https://sadoimardum.tj

Файзалӣ Идизода бо Ирфон Аҳмад мулоқот кард

№:56 -57 (5108-5109), 08 май 2026, 16:59
3

7-уми майи соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад мулоқот намуд.

Зикр шуд, ки робитаҳои Тоҷикистон ва Покистон давоми 34 соли охир бо ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии кишварҳоямон аз дараҷаи муқаррарии ҳамкорӣ то ба дараҷаи стратегӣ расиданд, ки дастоварди муҳим аст. Дар натиҷаи муносибатҳои муваффақонаи ду ҷониб 96 санади ҳамкорӣ ба имзо расида, ҳаҷми гардиши солонаи мол байни кишварҳо сол ба сол меафзояд.

- Маҷлиси намояндагон ба густариши устувори ҳамкориҳо бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон манфиатдор аст. Муколамаи доимӣ, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайати гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои байнипарлумонӣ муҳим арзёбӣ гардида, ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан талошҳои муштаракро идома хоҳем дод, - изҳор дошт Файзалӣ Идизода.

Изҳори итминон шуд, ки мулоқоти имрӯза барои густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар, фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ҷиҳати ба пешравиҳо ноил гардидан заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамчунин дигар маводҳо: