https://sadoimardum.tj

Қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№:71 (5123), 15 июн 2026, 12:57
3

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27, бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколатҳои вакили интихобшуда

Мувофиқи моддаҳои 12, 48, 54, 55 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», дар асоси протоколи комиссияи ҳавзавии якмандатии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 аз 14 июни соли 2026, ҷамъбасти натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии мазкурро гузаронида, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27 рӯзи 14 июни соли 2026 бо иштироки 116 640 (86,4%) интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Номзад Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек, аз Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон, бо гирифтани 77 450 (66,4%) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Кӯшониён №27, ки дар интихоботи рӯзи 14 июни соли 2026 интихоб шудааст, ба қайд гирифта, ваколаташ тасдиқ карда шавад.

3. Ба Сафарбекзода Ҳукмиддин Сафарбек тибқи тартиби муқарраргардида шаҳодатномаи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Б. Худоёрзода

Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Н. Самадзода

шаҳри Душанбе, 15 июни соли 2026, №96

Ҳамчунин дигар маводҳо: