза ва эълону рекламаҳо»-ро ба роҳ монад;

- барномаи ислоҳнигорӣ ва дурустнависиро дар асоси барномаҳои ҳуқуқи муаллифидоштае амалӣ созанд, ки амнияти иттилоотиро таъмин карда тавонанд;

- ҷиҳати стандартисозии истилоҳоти соҳавӣ ва ҷойгирсозии онҳо дар махзани электронӣ тадбирҳои иловагӣ андешад;

- дар асоси банди 41 экспертизаи забонии тарҷумаи асарҳои бадеӣ, илмӣ ва тарҷумаи филмҳоро ба роҳ монад;

- дар асоси банди 44 матни китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ, эълону реклама ва дигар маводи иттилоотиро барои гузарондани экспертизаи забонӣ аз вазорату идораҳои дахлдор талаб намояд.

1.1. якҷо бо Муассисаи давлатии «Маркази миллии тарҷума»:

- тарҷумаи асарҳои бунёдии забоншиносиро аз забонҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ба роҳ монанд;

- назорати сифати тарҷумаи асарҳо ва филмҳоро тақвият бахшанд.

1.2. дар ҳамкорӣ бо Вазорати адлия ва вазорату идораҳои дигари дахлдор:

- лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар бандҳои 4 ва 5 пешбинишударо таҳия ва барои баррасӣ пешниҳод намоянд;

- вобаста ба тамғаҳои молӣ ва экспертизаи забоншиносӣ таҷрибаи байналмилалиро мавриди истифода қарор диҳанд.

1.3. дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- иҷрои банди 39-ро дар робита ба шиору овезаҳо дар шаҳру ноҳияҳо мунтазам назорат намоянд.

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигари дахлдор:

- иҷрои бандҳои 12, 17, 61, 65 ва 71-ро таъмин намуда, чораҳои иловагӣ андешад;

- таҳияи дастурҳои таълимӣ барои гурӯҳҳои осебпазир (нобиноён ва ношунавоён) ва татбиқи онҳоро таъмин намояд;

- рушди таълими забони давлатӣ барои ақаллиятҳои миллӣ ва тоҷикони хориҷи кишварро тақвият бахшад.

2.1. дар ҳамкорӣ бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- тибқи банди 62 ҷорӣ намудани таълими ҳатмии забони тоҷикӣ дар ихтисосҳои тарҷумониро бо супоридани имтиҳони давлатӣ аз фанни забони тоҷикӣ таъмин намоянд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии дахлдор:

- дар асоси банди 9 нашри «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (соли 1969)-ро таъмин намояд.

3.1. дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- назорати иҷрои талаботи банди 40-ро дар ВАО ва муассисаҳои табъу нашр тақвият бахшанд.

4. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- иҷрои бандҳои 72, 73 ва 74-ро таъмин намуда, таъсиси марказҳои омӯзиши забони тоҷикӣ ва таҳқиқи осори хаттиро ба роҳ монад;

- ҳамкориҳоро бо муассисаҳои хориҷӣ дар самти тоҷикшиносӣ тақвият бахшад.

4.1. дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

- омӯзиши вазъи забони тоҷикони муқими кишварҳои хориҷиро ба роҳ монанд.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мақомоти дигари дахлдор:

- барои маблағгузории саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, аз ҷумла таҳияи луғатҳо, барномаҳои рақамӣ ва таъсиси инфрасохтор, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷиҳати иҷрои банди 51 масъалаи таъмини Кумитаи забон ва истилоҳотро бо бинои маъмурӣ ҳал намоянд.

7. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- таҳия ва пахши барномаҳои омӯзишии забони давлатӣ дар шабакаҳои телевизионӣ (банди 60) ва татбиқи омӯзиши забони имову ишора (банди 65)-ро таъмин намояд;

- таҳияи дастурҳои методӣ барои кормандони ВАО оид ба риояи меъёрҳои забони адабиро ба анҷом расонад.

8. Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- соатҳои таълимӣ оид ба омӯзиши қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва фарҳанги муошират дар барномаҳои омӯзишии курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро зиёд намояд.

9. Академияи миллии илмҳои Тоҷикис­тон ва муассисаҳои тобеи он:

- иҷрои бандҳои 16, 19, 20, 21 ва 22-ро таъмин карда, луғатҳо ва осори илмии заруриро мутобиқ ба талаботи барнома таҳия ва нашр намоянд;

- тарҷума ва нашри луғатҳои эътимологии забони тоҷикиро ба роҳ монанд.

10. Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дурустнигории имлоии рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ то бознашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» танҳо дар асоси талаботи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» ба роҳ монад.

11. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:

- иҷрои бандҳои 55 ва 57-ро таъмин намуда, корҳои тарғиботӣ ва маърифатиро дар байни аҳолӣ, аз ҷумла падару модарон, тақвият бахшанд;

- баргузории мунтазами озмунҳо ва чорабиниҳои забономӯзиро дар сатҳи маҳаллӣ таъмин намоянд.

12. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар рафти санҷишҳои аудиторӣ дар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазъи иҷрои «Нақшаи амалисозии «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030»-ро мавриди санҷиш қарор дода, натиҷаҳои онҳоро дар хулосаҳо қайд намояд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: