Баррасии механизмҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ
12-уми июни соли 2026 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миршакар Ҷалолзода, намояндагони мақомоти давлатӣ ва коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа такмили механизмҳои маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории амалкунанда бо равишҳои нави пешбинишуда дар доираи ислоҳоти соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба таъсиси Агентии давлатии маблағгузории хизматрасониҳо дар соҳаи тандурустӣ (АГМХТ) дар доираи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» равона гардид.
Иштирокчиён таҷрибаи байналмилалии ташкили маблағгузории соҳаи тандурустӣ, ҷанбаъҳои ҳуқуқии фаъолияти АГМХТ ва дурнамои рушди минбаъдаи низоми суғуртаи ҳатмии тиббиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.
Ҳамчунин, роҳҳои эҳтимолии такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ ва қадамҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ муҳокима шуданд.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
