Ифтитоҳи иншооти гуногун бо иштироки Файзалӣ Идизода
Дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар деҳоти Навдӣ, Ҳиҷборак ва Қалъаи сурхи ноҳияи Рашт фабрикаи мурғпарварӣ, бинои нави таълимӣ барои 160 хонанда, майдончаҳои футбол, волейбол ва 9 километр роҳи маҳаллӣ пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Тавре зимни ифтитоҳи иншоот иттилоъ дода шуд, иқтидори корхонаи мурғпарварӣ дар марҳилаи аввал барои 10 ҳазор сар мурғ буда, истеҳсолот дар оянда марҳила ба марҳила афзоиш меёбад. Фабрикаи мурғпарварӣ ба истеҳсоли тухми хушсифат равона гардида, барои таъсиси даҳҳо ҷойи нави кор замина фароҳам меорад.
Раиси Маҷлиси намояндагон Файзалӣ Идизода сокинонро бо Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки Истиқлол озодию ободӣ, нуру сафо, осоиштагию ҳамфикриро эҳё бахшид.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд: «Маҳз, Истиқлолият ба мо имконияти таърихиеро фароҳам овард, ки давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем ва ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем».
Ҳамаи дастовардҳои бузурги миллати сулҳпарвару сулҳхоҳи тоҷик дар даврони навин маҳсули сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, - таъкид намуд ӯ.
Иншооти нав бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини ҷавонону наврасон, ҷалби онҳо ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бунёд гардидааст.
Субҳониддини МАҲМУД,
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
