https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ

№:73 (5125), 17 июн 2026, 16:51
4

16-уми июни соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода раиси Шурои мудирони шир-кати «Enjaz Human Resources» ва ҳамраиси Шурои кории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳро ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат ҷонибҳо муносибатҳои дӯстонаи ҳарду кишвар, инчунин, вазъи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Арабистони Саудиро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба сармоягузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, минтақаҳои озоди иқтисодӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати кӯҳкорӣ, рушди сайёҳӣ ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Таъкид шуд, ки иқтидорҳои бузурги истифоданашудаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки метавонанд ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро бамаротиб афзоиш диҳанд.
Муҳаммад Солеҳ Ас-Сувайҳ омодагии ҷониби Арабистони Саудиро барои таҳкими ҳамкориҳо ва сармоягузории мустақим ба лоиҳаҳои Тоҷикистон изҳор дошт.
Ф. НАҶМИДДИНИЁН,
«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: