Ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
Бисту якуми августи соли 2026 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа, нахуст, масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба алоқаи ҳавоӣ байни онҳо ва мутаносибан берун аз ҳудудҳои онҳо», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маркази рушди саноатӣ» оид ба амалисозии лоиҳаи «Таъсиси кластери нассоҷии гурӯҳи ширкатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Паҳндара майнинг» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи коркарди сурма», «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб оид ба лоиҳаи «Рушди мактабҳо», «Дар хусуси Протоколи иҷроия ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои баргардонидани ноболиғон ба давлатҳои истиқомати доимии онҳо аз 7 октябри соли 2002», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КРИСТАЛЛ ГРИН ГЛАСС» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагӣ», «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси «Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон» аз 10 июни соли 2021», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд вобаста ба лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО «Роғун», марҳилаи II», «Дар хусуси Созишнома дар бораи таъсис ва мавриди амал қарор додани махзани маълумоти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) оид ба қочоқ ва қонунвайронкуниҳои гумрукӣ» ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар бораи шартҳои будубоши Фонди авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум пешниҳод шуданд.
Шурои Маҷлиси намояндагон вобаста ба масъалаҳо «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон», «Оид ба пас гардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иқтисоди рақамӣ», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов» ва «Оид ба баргардондани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Низомномаи Суди байналмилалии ҷиноятӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.
«Садои мардум»
Ҳамчунин дигар маводҳо:
