https://sadoimardum.tj

Якдилӣ аз офат нерумандтар аст

№:91 (5143), 31 июл 2026, 14:47
6

Дар ҳаёт рӯзҳое фаро мерасанд, ки ба озмоишҳои сахту сангин рӯ ба рӯ мегардем. Офати табиие, ки 11-12 июли соли 2026 дар деҳаҳои Дарғ ва Каздони Ҷамоати деҳоти Шамтучи ноҳияи Айнӣ рух дод, ҳамин гуна озмоиш буд, аммо ин ҳодиса дар баробари хисороту душвориҳо як ҳақиқати бузургро низ собит сохт: мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ҳамдигарро танҳо намегузоранд.

Боришоти пуршиддат дар муддати кӯтоҳ боиси омадани сел гардида, ҷараёни пуртуғёни он ба хонаҳои сокинон, роҳҳои мошингард, пулҳо, шабакаҳои обу барқ, заминҳои кишт, муассисаҳои иҷтимоӣ зарари ҷиддӣ расонд. Манзараи пас аз сел дардовар буд. Кӯчаҳое, ки то дирӯз аз пешрафту ободӣ дарак медоданд, зери қабати ғафси лой монда, заминҳо хароб ва молу мулки мардум осеб диданд, аммо ин бедодгариҳои табиат натавонист руҳи мардум­ро шиканад.

Соатҳои аввали пас аз офат сокинони Дарғу Каздон ба кумаки якдигар шитофтанд. Ҷавонон бо белу каланд роҳҳоро аз лой тоза карданд, пирон бо маслиҳату роҳнамоӣ ва занон бо омода намудани ғизо барои наҷотдиҳандагону ихтиёриён саҳм гузоштанд. Дар он рӯз касе напурсид, ки ин хонаи кист, касе нагуфт, ки ин мушкили ман нест. Ҳама барои як ҳадаф – барқарор кардани зиндагии осоишта талош карданд.

Муҳим он аст, ки ин ҳамбастагӣ танҳо дар доираи сокинони маҳаллӣ маҳдуд намонд. Аз лаҳзаҳои аввал раиси ноҳияи Айнӣ Равшан Раҳимзода ба маҳали ҳодиса ҳозир гардида, корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табииро таҳти назорат гирифт. Бо роҳбарии ӯ ситоди фаврии ноҳиявӣ таъсис дода шуд ва тамоми сохторҳои масъул ба минтақа сафарбар гардиданд.

Ҳамзамон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, мутахассисон ва кормандони соҳаҳои гуногун дар маҳали ҳодиса шабонарӯзӣ фаъолият намуданд. Техникаҳои пуриқтидор барои тоза кардани роҳҳо, кушодани маҷрои сел, барқарор намудани хатҳои барқ ва инфрасохтори муҳими деҳаҳо ҷалб гардиданд.

Ҷиҳати дигари ибратомӯз иштироки фаъолонаи соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша буд. Онҳо ба аҳолии зарардида маводи ғизоӣ, оби ошомиданӣ, масолеҳи сохтмон ва дигар лавозимоти заруриро даст­рас намуданд. Ин амалҳо бори дигар нишон доданд, ки фарҳанги хайру эҳсон ва дастгирии ҳамдигар дар ҷомеаи тоҷик решаҳои амиқ дорад.

Дар ин рӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ низ пур аз ҳамдардӣ ва даъватҳои кумак буданд. Аз гӯшаву канори мамлакат шаҳрвандон омодагии худро барои дастгирии сокинони зарардида изҳор мекарданд. Дар ин зимн собит гардид, ки дар Тоҷикистон мафҳуми ҳамватан арзишест, ки бо амал исбот мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки қудрати воқеии давлат дар ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум ифода меёбад. Ҳодисаҳои Дарғу Каздон ин андешаро бори дигар дар амал собит кард.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»

Ҳамчунин дигар маводҳо: