https://sadoimardum.tj

Вохӯрии Файзалӣ Идизода бо Алимирзамин Аскеров

№:87 (5139), 15 июл 2026, 15:42
4

10-уми июли соли 2026 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам оғлу Аскеров мулоқот намуд.

Зимни суҳбат иброз гардид, ки аз замони барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни кишварҳоямон (соли 1992) робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Озарбойҷон бомаром рушду таҳким ёфта, тайи ин муддат аз сатҳи муқаррарӣ ба шарикии стратегӣ расид.

- Дастовардҳои бузургу беназире, ки тӯли ҳамкориҳо мо ба даст овардем, самараи ҷаҳду талош, дӯстии самимӣ ва иродаи сиёсӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мебошанд. Густариши муколамаҳои доимӣ, мубодилаи сафарҳои расмии ҳайатҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ яке аз ин далелҳост, - таъкид намуд Файзалӣ Идизода.

Ҳамчунин дигар маводҳо: