https://sadoimardum.tj

Вақте фарзонафарзандони миллат арҷгузорӣ мешаванд

№:92 (5144), 03 авг 2026, 16:12
7

19-уми майи соли равон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушти хок аз оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳамчунин, чеҳраи барҷастаи илму фарҳанги таърихи миллат Нисор Муҳаммад ба Ватан оварда шуд. Ин иқдоми наҷиби Раҳбари давлат ба хотири арҷгузорӣ ба фарзандони бузурги миллат ва барқарорсозии адолати таърихӣ мебошад, ки боиси ифтихору шоистаи таҳсин аст.

Нусратулло Махсум яке аз бузургмардони ватанамон мебошанд, ки барои соҳибдавлат гардидани тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, озодию истиқлоли мо ҷони худро фидо кардааст. Фаъолияту хизматҳои шоёни ӯ барои миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар асари илмию тадқиқотии хеш «Фарҳанг ҳастии миллат» дар бораи гиромидошти фарзонафарзандон ва аламбардорони миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик навиштаанд: «…бояд силсилаи зиндагиномаи фарзандони бузурги миллати хешро ба вуҷуд орем».

Яке аз нахустэҳёгарони суннатҳои волои таърихию фарҳангии ниёгон ва абадигардонандаи шахсиятҳои бузурги миллат Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон мебошанд. Сарвари давлат чанде аз абармардон ва аламбардорони миллат, таъсисдиҳандагони ҶШС Тоҷикистонро ба хотири ҷонбозию хидматҳои мондагорашон дар назди миллату Ватан ба унвони олии кишвар - Қаҳрамони Тоҷикистон қадр­донӣ карданд, ки Нусратулло Махсум аз зумраи онҳост.

Воқеан, як давраи томи таърихи ҷадиди халқи тоҷик ва як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсози миллат ба номи Нусратулло Махсум пайванди ногусастанӣ дорад. Ӯ миёни сиёсатмадорону роҳбарони солҳои 20-30-юми асри гузаштаи тоҷик ҷойи махсус­ро ишғол менамояд. Нусратулло Махсум дар зарфи ҳашт сол давлати Тоҷикистонро сарварӣ карда, дар бунёди сохтори сиёсии он саҳми бузург гузоштааст. Ин давлатдори асил аз рӯзҳои аввали таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикис­тон ҷидду ҷаҳд мекард, то Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС ҷумҳурии алоҳида бошад. Маҳз бо ҷонфидоиҳои ин арбоби шоистаи миллат кишвари мо он замон аз мухторият бароварда, Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалис­тии Тоҷикистон гардид.

Баъд аз тақсимоти миллӣ-марзии Осиёи Миёна (солҳои 1924-1925) ва ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон дар зеҳни халқи тоҷик як таҳаввулоти бузурги инқилобӣ ба амал омад ва тоҷикон ин падидаро нодида намегирифтанд. Зеро баъд аз суқути давлати бузурги Сомониён онҳо амалан аз давлатдории миллӣ маҳрум гардида буданд.

Нусратулло Махсум, ин марди шариф орзу ва ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ гардонид. Ӯ ҳамеша бо шавқу завқи инқилобӣ, бо меҳру муҳаббати миллӣ ва бо дӯстдории меҳан заҳмат кашида, дар сохтмони таҳдоби давлати тозабунёди тоҷик нақши арзанда гузошт:

Ҳар он чӣ некие аз мост, бар оянда мемонад,

Нишони дасти мо дар ин Ватан поянда мемонад.

Ин фидоии миллат 1-уми июли соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии водии биҳиштосои Рашт ба дунё омадааст. Дар айни ҷавониаш ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғона сафар кард. Нусратулло Махсум дар давраи инқилоби якуми Россия (солҳои 1905-1907) дар намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзида, баъд аз инқилоби Бухоро соли 1920 ба қатори муборизони роҳи таҳкими ҳокимияти шуроӣ дар Бухорои Шарқӣ шомил гардид. Аз соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини Артиши Сурх хизмат карда, ҳамчунин, дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе ширкати фаъолона дошт. Сипас, ба ҳайси Раиси Комиссияи фавқулодаи мутааддиди Бухорои Шарқӣ, Раиси КИМ Бухорои Шарқӣ ва Раиси Кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кард.

Нусратулло Махсум солҳои дар ин вазифа фаъолият кардан барои ташкили ҷумҳурии мустақили иттифоқии Тоҷикис­тон заминаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва миллию маданиро ба вуҷуд оварда, як қатор суннатҳои волои таърихию фарҳангии миллии тоҷиконро эҳё намуд.

Ин сарсупурдаи миллат ба гирдбоди таъқибот ва душмантарошҳои солҳои 30-юми асри ХХ афтода, 1-уми ноябри соли 1937 дар шаҳри Москва ба қатл расонида шуд. Пас аз гузашти 20 сол, моҳи декабри соли 1958, бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ Нусратулло Махсум сафед шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ номи ӯ аз нав барқарор гардид.

Нусратулло Махсум на танҳо дар умури сиёсию давлатдорӣ аз худ осори амиқе боқӣ гузошт, балки хонадони намунавӣ ба ёдгор монд ва фарзандони оқилу фозилеро ба воя расонд. Халқи тоҷик на танҳо бо номи ин қаҳрамони кишвар, балки бо кору пайкори фарзандони меҳнатдӯсту огоҳаш низ ифтихор менамояд. Фарзандони ӯ Хайринисо (1910-1978), Мунаввар (1911-1998), Анвар (1918-1941), Хосият (1925- 2007), Акбар (1928-2001) ва Музаффар (1937-2013) мебошанд.

Камина дар бораи ҳаёту фаъолияти ҳама фарзандони ин абармарди миллат маълумоти кофӣ надорам, вале фарзанди хурдии ӯ Музаффар Махсумовро хеле хуб мешинохтам. Солҳои донишҷӯӣ бо Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ доштам. Яке аз устодонам Музаффар Нусратуллоевич буд. Шодравон яке аз астрономҳои номвари собиқ ИҶШС ва Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Аз соли 1970 то соли 2010 дар вазифаи мудири шуъбаи сохтор ва динамикаи системаи ситораҳои Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият мекард. Солҳои 1977-1992 сарварии муассисаи мазкурро ба зимма дошт.

Самти ин астрофизики асил ба сохт ва динамикаи системаи ситораҳо ва физикаи галактикаҳо равона шуда буд. Дар заминаи мушоҳидаю тадқиқоти илмии худ беш аз 60 асари илмӣ-тадқиқотӣ ба нашр расонидааст. Бо ибораи дигар, устод Музаффар Махсумов ҳамчун фарзанди Қаҳрамони Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу фаъолияти пурсамараш ҳам ба рушди илми тоҷик мусоидат намуд ва ҳам руҳи падари бузургворашро шод гардонид.

Номи неки Қаҳрамони Тоҷикистон Нус­ратулло Махсум ҳамчун сиёсатмадори беҳамто, роҳбари ғамхори миллат, ватандӯсти асил, ки барои давлату миллати тоҷик хизмати беназир кардааст, ҳамеша дар қалбҳои мардуми мо боқӣ хоҳад монд.

Номвар ҚУРБОНОВ,

номзади илмҳои техникӣ

Ҳамчунин дигар маводҳо: