https://sadoimardum.tj

Изҳори ҳамдардии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода нисбати даргузашти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ

№:75-76 (5127-5128), 22 июн 2026, 08:27
5

18-уми июни соли 2026

Хабари даргузашти фоҷиавии фарзанди сарсупурдаи миллат, ватандӯсти воқеӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва пайвандону ҳамкоронашро дар пайи садамаи нақлиётӣ бо андуҳи гарон дарёфтам. Ин талафоти ниҳоят сангин барои давлату миллат, хонаводаи ӯ, наздикон, дӯстон ва ҳамкорон аст.

Ба аҳли хонавода, пайвандону наздикони фавтидагон, инчунин, ба роҳбарият ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамдардии амиқи худро иброз дошта, ба ҳамаашон сабри ҷамил мехоҳам.

Ӯ тамоми умри худро ба хидмати содиқона ба Тоҷикистони азиз ва ҳимояи манфиатҳои он бахшид. Ҳамчун роҳбари ботаҷриба бо малакаҳои таҳлилӣ, тафаккури стратегӣ ва принсипҳои устувор дар такмили фаъолияти ниҳодҳои амнияти давлатӣ ва суботу рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон саҳми мондагор гузошт.

Ӯ бо сифатҳои беназири касбиву инсонӣ ва иродаи устувори худ фарқ мекард. Дар ҳар вазъият ҳамчун шахси кордон, самимӣ ва дилсӯз боқӣ мемонд.

Хотираи неки ин фарзанди ҷонфидои Ватан дар дилу дидаи ҳамаи онҳое, ки ӯро мешинохтанд, қадр мекарданд ва ба шахсияташ эҳтиром мегузоштанд, зиндаву ҷовид хоҳад монд.

Ҳамчунин дигар маводҳо: