Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Шонздаҳуми сентябри соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Оид ба муттаҳид намудани лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Созишнома дар бораи истифодаи муштараки маҷмааи таҷрибавӣ дар заминаи токамаки маводшиносии Қазоқистон», «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои интиқоли манбаъҳои радиоактивӣ», «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамоҳангсозии муносибатҳои байнидавлатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба лоиҳаи «Таҳкими шабакаи тақсимоти барқ дар шаҳри Кӯлоб, дар робита ба лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Хатлон», «Дар хусуси Созишнома оид ба пешниҳоди маблағгузории муътадилгардонӣ дар шакли қарз байни Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба принсипҳои асосии ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомӣ бо мақсадҳои осоишта аз 26 июни соли 1992» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси қатъ кардани амали Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.
Вобаста ба масъалаҳо «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи эҳтиром ва хотираи шахсиятҳои таърихӣ ва Қаҳрамонони миллӣ» ва «Дар бораи пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба мубодилаи маълумот ҳангоми амалисозии иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти ваколатдор ва шахсони мансабдор», «Оид ба Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон», «Дар бораи таъсис додани гурӯҳи корӣ ҷиҳати такмил додани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Оид ба тадбирҳои ташкилию молиявӣ ҷиҳати омодагӣ ва баргузории ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар шаҳри Душанбе» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон пешниҳод шуданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
